ҲАМКОРИИ КИТОБДОРОНУ ОМӮЗГОРОН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ / 22.02.2019
Китобдорони китобхонаҳо-филилаҳои шаҳри Хуҷанд дар ҳамдастӣ бо омӯзгорони МТМУ №3 ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ – 26-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар осорхонаи муассисаи таълимии мазкур маҳфили маърифатии “Ҳомиёни Ватан”-ро баргузор карданд. Гардонандаи маҳфил китобдори китобхона-филиали №4 Ҷӯраева У. бо сухани ифтитоҳӣ ҳамагонро ба ин муносибат шодбош гуфта, иштирокчиёнро бо барномаи чорабинӣ ошно кард. Слайди ҷолибу таъсирбахш пешкаши аҳли нишаст гардид. Китобдори филиали №1 Ҳайдарова З. ва хонандагони синфҳои болоӣ панду андарзҳоро дар васфи Ватан қироат карданд.
Дар бораи ташаккулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон китобдори китобхона-филиали №9 Подчоева С. маълумот дод. Хонандагони мактаб саҳначаеро бо номи “Гусел ба хизмати ҳарбӣ” ба намоиш гузоштанд. Китобдорон Қосимова М. ва Норматова С. Хонандагонро бо таърихи мавҷудияти гарнизони ҳарбии 03377 шинос намуданд. Суҳбати хотирмону муфид миёни афсарони гарнизони ҳарбӣ ва толибилмон сурат гирифт, ки дар ёди онҳо якумр нақш хоҳад баст. Дар хотимаи маҳфил туҳфаҳои хотиравии китобдорону хонандагон ба меҳмонон бо дасти сардори осорхонаи МТМУ №3 Ахмедов Муҳаммадназир тақдим гардид.