Ин ҳақиқат аст, ки тоҷикон дар миёни қавмҳои Осиёи Марказӣ қавме комилан соҳибреша буда, аҷдоди қадимтарини ҷамъияти бумии он мебошанд. А.А. Семенов. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.67

ҒАМХОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РӮҲБАЛАНДИИ КИТОБДОРОН/05.04.2019

Озмуни «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018 дар ноҳ. Айнӣ ва шаҳри ПанҷакентТаърихи даврони Истиқлолият шоҳиди сол аз сол зиёдшавии таваҷҷуҳу ғамхории ҳукумати кишвар ба соҳаи фарҳанг, аз ҷумла ба китобхонаҳо мебошад. Саҳми боризи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари китобдӯст  дар ин самт қобили таҳсину офарин аст. Пешвои миллат  китобро баробари муқаддастарин арзишҳои миллӣ– Модар ва Ватан арҷгузорӣ намуданро дар аксар суханрониҳояшон таъкид меварзанд. Сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат дар даврони Истиқлолият боиси рушди тамоми соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Бунёди бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон, қабули як қатор қонунҳову барномаҳо дар соҳаи китобдорӣ, ба монанди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», «Дар бораи иттилоот», «Дар бораи ҳуқуқҳои муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи табъу нашр», “Барномаи рушди фаъолияти  китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2006-2015”, “Барномаи  рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020”,  «Барномаи компютерикунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ”  ва дигар санадҳои қабулгардида далели гуфтаҳои болоянд.

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» эълон ва вазифадор гардидани масъулони вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раёсату шуъбаҳои маориф ва дигар шахсон ҳодисаи фарҳангии фараҳбахш ва такондиҳандаи зеҳни миллӣ мебошад. Яке аз ҳадафҳои асосии эълон намудани озмуни мазкур ба мутоилаи китоб ҳарчи бештар ҷалб кардани оммаи васеи мардум, махсусан, наврасон ва ҷавонон мебошад, ки бори ояндаи дурахшони миллату давлатро бар дӯш доранд.

Кормандони Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ аз ин иқдомҳои ояндабинонаи Сарвари давлат рӯҳияи тоза гирифта, барои пешбурди соҳаи китобдорӣ ҳамарӯза саъю талош доранд. Онҳо тамоми василаҳоро барои тарғиби озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ва дар сатҳи баланди касбӣ баргузор намудани давраҳои ноҳиявиву вилоятии он ба кор мебаранд.

Дар даврони Истиқлолият садҳо иншооти дорои аҳамияти фарҳангидошта бунёд ва таъмиру навсозӣ гардиданд.  Яке аз чунин иншоотҳое, ки дар арафаи Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба фаъолияти он ҳусни ифтитоҳ бахшиданд, бинои нави Китобхонаи марказии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Осорхонаи “Курушкада”-и таърихӣ ва Мактаби мусиқии бачагонаи рақами 2 мебошад, ки бо тарҳи хеле зебои муосир бунёд  гардидааст.

Бинои замонавии китобхона дорои утоқҳои корӣ ва хизматрасонӣ буда, дар таҳхонаи он махзани китоб мавҷуд мебошад. Дар ошёнаи якуми он китобхонаи электронӣ, шуъбаҳои феҳрист,  хизматрасонӣ, толори васеи хониш бо мизу курсиҳои истеҳсоли ватанӣ барои 100 ҷойи нишаст муҷаҳҳаз гардонида шуда ва дар дохили он адабиёт оид ба дастовардҳои Истиқлолият, осору адабиёти шоирону нависандагони муосиру классики тоҷик, гӯшаи китобҳо оид ба Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 гирд оварда шудаанд.

Ҳамчунин  аз тарафи Президенти мамлакат дар ҷамоати Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  Қасри фарҳанг ифтитоҳ гардид, ки  он ҳам дорои китобхонаи замонавӣ буда, шуъбаи электронии он ба Интернети баландсуръат пайваст гардидааст. Дӯстдорони китоб метавонанд дар толорҳои барҳавои хониш аз хазинаи бузурги ин китобхона, ки бештар аз 5 ҳазор адабиёти гуногун дорад, истифода баранд.  Ҳангоми ифтитоҳи ин Қасри фарҳанг Пешвои миллат дар суханрониашон чунин таъкид карданд: “Зарур аст, ки ба масъалаи фаъолияти муназзами китобхонаҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, баргузории озмунҳои мухталифи фарҳангиву маърифатӣ, аз ҷумла мусобиқаҳои адабиву китобхонӣ ҳамчун воситаи ҷалби васеи ҷавонону наврасон ба фарҳангу маърифат, баланд бардоштани ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва завқи зебоипарастии онҳо эътибори ҷиддӣ дода шавад”.

Бо мақсади татбиқи ҳамин дастури Пешвои миллат кормандони Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ, ки ҳамчун маркази методии тамоми китобхонаҳои вилояти Суғд ба ҳисоб мераванд, пайваста азму талош доранд.

Ёрии методиву амалии онҳоро таи се моҳи сипаришуда дар китобхонаҳои навбунёдшудаи мазкур мисол овардан бамаврид аст.

Мутахассисони соҳаи китобдорӣ зери роҳбарии директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Мирсаидов Баҳром, муовинони директор оид ба корҳои хизматрасонӣ ва корҳои илмӣ-методӣ Ҳакимова Мунира ва Ҳамробоева Мавзуна, сардори шуъбаи кадрҳо Ҷалолова Мастура,  китобдорону китобшиносон Ғаффорова Раъно, Рабиева Рокия, Файзуллоева Зуҳро, Ҳошимова Мунаввар,  Ҳасанова Маҳфуза, Қосимова Малика ва дигарон дар ҷобаҷокунии махзан, тартибдиҳии шиору овезаҳо, ташкили гӯшаҳои намоишӣ, батанзимдарории феҳрист, инчунин барномагузорони шуъбаи электронӣ Файзуллоев Бахтиёр ва Хокироев Овлоқул дар бунёду заминагузории китобхонаи электронӣ саҳми худро гузоштанд.

Дар маҷмӯъ зиёда аз 40 нафар кормандони китобхонаи ба номи Тошхоҷа Асирӣ ба ноҳияи Спитамен сафарбар гардида, дар ҷобаҷокунии рафҳои китобмонӣ ва батартибдаровардани махзани ин китобхонаи навбунёд саҳм гузоштанд.

Бунёдсозӣ ва ба таври замонавӣ ҷиҳозонидани китобхонаҳои ноҳиявӣ, эълоншавии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...”, ки аз ғамхории бевоситаи Пешвои миллат сарчашма мегирад, китобдоронро боз ҳам рӯҳбаланд карда, дар иҷрои вазифаи пурмасъулият–хизматрасонии иттилоотиву фарҳангӣ боз ҳам масъултар мегардонад.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ