Он чи бо тоҷикон рух дод, як андоза ба африқоии пас аз истиқлол монанд аст. Ба тоҷикҳо як гӯшаи сангистони заминро ба мардуми бечора ва ҷафокашидааш тақдим карда, фармуданд, ки барои худ миллат бисозанд. Уилям Бимен. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... ... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.68

СУҲБАТ БО ДОНИШҶӮЁН / 11.02.2019

СУҲБАТ БО ДОНИШҶӮЁНҶомеа дар ҳар соҳа ба мутахассис бовар карда, бар асоси раҳнамоиҳои он корҳои худро ба анҷом мерасонад. Ҳар давра барои ҷамъият инсонҳои бузургро мепарварад, ки кору номи онҳо даҳсолаҳо баъд низ ёдоварӣ ва таблиғ мегардад. Яке аз чунин афрод Абдуғафур Самадов мебошад, ки таҷрибаи кории ӯ дар соҳаи кишоварзӣ, хусусан пахтакорӣ имрӯз ҳам мавриди ташвиқ қарор мегирад. Номбурда соли 16-уми феврали соли 1909 дар деҳаи Ғӯлакандози волости Ғӯлакандози уезди Хуҷанд, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Солҳои 1928-1932 коргари «Дилварзинстрой», солҳои 1932-1938 аввал узви хоҷагӣ ва баъд раиси колхози ба номи М.И. Калинини ноҳияи Пролетар (Ҷаббор Расулов) буд.
СУҲБАТ БО ДОНИШҶӮЁНБарои хизматҳои бисёрсолаи софдилона ва бенуқсон ӯ бо 4 ордени Инқилоби Октябр, се ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳо, Ифтихорномаҳои Ҳукуматӣ мукофотонида шудааст. Вайро ҳамчун устоди пахта, ки ду маротиба соҳиби унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ шудааст, мешиносанд. Таҷрибаҳои кории ин “академики замин” дар самти парвариши пахта ва баланд бардоштани ҳосилнокии он аз ҳар ҷиҳат шоистаи омӯзишу татбиқ мебошад. Ба муносибати  110-солагии  Абдуғафур Самадов кормандони шуъбаи техникӣ ва кишоварзӣ дар ҳамдастӣ бо устодони кафедраи маҳсулоти ғизоӣ ва агротехнологияи  Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ суҳбат доир намуданд. Мавзӯъ ва мақсади суҳбатро ба донишҷӯёни соли хониши якуму сеюм китобдори  шуъбаи техникӣ ва кишоварзӣ Ҷабборова Мавзуна фаҳмонда, онҳоро бо мухтасар зиндагӣ ва фаъолияти касбии Абдуғафуро Самадов дар соҳаи агротехникӣ ошно кард.
СУҲБАТ БО ДОНИШҶӮЁНДар идома дотсенти кафедраи мазкур Сайфуллоев Толмас Хайруллоевич, ки таҷрибаомўзии донишҷӯияш таҳти роҳбарии Абдуғафур Самадов гузаштааст, дар бораи донишу таҷрибаи кории устоди пахта нақлҳои ҷолиб намуд. Ассисенти кафедраи мазкур Усмонова Марҳабо  Яҳёевна низ аз донистаҳои худ дар ин мавзӯъ шогирдонашро шинос кард. Ҳасанов Сипеҳр донишҷӯи соли сеюми таҳсили факултети агротехнология, ки бо пасовандон – идомадиҳандагони касби Абдуғафур Самадов риштаи дӯстӣ дорад, дар суҳбаташ тарзи корбарии онҳоро бо замин ва коркарди минбаъдаи маҳсулоти кишоварзӣ алоҳида ёдовар шуд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ