ТАҲЛИЛИ ФАЪОЛИЯТИ 47-СОЛАИ МЕҲНАТӢ/15.04.2019
Шуъбаи китобҳои соҳаи тибби Китобхонаи вилоятӣ бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа бо истифода аз махзани китобии шуъба ва ҷалби мутахассисони самтҳои гуногуни соҳаи тиб чорабиниҳои ҷолибу судманд ташкил ва баргузор менамояд. Охирин чорабинии аз тарафи кормандони шуъбаи мазкур баргузоршуда вохӯрие буд бо Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, табиби бемориҳои чашм Абдуллоев Раҳматҷон, ки ба муносибати 47-солагии фаъолиятии меҳнатии мавсуф доир гашт.
Аз гузоришу суҳбати ифодагари паҳлӯҳои фаъолияти касбӣ ва шахсияти табиб, ки аз тарафи сардухтури маркази табобати лазерии чашм Шарипов Фазлиддин, устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров – Олов Саидмуҳаммад, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Корвони Умед”-и шаҳри Истаравшан Махкамов Сайфулло, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи тандурустии вилояти Суғд Маллаев Олимхӯҷа, ходими давлатӣ, дотсент Шарипов Абдуҳаким, сардухтур Маркази вилоятии “Микроҷарроҳии чашм” Холматова Раъно, намояндаи ҷамъияти Дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар вилояти Суғд Солиҷонов Нодирҷон ироа шуд, донишманду соҳибтаҷриба ва дилсӯзу ғамхори ҷомеа будани табиби собиқадор маълум гашт. Суханронии Абдуллоев Раҳматҷон хеле мухтасар, аммо пуртаъсиру судманд барои насли нави табибон буд.
Аз оғоз то поён китобдори китобхона-филиали №4 Ҷӯраева Умеда садорати чорабиниро аз рӯйи барнома бар уҳда дошт. Дар ин вохӯрӣ, ки донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ низ ширкат намуданд, баҳраи фаровон аз файзи суҳбату нақлҳои гузоришгарон бардоштанд.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ