ҲУЗУРИ ДАСТАҶАМЪОНАИ КУРСАНТОН ДАР КИТОБХОНА/05-08.04.2019
Баробари ба тасвиб расидани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” (9.02.2019, №АП–1165) дар шуъбаҳои хизматрасонии Китобхонаи вилоятӣ гӯшаҳои махсуси тарғибу ташвиқ созмон дода шуд. Гурӯҳе аз таълимгирандагони соли аввали таҳсили факултети №4 Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо роҳбарии капитани милитсия Абдубоқиева Нигора ба Китобхонаи вилоятӣ ҳузур оварда, бо Амри мазкур ва маводи гӯшаҳо шинос шуданд. Инчунин бо уҳдадориҳои хонандаи китоб, тарзҳои хизматрасонии китобдорон вобаста ба самти фаъолияти шуъбаҳо, усулҳои дарёфти китоби зарурӣ аз шуъбаҳо, тариқи кор бо феҳрасти китобхона, шароиту имкониятҳои мавҷуда барои мутолиа дар шуъбаҳо ошно гардиданд. Чанде аз таълимгирандагони соли аввали таҳсил, ки ҳамчун истифодабаранда – хонанда узви Китобхонаи вилоятӣ набуданд, ба қайд гирифта шуданд.
Бояд қайд кард, ки ин ҳузури дастаҷамъонаи муҳассилини Факултети №4 Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Китобхонаи вилоятӣ бори аввал нест. Таълимгирандагони солҳои таҳсили дуюму сеюму чорум дар давоми моҳҳои февралу март ҳамчун истифодабаранда–хонанда ба қайд гирифта шуда, китобҳои лозимиро барои мутолиа дастрас кардаанд. Яке аз онҳо хатмкунанда Давлатов Маснавӣ мебошад, ки санаи 6-уми апрел китобҳои “Ахлоқи ҳамида ва дастури давлатдорӣ”(аз нигоҳи Ҳусайн Воизи Кошифӣ; Душанбе, 2006)-и Аҳмадов Мирзо ва “История Таджикской ССР” (учебное пособие; Душанбе, 1965)-ро барои такмили рисолаи хатм ба мутолиа ва истифода гирифта, санаи 8-уми апрел бозгардондааст. Дар суҳбат ӯ гуфт, ки бо ҳамдарсонаш аз китобхонаи Факултети №4 низ босамар истифода мебарад.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ