КИТОБИ ШАРИФ ҲАМДАМПУР ДАР ДАСТИ ХОНАНДАГОН / 04.03.2019
Санаи 1-уми март дар оғози фасли баҳор рӯзноманигори шинохта, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Шариф Ҳамдампур панҷ нусха китоби навашро бо номи “Тоҷикон дар суҳбати Ғафуров бо Сталин” барои хонандагони Китобхонаи вилоятӣ ҳадя намуд. Муовини директор оид ба корҳои хизматрасонӣ Ҳакимова Мунира аз номи Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ ва истифодабарандагон ба муаллиф барои ройгон дастрас кардани китобаш миннатдорӣ намуд.
Маводу асноди таърихиро муаллиф аз ҳамнишинону ҳамкорон, ҳамсафарони Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров ва бойгониҳо гирдоварӣ карда, бо номгузориҳои ҷолиб дар китоб паси ҳам ҷойгир намуда, барои ба ҳам пайванд додани онҳо равишҳои хуби ифодаи матлабро ба кор гирифтааст. Китоби мазкур аз 180 саҳифа иборат буда, соли 2018 дар шаҳри Душанбе ба нашр расидааст. Он барои боз ҳам дақиқтару комилтар шинохтани шахсияти Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров хизмат карда метавонад.
***
Дар ҷустуҷӯи Рӯдакӣ
Бобоҷон Ғафуров шаҳр ба шаҳр, деҳа ба деҳа мардони фозил, аҳли илму адаб, фориғуттаҳсилони мактаби куҳнаро меҷуст. Агар огаҳ мешуд, ки дар деҳае олиме сукунат дорад, шахсан он ҷо сафар мекард ва бо ӯ суҳбат меорост. Ӯ хуб медонист, давлате, ки ба аҳли илм ва фарҳанг такя намекунад, фардояш норӯшан аст. Шуҳрати мардуми тоҷикро дар эҳё ва рушди фарҳангаш мебинад.
Пайдо кардани қабри Асосгузори адабиёти форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ яке аз хизматҳои бузурги Бобоҷон Ғафуров аст. Ӯ дар ин кор устод Садриддин Айнӣ ва М. Герасимовро ҷалб мекунад. Марҳилаи аввал аз маъхазҳои таърихӣ ҷамъ овардани санад ва аз сухани мардум пайдо кардани макони дафни Одамушшуаро буд. Чун сухан аз музофоти Самарқанд будани зодгоҳи устод Рӯдакӣ мерафт, котиби якуми КП шаҳри Панҷакент Шарофи Муҳаммадӣ низ ба ин кор ҷалб мешавад. Ӯ дар деҳаи Кулолӣ (дар маркази ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ ва Ворӯ қарор дорад) мардони фозили ҳар ду дараро ҷамъ меоварад. Яке аз фозилони диёр Мулло Ато буданд, ки чил сол дар Бухоро таҳсил доштанд ва ҳамдарси устод Садриддин Айнӣ муаарифӣ мешуданд. Ӯ дастур медиҳад, ҳар санаде, ҳар ривояте, ки аз рӯзгори Рӯдакӣ дастрасашон аст, ҷамъ оваранд. Мулло Ато савол мекунанд, ки Бобоҷон Ғафурову Садриддин Айнӣ кай ба дараи Киштут ташриф меоранд? «Ҳафтаи дигар»,– мегӯяд Шарофи Муҳаммадӣ. Ҳафтаи дигар Бобоҷон Ғафуров, Садриддин Айнӣ, М. Герасимов ва чанд нафари дигар ба ин диёр меоянд. Ба истиқболи онҳо мардуми зиёде ҷамъ омада буданд. Миёни онҳо Мулло Ато, ки дар даст китоби бузурги муқовааш сиёҳ доштанд, низ буданд. Чун сухан аз макони зисти Одамушшуаро рафт, он кас аз ҷой боло шуданд ва пораеро аз он китоб қироат карданд, ки аз деҳаи Панҷрӯд будани Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро собит месохт. Устод Айнӣ аз ҷой боло шуданд, назди Мулло Ато омаданд ва китобро ба даст гирифтанд. Он пораро гаштаю баргашта мутолиа карданд ва аз хурсандӣ китобро бӯсиданду Мулло Аторо ба оғӯш гирифтанд. Бобоҷон Ғафуров ҳам аз хурсандӣ Шарофи Муҳаммадиро ба канор гирифтанд. Герасимов бо чанд марди солхӯрдаи деҳа рӯй ба мазоре овард, ки сокинони диёр макони муқад- дас меҳисобиданд ва зиёратгоҳи мардуми водӣ буд. Аввалин зоғнӯлро ба қабр Бобомурод ном сокини деҳа мезанад. Баъд аз чанд лаҳза садои хурсандӣ танин меандозад. Мувофиқи ривоятҳо дар шафати қабри Рӯдакӣ тифле дар хок хуфта буд. Устухони кӯдак берун меояд. Кори баъдӣ мисли заргарӣ нозуку ҳассос буд. Герасимов дохили қабр мешавад. Хокро нарм-нарм бо кафи даст аз устухонҳо ҷудо ва ба халтаи сафеде ҷой мекунад. Герасимов шаб дар хонаи Насриддини Зоҳид хоб мекунад. Ҳолдонон мегӯянд, ки он шаб ӯ халтаи устухонро болини хоб сохта буд.
Он шаб бошад ё шаби дигар Бобоҷон Ғафуров дар хонаи Қудрати Барака, деҳаи Зери Ҳисор, меҳмони мардуми диёр мешаванд. Дар ин бора борҳо падарам Ҳамдами Ниёз нақл карда буданд. Миёни мардуми фозили диёр, ки ҷамъ омада буданд, Мулло Ато низ буданд. Бобоҷон Ғафуров Мулло Аторо даъват мекунанд, ки ба Душанбе, Академияи илмҳо ба кор оянд. Падарам мегӯянд, ки Мулло Ато сарашонро хам карданд ва бо нармӣ гуфтанд: “Дар Душанбе салларо намепазиранд, ман тоқӣ пӯшида наметавонам”
Сарчашма: Ҳамдампур, Шариф. Тоҷикон дар суҳбати Ғафуров бо Сталин.–Душанбе, 2018.–160 с.–С.40-42
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ