Тоҷикон аз дурӯйӣ ва риё сахт безоранд, ба кинатӯзӣ одат надоранд. Навбаҳор Абдулғиёс. Манбаъ: Қубодиён, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98 с. –С.50

70-СОЛАГИИ ОВОЗХОНУ ОҲАНГСОЗИ ШИНОХТА/5.03.2019

70-СОЛАГИИ ОВОЗХОНУ ОҲАНГСОЗИ ШИНОХТАДар толори илмӣ-таълимӣ Тараннумгари шукӯҳи даврон” ном суҳбат бо ташаббуси шуъбаи китобҳои санъат ба муносибати 70-солагии овозхону оҳангсози шн, Ҳунарманди хизматнишондодаи ИҶШС Дона Баҳромов барпо гашт. Иштирокчиёни суҳбат– донишҷӯёни соли хониши аввали шуъбаи  китобдории факултети санъати ДДХ ба номи академик Б. Ғафуровро бо мақсади чорабинӣ, фаъолияти эҷодии ин сароянда, рӯзноманигору публисист сардори шуъба Машҳура Умарова ва китобдор Дадоҷонова Шоира ошно намуданд.  Онҳо ёдовар шуданд, ки Дона Баҳром созанда ва овозхони композитсияи мусиқӣ аз рӯи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва шеъри Муъмин Қаноат «Бародарам» мебошад ва ин асарҳо дар Радиою Телевизиони кишвар садо дода, мақбули шунавандагону тамошобинон гаштааст. Дар идома сабти видеои таронаи Дона Баҳромов «Дидам нигори худро» (шеъри Ҷалолуддини Балхии Румӣ) ба муҳассилин намоиш дода шуд, ки дар дастрас кардан ва ба намоиш гузоштани сурудҳо корманди шуъбаи иттилоотӣ-компютерӣ Дадобоева Масъудахон ва сардори шуъбаи электронии китобхона Турсунова Муҳайё саҳм гузоштанд.

Ошноӣ бо номаи зиндагӣ ва фаъолияти ҳунарии пусамари Дона Баҳром дар дили иштирокчиёни ҷавон завқу рағбат ба суруду сухан ва эҳтироми санъату ҳунарро боз ҳам афзунтар кард.

70-СОЛАГИИ ОВОЗХОНУ ОҲАНГСОЗИ ШИНОХТА

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ