Тоҷикон дар асри Х устод Рӯдакӣ барин доҳии забон ва санъатро расонданд, ки тамоми халқҳои форсизабон аз адабиёти оламшумули худ аз ин устод миннатдор аст. Садриддин Айнӣ. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.42

АШЪОРИ АБДУҶАЛИЛ ВОСИТЗОДА ДАР РӮЗНОМАВУ МАҶАЛЛАҲО / 20.02.2019

АШЪОРИ АБДУҶАЛИЛ ВОСИТЗОДА ДАР РӮЗНОМАВУ МАҶАЛЛАҲО

Ба муносибати 90-солагии рӯзноманигор, шоиру тарҷумон, Корманди шоистаи Тоҷикистон Абдуҷалил Воситзода намоиши матбуотӣ бо иштироки васеи истифодабарандагон баргузор гардид. Сардори шуъбаи матбуоти даврӣ Ҳусейнова Муҳаббат дар оғози намоиш ба тариқи суҳбат бо мақсади чорабинӣ онҳоро шинос кард. Варақгардонии саҳифаҳои зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии шоиру рӯзноманигори мавсуфро барои иштирокчиён саркитобдори шуъбаи мазкур Садриддинова Замира ба уҳда гирифта, муҳтавои чанде аз намунаҳои ашъори шоир ва мақолаҳои ба намоиш гузошташударо баён кард.
АШЪОРИ АБДУҶАЛИЛ ВОСИТЗОДА ДАР РӮЗНОМАВУ МАҶАЛЛАҲОИстифодабарандаи доимии шуъбаи матбуоти даврӣ, донишҷӯи соли аввали Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд Хайтқулов Ҷасур дар саволу ҷавоб ширкат намуда, роҷеъ ба мақоми рӯзноманигор андешаашро иброз дошт. Ба иштирокчиён маълум карда шуд, ки дар шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ феҳристи мақолаву ашъор, тарҷумаҳои Абдуҷалил Воситзода мавҷуд аст ва истифода аз он имкони маълумоти густардае дар ин бора ба даст оварданро фароҳам меоварад.  Дар бораи Абдуҷалил Воситзода дар шуъбаҳои матбуоти даврӣ ва маълумотдиҳӣ-библиографӣ аз ҷумла маводи зеринро дастрас намудан мумкин аст:

 Воситзода, А.   Ватанпараст [Матн]: Шеър[о /А Воситзода  // Хуҷанд.–2005.–№4.– С.2-3

Воситзода, А. Шоири ҷанговар [Матн]: Шеър / А Воситзода  // Хуҷанд.–2004.–№9.–С.66-67

Воситзода , А. Надидааст [Матн]: Шеър / А Воситзода   // Ҳақиқати Суғд.–2009.–22август

 Воситзода А. Ёди айёми наврасӣ [Матн] / А. Воситзода // Тирози ҷаҳон.–2009.–22 июл

Воситзода А. Кистам? Гиромӣ дор чун савганд [Матн]: Шеърҳо / А. Воситзода // Ҳақиқати Суғд.–2009.–14 феврал

Воситзода А. 50-сол дар майдони эҷод [Матн]: Шеърҳо /А. Воситзода  // Тирози ҷаҳон .–2004.–18-феврал

Сударшон. Дили зан [Матн]: аз ҳиндӣ тарҷума А Воситзода// Тирози ҷаҳон .–2015.–10-июн

Атаева К. Ҷаҳоне дар дили шоир [Матн]: Ба истиқболи 85-солагии шоир А. Воситзода / К. Атаева // Тирози ҷаҳон.–2014.–19-феврал

Аҳмадзода Н. Нур дар оинаи дил [Матн]: Дар бораи шоир А.Воситзода / Н. Аҳмадзода  // Тирози ҷаҳон.–2005.–8-июн

Шариф Н. Ҷӯш занад чашмаи илҳоматон [Матн]: Бахшида ба 70-солагии шоир А. Воситзода / Н. Шариф // Тирози ҷаҳон.–1999.–23-феврал