Он чи бо тоҷикон рух дод, як андоза ба африқоии пас аз истиқлол монанд аст. Ба тоҷикҳо як гӯшаи сангистони заминро ба мардуми бечора ва ҷафокашидааш тақдим карда, фармуданд, ки барои худ миллат бисозанд. Уилям Бимен. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... ... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.68

НАМОИШИ МАТБУОТӢ БА МУНОСИБАТИ 65-СОЛАГИИ “МИЛИСАИ ЖУРНАЛИСТОН” / 25.02.2019

НАМОИШИ МАТБУОТӢ БА МУНОСИБАТИ 65-СОЛАГИИ “МИЛИСАИ ЖУРНАЛИСТОН”Дар шуъбаи матбуоти даврӣ  ба муносибати 65-солагии рӯзноманигор, барандаи Ҷоизаи Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон ба номи Абулқосими Лоҳутӣ, Мақсуди Ҳусайн (Ҳусейнов Мақсудҷон)  намоиши  матбуотӣ ташкил карда шуд. Мақсад аз ташкил намудани намоиш шинос намудани истифодабарандагон, хусусан донишҷўёни шуъбаи рӯзноманигорӣ бо шахсият ва фаъолияти эҷодии қаламкаши мазкур мебошад.

Мақсуди Ҳусейн 28-уми феврали соли 1954 ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Ленинобод (Б. Ғафуров) ба дунё омадааст. Соли 1976 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро  хатм намуда, аз соли 1976 то 1991 ба ҳайси мусаҳҳеҳ, мудири шуъбаи рӯзномаи ҷумҳуриявии “Тоҷикистони сурх” (“Ҷумҳурият”) фаъолият бурдааст. Солҳои 1991-92 муовини сармуҳаррири нашриёти Бунёди забон – Сомон буд. Солҳои 1992-93 мухбири рӯзномаи “Ҳафтганҷ”, аз соли 1994-97 мухбири махсуси рўзномаи “Садои мардум”, солҳои пеш аз даргузашт (соли 2000) ҳамчун мухбири ҳафтаномаи “Чархи гардун” қаламфарсоӣ мекард.

Вай дар соҳаи суратгирии рӯзноманигорон (фотожурналистика) низ ҳунари эҷодиашро санҷида буд. Муаллифи китоб ва маҷмӯаи очеркҳои  “Дӯстон”(Душанбе, 1982), “Суҳбат бо табиат” (Душанбе, 1989), “Дар ҷустуҷӯи Булбули Ҳофиз” (Душанбе, 1991) мебошад.

 

ҲАМҚАЛАМОН ДАР СИТОИШУ ЁДИ МАҚСУДИ ҲУСАЙН:

 

 Гоҳ-гоҳе шӯхиомез ӯро милисаи журналистон ном мегирифтанд, зеро аввалин навовариҳо ва хабарҳои рӯзро аз ҳама пеш аз ӯ мешуниданд.

Ҷалолиддин САДРИДДИН

Мақсудҷон бо малакаи касбии бо малакаи касбии хабарнигорӣ ва санъати аккосӣ худро ҳамчун яке аз рӯзноманигорони воқеӣ муаррифӣ намуд.

Иброҳим УСМОНОВ

Бисёр масъулиятноку ҳалолкор буд ва боре надидаам, ки супоришеро рад кунад ва ё аз уҳдаи иҷрояш набаромада бошад.

Мирзомаҳмуд МИРБОБОЕВ

Агар хоҳем, ки бо журналистика бошем, бояд Мақсудвор журналистикаро дӯст дорем.

Раҷаби МИРЗО

Насли нави журналистика бояд мисли Мақсуд Ҳусейн ҷонсупори журналистика бошад.

Хуршеди АТОВУЛЛО

То ҳанӯз чақ-чақи мошинкаи Падар дар гӯшам садо медиҳад.

Ҷамила ҲУСЕЙНОВА

Заҳматҳо, дидадароӣ, базлагӯиҳо, якрӯию якзабонӣ ба Мақсудҷон шуҳрат бахшид.

Иззатбеки ИДИЗОД

Мақсуд дар вафою дӯстӣ ҳамто надошт... Мероси гузоштааш номи ӯро дар китоби журналистикаи тоҷик не дар аввалу не дар охир, балки чун гуле дар байни дафтар абадӣ гузоштааст.

Иззатбеки ИДИЗОД

Ӯ журналисти сермаҳсултарин ба ҳисоб мерафт. Дар ҳар идораи эҷодӣ кор мекард, он ҷо фазои хуби муошират ва кору заҳмат буд.

Кароматуллоҳи АҲМАД

 

МАҚОЛАҲО ДАР БОРАИ ШАХСИЯТ ВА ФАЪОЛИЯТИ МАҚСУДИ ҲУСЕЙН

 

* Садриддин, Ҷ. Равоншод Мақсуди Ҳусейн 55-сола шуд [Матн]/ Ҷ. Садриддин  // Чархи гардун.–2009.–5 март

* Идизод, И. Ӯ қарз медод, вале…[Матн]: Ёдбуди Мақсуди Ҳусейн/ И Идизод // Тоҷикистон.–2016.–2 март

* Аҳмад , К.Рақами хайр кашиду асари хайр гузошт [Матн]:бахшида ба 55-солагии Мақсуди Ҳусейн/ К. Аҳмад // Тоҷикистон.–2009.–5 март

* Шариф, М.  Поси хотири Мақсуд Ҳусейнов [Матн]/М. Шариф // Омӯзгор.–2009. – 6 март

* Садриддин, Ҷ. Номи хешро дар қатори бузургон гузошт[Матн]: бахшида ба ёдбуди  Мақсуд Ҳусейнов / Ҷ. Садриддин // Садои мардум.–2009.–11 март           

 

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ