Осори бостонии ҳама шаҳрҳои Фарорӯду Хуросон баёнгари рӯшане аз хираду халлоқияти тоҷикон аст. А.А. Семенов. Манбаъ: Икромов Бободжон. Надвигается новая эпоха пантюркизма // Вароруд, №45 (81), 2003, 12 ноября.

АФСОНАИ ШИРИН– ПОЯИ ҲАҚИҚАТИ РАНГИН/04.04.2019

 

АФСОНАИ ШИРИН– ПОЯИ ҲАҚИҚАТИ РАНГИН

Дар доираи  фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасон» дар толори кӯдакон ва наврасон  маҳфили афсонахонии  «Дар меҳмонхонаи афсона» бо хонандагони синфи 4”в” МТМУ №5  баргузор гашт. Хонандагон ҳудуди даҳ дақиқаи аввал бо муҳити толор, китобҳои ба намоиш гузошташуда шинос шуданд. Баъд суҳбати сардори толори мазкур Собирова Дилраборо дар бораи афсонаҳои халқи тоҷик ва ҷаҳон бо диққати тамом гӯш карданд. Китобдор Рустамова Масъуда аз чигунагии афсона ҳамчун истилоҳи адабӣ ба хонандагон  маълумоти ҷолиб дод. Худи хонандаҳо бо нақли муҳтавои афсонаҳои шунидаву хонда ва аз оинаи нилгун тамошо кардаашон маҳфилро ранги тоза бахшиданд. Чанде аз онҳо дар заминаи афсонаи «Мурғ, мурғобӣ ва муш» нақшофарӣ карда, порчаеро намоиш доданд, ки писанди ҳамсолонашон гашт.

АФСОНАИ ШИРИН– ПОЯИ ҲАҚИҚАТИ РАНГИН

 

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ