Дасти тоҷикон дар ҳар ҷое, ки буда, замини хушку ношодобро ба замини шодобу шод табдил сохтааст. Навбаҳор Абдуғиёс. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.362

ЁДЕ АЗ ДАНДОНПИЗИШКИ НАВОВАР / 26.02.2019

ЁДЕ АЗ ДАНДОНПИЗИШКИ НАВОВАР

Дар шуъбаи китобҳои тиб ба муносибати 60-солагии ёдбуди табиби дандонпизишк, техник-дандонсози дараҷаи олӣ, шодравон Раҳимов Муродҷон суҳбат бо хонандагони доимӣ барпо шуд.  Суҳбатро сардори шуъба Раҷабова Марҳабо оғоз карда, ёдовар шуд, ки  китобдорон дар ҷараёни хизматрасонии ҳамарӯза на фақат ба тарғиби китобҳои соҳаи тиб машғуланд, балки дар  шиносонидани кормандони собиқадори соҳаи тиб саҳми арзанда доранд. Китобдори шуъба Қаюмова Фирӯза роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти касбии дандонпизишки мазкур бо истифода аз  “Қомуси тибби вилояти Суғд” (Қисми 2.–Хуҷанд: Анис, 2016 .–1740 с.–С. 913-914) маълумот дод, ки фишурдаи он ба таври зайл аст:

ЁДЕ АЗ ДАНДОНПИЗИШКИ НАВОВАР

Раҳимов Муродҷон (26.02.1959–2014) хатмкардаи мактаби миёнаи №20 шаҳри Хуҷанд (1976), таҳсилкардаи шуъбаи дандонсозии Омӯзишгоҳи тиббии ба номи академик А. И. Павлови шаҳри Хуҷанд (1978) буда, солҳои 1978-1989 дар дармонгоҳи  вилоятӣ ҳамчун  духтури амрози дандону ковокии даҳон фаъолият бурда, соли 1989  бо дастгирии роҳбарияти Беморхонаи  клиникавии вилоятӣ  аввалин маротиба ҳуҷраи махсуси дандонсозӣ таъсис дода  ва то соли 2004 дар он ҷо барои ҳифзи тандурустии аҳолӣ ва табобати беморон хизмат кард. Таҷрибаандӯзӣ дар Донишкадаи такмили ихтисоси дандонсозии Москваи  Федератсияи  Русия, таҳсил дар  Донишкадаи тиҷорат ва савдои  шаҳри Душанбе ба ин дандонпизишки навовару ташаббускор барои таъсиси Маркази табобатии  дандон – «Дента» дар мавзеи Панҷшанбе (2001) заминаи мусоиде фароҳам овард.  Минбаъд доманаи хизматрасонии тиббии замонавияшро дар ин соҳа вусъат дода, соли 2004 дар Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилоятӣ  дандондармонии кӯдаконро роҳандозӣ намуд. Соли 2012 дар Беморхонаи клиникавии вилоятии Суғд  шуъбаи   эндоурология – эндоҷарроҳӣ таъсис дод, ки он имрӯз ҳам дар   хизмати мардум аст.  Баъди  даргузашти ӯ фарзандонаш Шоиста ва Музаффар касби ӯро идома дида истодаанд. Иқдому ташаббус, хизматҳои  ин табиби навовар имрӯз ҳам аз тарафи дандонпизишкон мавриди эътирофу пайравӣ қарор дорад.

Иштирокчиён–донишҷӯён дар поёни суҳбат ба гузоришгарон доир ба шахсияти марҳум, фаъолияти касбӣ, ташаббусҳои ӯ саволу ҷавоб намуда, доираи маълумоташро дар соҳаи дандонсозии замонавӣ васеъ карданд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ