НИГИНИ САҲНАИ ТЕАТР / 19.02.2018
Саҳми шуъбаи китобҳои соҳаи санъати Китобхонаи вилоятӣ дар гиромидошти афроди барӯманди санъати кино ва театри тоҷик, таблиғу ташвиқи зиндагидӯстӣ, зебоипарастии ҷомеа зиёд мебошад. Бо эҳтимоми китобдорони ин шуъба на фақат маҳфили “Меҳмонхонаи мусиқӣ”, балки дигар чорабиниҳои сирф китобхонавӣ, аз қабили суҳбату вохӯрӣ, лавҳаи китобхонавӣ, намоиши китобҳо, муаррифии китобҳои тозаворид, хулосаҳо ва тавсияҳои библиографӣ дар сатҳи хуб роҳандозӣ мегардад.
Яке аз чунин чорабиниҳои соҳавӣ бо номи “Нигини саҳнаи театр” ба муносибати 80-солагии сароянда, Ҳунарманди хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон Тӯхта Иброҳимова баргузор гардид. Дар ҳузури гурӯҳи гуногуни хонандагону донишҷӯён, устодону омӯзгорон сардори шуъбаи мазкур Машҳура Умарова бо истифода аз слайди шомили аксҳо ва сабтҳои овозӣ дар бораи фаъолияти эҷодии Тӯхта Иброҳимова ва саҳми он дар рушди театри тоҷик маълумоти муфассал дод.
Дар охири суҳбат иштирокдорон андешаҳояшонро доир ба шахсияти ин ҳунарманд ва чорабиниҳои ҷолиби китобхонавӣ баён намуданд. Аз ҷумла, профессор, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, мутахассиси соҳаи ҳайкалтарошӣ Саидалӣ Шералиев ба ташкилкунандагони суҳбат арзи сипос баён карда, таъкид намуд, ки барпосозии ин гуна чорабиниҳо омили вусъатбахшии ҷаҳонбинии эстетикии хонандагону донишҷӯён мегардад.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ