РӮЗИ ҲАДЯИ КИТОБ БА КӮДАКОН / 14.02.2019
Китобҳои бадеиву илмии ба манфиати одамон нигаронидашуда сипари маънавиест, ки ҳастӣ ва инсониятро аз тирҳои ҳаводис дар давраҳои гуногуни таърихӣ ҳимоят карда омадааст. Барои ба китобхониву китобдӯстӣ одат намудани одамон лозим аст, ки онҳо аз хурдӣ бо сарчашмаи дониш унсу улфат дошта бошанд. Аз соли 2012 инҷониб бо ташаббуси таъсисдиҳандаи сомонаи китобҳои бачагона дар ИМА, бонуи амрикоӣ Эмми Бродмур дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии Ҳадяи китоб ба кӯдакон баргузор карда мешавад. Дар ин рӯз падару модарон, калонсолон ба кӯдакону наврасон китобҳои бачагона ҳадя мекунанд. Ба ин муносибат китобдори китобхона-филиали №2 дар МТМУ №14 бо хонандагони синфи 3 “а” бо роҳбарии муаллима Турсунова Дилафрӯз ва синфи 4 “а” Зоҳидова Каромат дар ин мавзӯъ суҳбат оростанд.
Китобдори китобхона-филиали №2 Қосимова Малика дар бораи аҳамияти китоб дар рушди маънавиёти талабаҳои синфҳои поёнӣ ва китобдор Дадобоева Мавҷуда дар мавзӯи “Тоҷикистон – макони биҳиштосо” ба талабаҳо маълумоти ҷолиб дода, бо онҳо дар мавриди китобу китобхонӣ, ватану ватандӯстӣ савобу ҷавоб гузарониданд. Китобдорон ба хонандагони фаъоли китобхона-филиал китобҳо тақдим карда, якчанд нафар хонанданро ба китобхона аъзо карданд.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ