МАШВАРАТИ КИТОБДОРОНИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН / 20.02.2019
Дар толори китобхонаи марказии шаҳри Гулистон машварати омӯзишии китобдорони Китобхонаҳои системаи марказонидашудаи шаҳри Гулистон директори китобхонаи марказии мазкур Мирзоева Биомина ва мутахассисони Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ – сардори шуъбаи илмӣ-методӣ Қаландаров Абдулазиз, мушовири шуъбаи илмӣ-методӣ Ҳоҷибоева Хайринисо бо китобдорон суҳбату машварат гузаронданд.
Мавзӯи асосии машварат баррасии натиҷаҳои фаъолияти китобдорон дар соли 2018 ва нақшаи чорабиниҳои китобхонаҳои шаҳри Гулистон дар соли 2019 буд, ки мутахассисону китобдорон дар ин бор байни табодули назар намуданд.
Таъкид шуд, ки китобдорон барои татбиқи чорабиниҳои дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба нақша гирифташуда маҳорату малакаи касбияшонро истифода баранд. Дар рафти суҳбат китобдорон барои ҳалли масъалаҳои мавҷудаи китобхонаҳояшон ба мутахассисон муроҷиат намуданд. Аз ҷумла, сардори шуъбаи китобҳои бачагонаи Китобхонаи марказии шаҳр Султоналиева Ш. оид ба тасвири библиографӣ, роҳҳои дурусти пур кардани он ва китобдори китобхона-филиали №2 шаҳраки Чорухдаррон Садикбаева Мавҷуда дар бораи баргардондани китобҳои қарздор, ба қайдгирӣ, санадсозӣ ва аз махзан хориҷ кардани китобҳои фарсудаю гумшуда савол дода, ҷавоб гирифтанд.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ