«ФАРЗАНДОНИ ДИЁРИ САРБАЛАНД»– ЭНСИКЛОПЕДИЯИ МАРДУМӢ / 11.01.2019
Деҳаи Шамтучи ноҳияи Айнӣ мисли дигар деҳаву шаҳрҳои кишвари азизамон диёри фарзандони барӯманде мисли Муҳиддин Олимпур (1946-1995) аст, ки имрӯз аксарияти онҳо номбардорони миллат мебошанд. Нишон додани чеҳраи онон барои оммаи васеъ, хусусан насли нав омили муҳими тарбиявӣ дорад. Шиносоӣ бо кору фаъолияти онон таваҷҷуҳи ҷомеаро аз буда беш ба фарҳангу дониш ва ватандӯстиву инсонгароӣ равона месозад. Омӯзгори собиқадори деҳаи мазкур Муҳаммадлатиф Каримзода, ки марде донишдӯсту фарҳангпарвар мебошад, соли 2015 китоберо аз таърихи зодгоҳаш, хусусан рушди маорифу фарҳанг, анъанаву русуми сокинони он бо номи “Деҳе дар домани сапедадам” (Душанбе: Деваштич, 2006.–198 с.) ба нашр расонд. Номбурда қисми энсиклопедии китоби мазкурро соли 2018 бо маводи нав такмил дода, онро бо номи “Фарзандони диёри сарбаланд” мунташир сохт ва нусхаеро барои Китобхонаи вилоятӣ низ ирсол кард.
Ин асари энсиклопедӣ бо пешгуфтори доктори илмҳои таърих, профессор Ҳамза Камол ва бо дастгирии молиявии афроди саховатпеша Зарифов Шоҳрух, инчунин ба Аминов Илҳом, Зарифов Саидқул, Каримов Искандар, Аминов Умедҷон дар ҳаҷми 408 саҳифа дар матбааи ҶДММ “Бебок” поёни соли 2018 аз чоп баромад. Таҳиягар (муаллиф) кӯшиш кардааст, ки афроди номоварро вобаста ба самти фаъолияти илмиву эҷодӣ дар қисмҳову бобҳои алоҳида ҷой диҳад. Ин энсиклопедияи мардумӣ сарчашмаи хубе барои библиографҳои китобхонаҳо буда, дар таҳияи “Тақвими санаҳои ҳумоюнӣ” ва такмили феҳристи кишваршиносӣ хидмат карда метавонад. Дар саҳифаҳои 164-170 ин асар роҷеъ ба суратгиру рӯзноманигори машҳури тоҷик Муҳиддин Олимпур маълумоти муфассал дода шудааст, ки хонандагонро бо зиндагии ин зиёии беназири тоҷик ошно месозад.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ