Ҷаҳони маънавии тоҷикон ҳамонанди ҳамаи ориёиён боз аст, ҳар кӣ метавонад ба осонӣ дарун ояд, вале ҳаргиз наметавонад аз он берун шавад. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

ҲУНАРНАМОИИ КИТОБДОРОН ДАР РӮЗИ МОДАР/ 04.03.2019

Ҳунарнамоии китобдорон дар рӯзи модар

Маҳфили идонае, ки китобдорони китобхона-филиалҳо ва шуъбаҳои хизматрасонии Китобхонаи вилоятӣ дар толори Кохи фарҳанги №2 шаҳри Хуҷанд баргузор карданд, бо сухани табрикии собиқадори соҳаи фарҳанг Атохоҷаева Туҳфа ҳусни оғоз пазируфт. Ҳамкорӣ, ҳузуру истиқболи гарми сармутахасиси фарҳанги шаҳри Хуҷанд Шарипова Зайнурахон, масъули кумитаи занҳои маҳалаи 34 Негматҷонова Муҳаббат аз иқдоми китобдорон маҳфилро обу ранги тоза бахшид.  Иштирокчиёни навраси маҳфил–бонувону модарони оянда пеш аз тамошои слайди  «Зан – фариштаи осмонӣ», ки китобдори китобхона-филиали №1 Ҳайдарова Замира барояшон намоиш дод, бо китобҳову маҷаллаҳои ифодагари ҳаёту фаъолияти занони барҷастаи соҳаҳои гуногун ошно гаштанд.

Маҳфилоро–гардонандаи барнома китобдори  китобхона-филиали №4 Ҷўраева Умеда навбатро ба ихтиёри китобдорони шеърхон Собирова Дилрабо, Почоева Саодат, Ёқубова Гавҳар, Зоҳидова Замира гузошт, ки модарро бо шеъру гуфторҳо ба ситоиш гиранд. Дуторнавозии навозанда Баҳридинов Мирзоқадриддин таҳти мусиқии «Чашми шаҳло», ҳунарнамоии санъаткорони навраси Мактаби бачагонаи санъату мусиқии №3 ба номи Наримон Каримов бо рақси кӯлобӣ зери роҳбарии Раҳматова Нигина, бо доиранавозии доирадастони моҳир сабаби афзудани ҳусни маҳфил шуд. Китобдорон ҳам намоиши ҷолиберо дар мавзӯи мақоми модар дар оила ва тарбияи фарзандону ҳамсарони онҳо ба иҷро расонданд, ки бо ин васила ҳунари нақшофариву санъатдӯстияшон мавриди доварии ҳамкасбону фарҳангиён қарор гирифт.

  Дар поёни маҳфил бонувони Китобхонаи вилоятӣ барои хотира аксҳо гирифта, ҳамдигарро ба Рӯзи модар табрику таҳният гуфтанд.

Ҳунарнамоии китобдорон дар рӯзи модар

 

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ