Аз дари адолат бояд дар омад, ки тоҷикон то имрӯз аз пойдортарин миллат ба шумор мераванд, ба нудрат миллате чун тоҷикон бад‑ин шумораву шиддат заработеро рӯбарӯ шудаанд. Аммо каме фурсат кофӣ буд, ки ин миллат дубора ҷон бигирад. Н.Г. Павлов. Манбаъ: Амиршоҳӣ, Нурмуҳаммад. Давлатдории тоҷикон дар асрҳои ХI−ХIV.−Душанбе: Амри илм, 1999. –С.85‑86

НАМОИШ БАХШИДА БА РӮЗИ МАТБУОТ / 11.03.2019

НАМОИШ БАХШИДА БА РӮЗИ МАТБУОТ

Дар шуъбаи матбуоти даврӣ  бахшида ба Рӯзи матбуоти миллӣ бо ташаббуси кормандон намоиши кушоди матбуотӣ таҳти унвони «Қалами созанда – ҷавҳари пешрафт» ташкил гардид.

Масъули муаррифии намоиш– китобдори шуъба Ибодуллоева Раъно барои истифодабарандагон аз мазмуну мундариҷаи маҷаллаҳои тозавориди «Илм ва ҳаёт», «Масъалаҳои маориф», «Паёми Суғд», «Бонувони Тоҷикистон», «Фирӯза», «Тоҷикистон», «Садои Шарқ» ва ғайра иттилоъ дод.

Дар намоиш мақолоте, ки бахшида ба Рӯзи матбуот ва аҳамияти он дар ҷомеа ба нашр расидаанд, ба маърази тамошо гузошта шуд, ки номгӯи чанде аз онҳо дар поён оварда мешавад:

 

* Одинаева И. Рӯзи матбуоти тоҷик – нишоне аз соҳибдавлатии тоҷик [Матн]/ И Одинаева // Тоҷикистон. – 2018.–№3-4. –С. 11-12.

* Юсуфӣ, Т. Матбуот эътимоди халқро афзудааст [Матн]/Т. Юсуфӣ // Тирози ҷаҳон. –2015.–11-уми март.

* Бобоҷониён, А. Дирӯз ва имрӯзи иди мо [Матн]: таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик / А. Бобоҷониён // Сухани халқ.–2017.–8-уми март.

* Асрорӣ, М. Озодии сухан ва воситаҳои ахбори омма [Матн]/ М.Асрорӣ // Тоҷикистон.–2011.–№3-4. –С.19-21.

* Нуъмониён, М. Таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик [Матн]/ М.Нуъмониён //Маорифи Тоҷикистон.–2017.–№3. –С.39.

* Аскар, А. Тантанаи соҳибқаламон [Матн]: Ба истиқболи Рӯзи матбуоти тоҷик /А. Аскар // Фирӯза .–2016. –№3. –С.10.

* Муродӣ, М. Назаре ба сароғози матбуоти миллӣ [Матн]/ М.Муродӣ // Илм ваҳаёт. –2012. –№1-3. –С.10-11.

* Аскар, А. Қалам ҳамқадами замон аст [Матн]/А. Аскар // Тоҷикистон. –2014. –№3-4. –С.13.

* Рустамзода М. Рӯзноманигорони муаллим [Матн]: ба истиқболи Рӯзи матбуоти тоҷик / М. Рустамзода // Маърифати омӯзгор. –2017. –№3. –С.8-9.

* Муродӣ, М. Сафҳаи мондагори матбуоти тоҷик [Матн] / М. Муродӣ // Маърифати омӯзгор. –2017. –№3. – С. 10-11.

* Хусравбекова Г. Матбуот – рукни асосии ҷомеъа [Матн] / Г.Хусравбекова // Баҳори аҷам. –2018. 6-уми март.

* Шарифов Д. Матбуоти тоҷик – ҳамқадами ҳаёт [Матн] / Д.Шарифов // Баҳори аҷам. –2018. 6-уми март.

 

Алоқамандони таърихи матбуот маводи намоиши мазкурро дар шуъбаҳои матбуоти даврӣ ва маълумотдиҳӣ-библиографӣ дастрас ва мутолиа карда метавонанд.

НАМОИШ БАХШИДА БА РӮЗИ МАТБУОТ

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ