Он чи бо тоҷикон рух дод, як андоза ба африқоии пас аз истиқлол монанд аст. Ба тоҷикҳо як гӯшаи сангистони заминро ба мардуми бечора ва ҷафокашидааш тақдим карда, фармуданд, ки барои худ миллат бисозанд. Уилям Бимен. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... ... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.68

ҲАР РӮЗ РӮЗИ КИТОБ АСТ.../08.04.2019

Толори наврасону кӯдакони Китобхонаи вилоятӣ пас аз нисфирӯз пур аз хонандагон буд. Чунки дар доираи чорабиниҳои “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон” бо эҷодкорони осори бачагона вохӯрӣ доир гашт. Толибилмони синфи чоруми “Мактабии хусусии Рустамов”-и шаҳри Хуҷанд бо роҳбарии муаллимаи соҳибтаҷриба Мирзоҷонова Дилором ва сардори толори мазкур Собирова Дилрабо бо аҳли қалам суҳбат оростанд. Аз рӯйи нақшаи ҳамкорӣ хонандагон аз эҷодиёти ҳикоянавису гӯяндаи ашъори кӯдакон, омӯзгори МТМУ№50 деҳаи Қалъаи Дӯсти ноҳияи Деваштич Искандари Исломиён шеъру порчаҳо қироат карданд. Дар чорабинӣ хонандагон Абдураҳмонов Абдураҳмон, Нафисаи Равшан, Маҳмудхӯҷаева Меҳрона, Муҳсинов Абӯбакр, Абдуллоева Нодирахон, Додобоев Аслиддин, Раҳимхӯҷаева Азиза, Усмонова Муҳиба ва  дигарон ширкат варзида, соҳиби ҳадя–китобҳои шоири кӯдакон Фарҳод Вализода ва ифтихорномаҳои садорати Китобхонаи вилоятӣ гардиданд. Шеърхонии хонандагони синфи чоруми МТМУ№50 Қалъаи Дӯсти ноҳияи Деваштич – Миҷгонаи Ботур ва Мавлинаи Бахтиёр, ки бори аввал ба Китобхонаи вилоятӣ омада буданд, ҳамсолонашонро ба ваҷд овард.

Ба ғайр аз Искандари Исломиёну Фарҳод Вализода дар чорабинӣ ба саволҳои талабаҳо рӯзноманигору нависандаи ҳикояҳои ҳаҷвӣ Абдуҳамид Ҷӯраев низ ҷавоб гуфта, таманно кард, ки бояд ҳар рӯзи онҳо рӯзи китоб бошад.

Ҷонишини директор оид ба корҳои илмӣ-методӣ Ҳамробоева Мавзуна дар поёни суҳбат иштирокчиёни хурдсолро бо шарҳи мухтасари эълони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...”  ба ширкат дар он даъват намуд. 

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ