САДА – ҶАШНИ АҶДОДӢ / 24.01.2019
Сада ҷашнест, ки гузаштагони мо онро то замони нуфуз ва решагирии фарҳанги исломӣ бо иҷрои расму анъанаҳои хос таҷлил мекарданд. Оташ афрӯхтан ва хурсандӣ кардан дар атрофи он яке аз русуми то замони мо омада расидаи ин ҷашн мебошад.
Бо мақсади тарғиби китобҳо ва мақолаҳои роҷеъ ба ҷашни Сада таълифшуда дар саҳни ошёнаи дуюми Китобхонаи вилоятӣ китобу маҷаллаҳо ба намоиш гузошта шуд.
Аз он ки ҳамвора Пешвои миллат дар самти эҳёи ҷашну анъанаҳои ниёгон, ба вижа Сада дар суханрониву Паёмҳо миллати тоҷик ва сокинони кишварро пайваста ба худшиносиву худогоҳӣ дастур медиҳанд ва, илова бар ин, дастовардҳои бузурги таърихии миллати тоҷик ҳосили сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи ин абармарди сулҳовару ваҳдатофар аст, дар канори намоиши мазкур ду намоиш бо номҳои “Китобҳо оид ба дастовардҳои Истиқлолят” ва “Осори Пешвои миллат” ҳам мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бо маводи намоиш истифодабарандагони доимии китобхона ва иштирокчиёни Ҷаласаи ҳайати мушовараи Раёсати фарҳанги вилояти Суғд ошно шуданд. Китобдорон Норматова Зуҳро, Садриддинова Замира, Рустамова Гулбаҳор, Восидова Мақсадҷон барои чанде аз истифодабарандагон баъзе аз маводро муаррифӣ карда, онҳоро барои дарёфти маълумоти бештар дар ин мавзӯъ раҳнамоӣ карданд.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ