Ҷаҳони маънавии тоҷикон ҳамонанди ҳамаи ориёиён боз аст, ҳар кӣ метавонад ба осонӣ дарун ояд, вале ҳаргиз наметавонад аз он берун шавад. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

СУҲБАТ ДАР МАВЗӮИ ОБ / 04.03.2019

СУҲБАТ ДАР МАВЗӮИ ОБ

 
Дар шуъбаи толори хониш бахшида ба Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 бо донишҷӯёни макотиби олӣ, хонандагон ва истифодабарандагони касбу кори гуногун суҳбат доир гардид. Пеш аз оғози чорабинӣ аз тарафи кормандони шуъбаи электронӣ намоиши слайдӣ дар мавзӯи «Дарёҳои Тоҷикистон» пешкаши иштирокчиён шуд.

СУҲБАТ ДАР МАВЗӮИ ОБ

Сардори шуъбаи толори хониш Қурбонова Муҳайё дар доираи талошҳову ташаббусҳои барои тамоми инсоният судманди Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри эҳтирому арҷгузорӣ, истифодаи бамавриду сарфакоронаи об ва эълоншавии даҳсолаи нави байналмилалии об дар сайёра маърӯза кард. Китобдори дараҷаи II Расулова Дилноза дар бораи дарёҳои Тоҷикистон,  китобдори дараҷаи I шуъба Усмонова Сурайё бо истифода аз слайд хулосаи китобшиносӣ дар мавзӯи «Об – сарвати бебаҳо» ироа карда, аз муҳтавои китобҳои зерин маълумот дод: 

Муҳаббатов Х. Об – манбаи ҳаёт [Матн]/ Х.Муҳаббатов.–Душанбе: Ирфон, 2003.– 146 с.
Очилов Ҳ. Об ҳаёт аст. [Матн]/ Ҳ.Очилов.– Хуҷанд: Раҳим Ҷалил, 2003.– 190 с.
Аброров Ҳ. Тоҷикистон – кишвари кӯлҳои беназир [Матн]/ Ҳ.Аброров.– Душанбе: Деваштич, 2003.– 195 с.
Исоматов М. Об дар баррасиҳои таърихию этнографӣ [Матн] /М. Исоматов.–Душанбе: Сино, 2003.–100 с.
Аҳмадзода Р. Вилояти Суғд: захираҳои об ва истифодаи онҳо [Матн]/Р. Аҳмадзода.– Хуҷанд: Хуросон, 2018.– 450 с.
Усулҳои физикӣ- химиявии тозакунии об. [Матн]: дастури таълимӣ.– Хуҷанд: Хуросон, 2015.– 618 с.
Китобҳои мазкурро истифодабарандагон аз толори хониши Китобхонаи вилоятӣ дастрас карда метавонанд.

СУҲБАТ ДАР МАВЗӮИ ОБ

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ