Теъдоди тоҷикони ҷаҳонро то 44 миллион ҳам гуфтаанд. Манбаъ: Шарифов, Ҳасанбой. Тоҷикони бурунмарзӣ: таърихи пошхӯрӣ ва аҳволи ҳозира.Чопи дуюм.−Хуҷанд: Раҳим Ҷалил, 1999. –С.13

Оҳангсози маҳбуби дилҳо / 20.02.2019

Оҳангсози маҳбуби дилҳоСабзанов Яхиэл Рафоэлович 20-уми феврали соли 1929 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе (1949), сипас факултети назариявию оҳангсозии Консерваторияи давлатии Тошкандро (1949-55, дар синфи профессор Ю.Н.Тюлин ва сонитар дар назди Г.А.Мушел) хатм намуд. Муаллими Омӯзишгоҳи мусиқии ш.Душанбе (1955-59, 1973-77), сармуҳаррири Сарредаксияи мусиқии телевизиони тоҷик(1959-63), муҳаррири коллегияи репертуарии Вазорати маданияти РСС Тоҷикистон. (1962-68), мудири кафедраи мусиқишиносии Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода (1977-80). Сабзанов солҳои 90 аз Тоҷикистон кӯчид. Муаллифи асарҳо барои оркестри созҳои халқӣ, суруду романсҳо, песаҳо барои созҳои ҷудогонаи мусиқӣ (зиёда аз 100), мусиқии спектаклҳо, кинофилмҳо мебошад. Сабзанов якчанд маҷмӯаи мусиқиро низ тартиб додааст: «Оҳангҳо бар ашъори Лоҳутӣ» (1962), «Оҳангҳо бар ашъори Ҳофиз»(1971), «Суруд ва романсҳои композиторони Тоҷикистон»(1974, 1977), «Суруди бачаҳо» (1977), «Хрестоматияи партитураҳои бастакорони Тоҷикистон» (1984).

Ба муносибати 90-солагии бастакор, Арбоби ҳунари Иттиҳоди Шӯравӣ Яхиэля Сабзанов дар шуъбаи санъат таҳти унвони «Оҳангсози маҳбуби дилҳо» намоиши китобӣ ташкил карда шуд. Дар намоиш чунин китобҳо гузошта шуд:

1.Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик [Матн] / Душанбе: 2004.– саҳ.75.

2.Сабзанов, Я. Р. Сурудҳо барои мактаббачагон [Нота–Матн] / Я. Р. Сабзанов.–Душанбе: Маориф, 1989.– 126 с.

3. Сабзанов, Я. Ҳафт пьесаҳои хурд барои фортепиано [Нота] / Я. Сабзанов.– Душанбе: Ирфон, 1967.–17 с.

4.Оҳангҳои мусиқӣ ба ашъори Ҳофиз [Нота–Матн] / Душанбе: 1971.–106 саҳ.

5.Яихель Сабзанов. Аз қадат гардам [Нота–Матн]: тарона / Сабзанов Я.–Сталинобод: 1960.– 9 саҳ.

6. Сабзанов, Я. Зебоии ҳаёт [Нота–Матн] / Я. Сабзанов.– Душанбе: 1961.– 11 саҳ.

7. Сабзанов, Я. Концерт барои фортепиано бо оркестр [Нота] / Я. Сабзанов.– Душанбе: Ирфон, 1986.– 52 саҳ.

8. Сабзанов, Я. Суруди мо [Нота–Матн] / Я. Сабзанов. – Душанбе: Адиб, 1990.– 158 саҳ.

9. Сабзанов, Я. Родной Таджикистан [Нота–Текст] : песни для детей / Я. Сабзанов.– Москва: 1989.– 39 стр.

10. Сабзанов, Я. «Огни Нурека» [Нота–Текст]: оратория для сопрано, тенора, смешанного хора и большого симпонического оркестра / Я. Сабзанов.– Москва: 1978.– 101 стр.