Китобҳои тозаворид - 18.01.2019
1.Аз баҳор то хазон. Маҷмӯаи мақола, очерк, ҳикояҳои рӯзноманигори собиқадор, Корманди хизматнишондодаи маданияти ҶШС Тоҷикистон Муқим Абдураҳмонов аст, ки дар ҳаҷми 320 саҳифа дар нашриёти Набӣ Фахрии шаҳри Конибодом соли 2018 ба нашр расидааст. Асари мазкурро адабиётшинос Субҳони Аъзамзод таҳия намуда, бар он пешгуфтор навиштааст. Ин асар аз панҷ бахш иборат буда, дар бахши аввали хотироти муаллиф дар бораи устодону дӯстону ҳамкоронаш гирдоварӣ шудааст. Бахши дувум шомили қиссаву ҳикояҳо, бахши севум фарогири очерку мақолаҳо мебошад. Дар бахши чорум маводи дар гиромидошти Муқим Абдураҳмонов бақаламомада ва дар бахши панҷум аксҳо аз зиндагии рӯзноманигори мазкур ҷой дода шудааст. Ин маҷмӯа барои оммаи васеъ пешкаш шуда, хусусан барои рӯзноманигорон ва қаламкашони ҷавон маводи хуби омӯзишӣ мебошад.
Порча аз ҳикояи “Мо одам намешавем!” (ба ҳавои ҳикояи ҳамноми Азиз Несин):
Кӣ гуфт, ки мо одам мешавем? Кӣ исбот кардааст, ки мо ягон вақт одам барин зиндагӣ карда метавонем? Кӣ дидааст, ки боре ҳам гуфторамон ба рафторамон баробар омада бошад? Оё касе шунидааст, ки мо ягон маротиба “тут” гуфта, “тут” навишта бошем? Не, мо ҳамеша “тут” гуфта, “бед” менависему “бед” гуфта “тут” менависем. Бале, мо ҳамин хел тоифаем, ки ҳеч вақт одам намешавем...
Барои мутолиаи идомаи ҳикоя ба китоби мазкур, саҳифаҳои 199-202 муроҷиат карда метавонед.
2. Розҳои паси парда. Китоби нави журналист ва нависандаи публитсист Муҳиддин Музаффаров аст, ки соли 2018 дар ҳаҷми 192 саҳифа тавассути нашриёти “Ношир”-и шаҳри Хуҷанд аз чоп баромадааст. Дар ин китоб навиштаҳои муаллиф дар бораи лабораторияи эҷодии Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод ва Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ фароҳам омадааст. Китоб ба оммаи васеъ, хусусан ба аҳли ҳунару адабиёт бештар ҷолиби диққат ва мутолиа аст.
Порча аз бахши “Дурахши барқи илҳом”:
Ҳам тӯй, ҳам ҷаноза
Дар манзили Нурмуҳаммад Ниёзӣ, воқеъ дар соҳили дарёи Сир чор нафар: шоир ва дӯстонаш Мавлониддин Пӯлодзода, Нарзуллоҷон Ҳабибов, Муҳиддин Музаффар суҳбат доштанд. Ҳамин вақт ба Нурмуҳаммад занг мешавад. Ӯ баъди гуфтугӯи телефонӣ ба дӯстон рӯй оварда: “Соати панҷ ҷаноза будааст” мегӯяду бадоҳатан илова менамояд:
Ҳар рӯз байти тоза,
Ё тӯй, ё ҷаноза.
Ҳамин вақт ба Муҳиддин Музаффар занг мешавад. Ӯ ба телефон: “Меравам, албатта меравам. Тӯй табрик!”– мегӯяду ба Нурмуҳаммад рӯй меоварад:
–Дӯстам, агар иҷозат бошад, ба ҳозира байти худрӯятон андак тағйирот дарорем.
–Канӣ, канӣ?
Муҳиддин Музаффар мегӯяд:
Ҳар рӯз байти тоза,
Ҳам тӯй, ҳам ҷаноза.
Нарзуллоҷон Ҳабибоб шӯхиомез илова менамояд:
–Муҳиддинҷон, Шумо, ки раиси маҳалла, ҳам раиси танзим ҳастед, ҳам ба тӯй меравед, ҳам ба ҷаноза.
Ба ин монанд порчаҳои лутфомезро аз ҳаёти Шоири халқии Тоҷикистон, равоншод Нурмуҳаммад Ниёзӣ дар китоби мазкур, саҳифаҳои 102-124 барои мутолиа пайдо карда метавонед.
3. Ашки мармар. Китоби бонуи зиёӣ ва соҳибқалами ҳақҷӯву ҳақгӯ ва ҳақнавис, узви Асотсиатсияи соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақлиётчии фахрии Вазорати нақлиёт Наҷотхон Исомаддинова мебошад, ки дар ҳаҷми 351 саҳифа дар нашриёти Набӣ Фахрии шаҳри Конибодом соли 2018 мунташир шудааст. Китоб давоми мантиқии нигоштаи ҳуҷҷатии “Сиришки хунин” мебошад.
Порча аз охири “Ашки мармар”
...Пас оё месазад, ки бо чунин ҳол худро ба кӯйи расвоиву шармандагӣ зад? Оё месазад, ки аз худ дар кунҷи хона қаҳрамон тарошиду дар майдон ба найранг пардохт?
Ман яқин ҳисоб кардам, ки наздик ба 80 нафар мардон бо муқобили як зан тӯли 14 сол мубориза бурдаанд. Офаринашон бод! Қанадашона зананд ин шумораи мардони майдон!
Аз Конфутсий пурсидаанд:
–Дуруст аст, ки ба бадӣ бо хубӣ ҷавоб диҳӣ?
Ӯ дар посух гуфт:
–Ба хубӣ бо хубӣ бояд ҷавоб дод, ба бадӣ бошад аз рӯйи адолат.
Сабабҳои ин мубориза ва шахсияти муборизонро пас аз мутолиаи пурраи китоби “Ашки мармар” метавонед барои худатон муайян созед.
4. Гули руйи хорасанг. Қиссаи воқеӣ аз зиндагии корманди масъули Вазорати маорифи ҶШС Тоҷикистон, мудири маорифи вилояти Кӯлоб, шаҳрҳои Панҷакент, Исфара, ҷонишини раиси комиҷроияи шаҳри Исфара, нахустин муҳаррири рӯзномаи «Коммунисти Исфара» (ҳоло «Насими Исфара») Ибниямин Исомиддинзода мебошад, ки онро рӯзноманигору нависанда Мавлониддин Пӯлодзода ба қалам овардааст. Китоб дар ҳаҷми 351 саҳифа дар нашриёти Набӣ Фахрии шаҳри Конибодом соли 2017 мунташир шуда, акнун ба Китобхонаи вилоятӣ ворид гардид.
Порча аз қисми “Мактаби сезабона”
(аз забони Шукурҷон Муҳаммадниёзови конибодомӣ–муаллими Ибниямини хурдсол)
Бинои дониш чор сутун дорад. Онро “чор “коф” меноманд. Косаи модар “коф”-и якум, кисаи падар “коф”-и дуюм, кашиши устод “коф2”-и сеюм, кӯшиши шогирд “коф”-и чорум. Аз ин “чор “коф” яке набошад, дониш ба даст намеояд.
Косаи модар ин нону хӯрок мебошад, ки модари мушфиқу меҳрубони шумо пухта, шикаматонро сер мекунад, сару тан, пӯшокатонро мешӯяд.
Хӯрокворӣ, либосу пойафзол, асбобу анҷоми хониш, ҳамаи он чизҳое, ки барои зиндагии шумо зарур аст, бе кисаи падар, яъне пулу чизи ранҷ кашида ёфтаи ин шахси ғамхору сардори хонавода дастрас намешавад.
Агар устод, омӯзгор дониши бисёр дошта бошаду онро бо тарзи шавқовару фаҳмо дода тавонад, завқи донишомӯзии шогирдон бедор мешавад, онҳоро ба сӯи худ кашида метавонад.
Шогирд бояд пайваста кӯшиш кунад, илму дониш ба даст орад.
Оғоз ва идомаи ин порчаи ҷолиби андарзнокро аз китоби мазкур мутолиа карда метавонед.
5. Рушди инсонӣ– асоси зиндагии шоиста. Маҷмӯаи мақолаҳои дотсент, номзади илми иқтисод Одилбой Қосидов аст, ки онҳоро тайи солҳои 2005-2018 таълиф кардааст. Китоб аз тарафи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тодикистон ба ифтихори 80-солагии муаллиф соли 2018 дар ҳаҷми 220 саҳифа тавассути нашриёти “Ношир” чоп ва аз тарафи муаллиф бо соядаст ба Китобхона туҳфа шудааст.
Порча аз мақолаи илмӣ-омории “Бекорӣ ва оқибатҳои он”
...Бекорӣ одамонро аз ҷойи кор маҳрум намуда, имкон намедиҳад, ки онҳо дар ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ қобилияти физиологӣ ва тахассуснокии худро нишон дода, корҳои фоиданокро иҷро ё неъматҳои модди заруриро истеҳсол намоянд. Аз ин рӯ, оқибати бекориро ба ду гурӯҳи мустақил: иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҷудо кардан мумкин аст...
Шакли пурраи ин мақоларо дар китоби мазкур ёфта, мутолиа карда метавонед.