Дар тоҷикон андешаи интернатсионалистӣ қавитар аз андешаи натсионалистӣ буда ва ҳаст. Навбаҳор Абдулғиёс. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 51

СЕ НУСХА КИТОБИ МУСАВВАР АЗ НИЖНИЙ НОВГОРОД / 03.04.2019

Аз шаҳри Нижний Новгороди Федератсияи Русия се нусха китоби мусаввар ба таври ройгон аз нашриёти “ДЕКОМ” бо мактуб ва имзои сармуҳаррир Я.И.Гройсман ба шуъбаи коркарди китоби Китобхонаи вилоятӣ ворид гардид.

 Китоби мусаввар  “Максим Горкий ва Нижний Новгород: дар иҳотаи осорхонаҳо” ("Максим Горький и Нижний Новгород: вокруг музеев" ) ном дошта, соли 2018 дар нашриёти “ДЕКОМ”  ба нашр расидааст. Китоби мазкур, ки бо санъати баланд ороиш ёфта, ба нашр расидааст, барандаи Шоҳҷоизаи Озмуни ХV “Санъати чопи китоб” дар байни давлатҳои ИДМ мебошад. Он аз се қисм иборат аст. Қисми аввал  “Осорхонаи адабии А.М. Горкий”, қисми дуюм “Осорхонаи давраи бачагии А.М.Горкий “Хонаи Каширин” ва қисми сеюм “Хона-музейи А.М.Горкий” ном дошта, бо забонҳои русӣ ва англисӣ таълиф шудааст.

Ин китоби мусаввар барои осорхонашиносон ва алоқамандони рӯзгору осори нависанда ва мутафаккири шӯравии рус Александр Максимович Горкий сарчашмаи муфид ба шумор меравад. Китоб дар рӯзҳои наздик баъд аз коркард дар дастраси истифодабарандагон қарор мегирад.

СЕ НУСХА КИТОБИ МУСАВВАР АЗ НИЖНИЙ НОВГОРОД/03.04.2019

СЕ НУСХА КИТОБИ МУСАВВАР АЗ НИЖНИЙ НОВГОРОД/03.04.2019

СЕ НУСХА КИТОБИ МУСАВВАР АЗ НИЖНИЙ НОВГОРОД/03.04.2019