Пажўҳишгарони рус, аз ҷумла, Кун А.Л., Наливкин В.П., Гертнер А., Гребенкин А.Д., Буняковский А.К. ин маъниро таъкид кардаанд, ки қадимтарин аҳолии бумии Фарғона тоҷикон мебошанд. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... –Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 29

НАШРИ ДУЮМИ МАҶМӮА БАРОИ КИТОБДОРОН/1.03.2019

НАШРИ ДУЮМИ МАҶМӮА БАРОИ КИТОБДОРОН

Моҳи декабри соли 2016 барои китобдорон “Маҷмӯаи саволу ҷавоб, тест ва гуфтор оид ба китоб, китобдорӣ ва китобшиносӣ” барои китобдорони китобхонаҳои вилояти Суғд дар ҳаҷми 84 саҳифа ба нашр расида буд, ки аз тарафи устодони соҳаи китобшиносӣ дар пойтахти кишвар баҳои баланд гирифт.

Баъди нашри аввал китобдорону китобшиносон ва методистон тайи фаъолияти ҳамарӯза маводу маълумоти тозаеро гирдоварӣ намуда, заминаеро барои такмили маҷмӯаи мазкур фароҳам оварданд. Инак нашри дуюми он бо такмилу иловаҳо дар ҳаҷми 144 саҳифа зери назару таҳрири номзади илмҳои филологӣ, Аълочии фарҳанг, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирсаидов Баҳром тавассути нашриёти “Меъроҷ” аз чоп баромад.

Дар ин маҷмӯа саволу ҷавобҳо ва тестҳо оид ба самтҳои гуногуни соҳаи китобшиносӣ – таърихи китобу китобсозӣ, истилоҳоти умумиистеъмолӣ, фароҳамоварӣ ва коркарди китоб, феҳраст, корҳои маълумотдиҳӣ-библиографӣ, илмӣ-методӣ, мубодилавӣ-захиравӣ ва маҳфуздорӣ, махзани китобӣ, иттилоотӣ-компютерӣ, электронӣ ва хизматрасонӣ фароҳам омадаанд.

Барои тарғиби китобу китобхонӣ гуфтору ашъори бузургон перомуни арзиши олии китобу китобдорӣ дар маҷмӯа гирдоварӣ шудааст.

Аз маҷмӯа китобдорону китобшиносон, таълимгирандагони бахши китобдории коллеҷҳои санъат, донишҷӯёни факултетҳои китобшиносӣ-иттилоотшиносӣ, филологӣ, шарқшиносӣ, таърих, педагогикаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, омӯзгорону хонандагони макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дӯстдорони китоб истифода бурда метавонанд.

НАМУНА АЗ ГУФТОРҲОИ БУЗУРГОН ДАР БОРАИ КИТОБ:

Ҷинояте вазнинтар аз китобсўзӣ нахондани он аст.

Рэй Брэдбери

Китоб муаллими безабон аст.

Афлотун

Мебояд китобро эҳтиром намоем, ба ин маъбади муқаддас бо иззату икром ворид гардем.

Александр Иванович Гертсен

Китоб рафиқи пирӣ ва муршиди ҷавонист.

Самюэл Смайлс

Кишваратро ё ба василаи китоб ё бо чашмони худ дида метавонӣ.

Михаил Василевич Ломоносов

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ