Он чи бо тоҷикон рух дод, як андоза ба африқоии пас аз истиқлол монанд аст. Ба тоҷикҳо як гӯшаи сангистони заминро ба мардуми бечора ва ҷафокашидааш тақдим карда, фармуданд, ки барои худ миллат бисозанд. Уилям Бимен. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... ... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.68

ТАРҒИБИ КИТОБҲОИ БАЧАГОНА ДАР МАКТАБҲО/08.04.2019

ТАРҒИБИ КИТОБҲОИ БАЧАГОНА ДАР МАКТАБҲО/08.04.2019итобдорони китобхона-филиалҳои шаҳри Хуҷанд бо ҷалби хонандагони синфҳои поёнӣ дар доираи Фестивали ҷумҳуривиявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон” чорабиниҳои гуногунмазмун доир карданд.

Дар толори МТМУ № 22 ба номи Ҷаббор Расулови шаҳри Хуҷанд бо ташабуси китобхона-филиали № 1 ва китобдорони муассиса чорабинии «Дунёи афсона» баргузор гардид. Дар чорабинӣ хонандагони синфҳои 4-5 ва омӯзгорони муассиса иштирок намуданд. Чорабиниро китобдори муассиса Ғафурова Кибриёхон ҳусни ифтитоҳ бахшид. Директори муассиса Саидова Зебунисо меҳмонон ва иштирокчиёни маҳфилро шодбош гуфт. Китобдори китохона-филиали № 1 Ҳайдарова Замира дар бораи мақсаду мароми китобдорон дар доираи чорабиниҳои  фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» маърӯза намуд. Аз тарафи хонандагони синфҳои 4-5 дар васфи Тоҷикистон, Пешвои миллат, Модар, Ватан, Истиқлолият қироат карда шуд.  Дар заминаи масалҳои нависандаи маъруфи рус А.И.Крилов саҳначаҳои «Рӯбоҳи ҳиллагар ва зоғ», «Хирси маллаи каҷпой» намоиш дода шуд. Китобдори китобхона-филиали №1 Холиқова Адиба дар доираи асарҳои дӯстдоштаашон бо хонандагон мубоҳисаи ҷолиб орост. Рақсу мусиқӣ ва суруд низ аз тарафи хонандагон ба иҷро расид. Ҷонишини сарвар оид ба тарбияи муассиса Алимова Фароғат чорабиниро ҷамъбаст намуд. Китобдорон ба иштирокчиёни фаъол китобчаҳо ҳадя карданд.

Ба ин монанд чорабиниҳо бо саъйи китобдори китобхона-филиали №4 Ҷӯраева Умеда дар МТМУ№3, китобдори китобхона-филиали №9  Подчоева Саодат дар МТМУ№2 дар сатҳи баланди касбӣ ташкил ва баргузор гашт.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ

 

ТАРҒИБИ КИТОБҲОИ БАЧАГОНА ДАР МАКТАБҲО/08.04.2019

ТАРҒИБИ КИТОБҲОИ БАЧАГОНА ДАР МАКТАБҲО/08.04.2019