5 НУСХА КИТОБ АЗ БЕЛОРУССИЯ/24.01.2019
Китоб пайкест, ки марзҳои ҷуғрофиро рахна мекунад, то инсонҳоро ба ҳам пайвандад. Китоб, аз он ки сарчашмаи донишу хирад аст, дӯстиву рафоқатро байни мардуми бофарҳанги олам ташвиқ менамояд. Аз ин рӯ, барои нашри китоб озмунҳои байналмилалӣ дар ҳар гӯшаву канори сайёраи Замин ташкил ва баргузор мегардад ва беҳтарин китобро барандагони ҷоиза дубора бо теъдоди зиёд нашр мекунанд.
Яке аз чунин китобҳои соҳибҷоиза “Кӣ ин ҷо меояд?”-и Янка Купала мебошад, ки соли 2018 барандаи Шоҳҷоизаи озмуни байналмилалии “Санъати китоб”-и кишварҳои узви ИДМ гашт. Китоби мазкур фарогири тарҷумаи як шеъри маъруфи шоири халқии Белорус Янка Купала – “Кӣ ин ҷо меояд?” ба 101 забон аст, ки онро нашриёти «Энсиклопедияи Белоруссия ба номи Петруся Бровки» тибқи шартнома аз Фонди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ ба чоп расондааст.
Панҷ нусха аз ин китоб бо мактуби расмии директори нашриёти мазкур ба Китобхонаи вилоятӣ ворид шуд. Дар саҳифаи 151-уми он тарҷумаи тоҷикии шеъри “А хто там iдзе” ба қалами шоири маъруф Лоиқ Шералӣ омадааст.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ