Меҳри Ватан ва табиати он дар дили тоҷикон решаи амиқ дорад ва ҳаргиз ба осони ватани маълуфашонро фаромӯш намекунанд. Навбаҳор Абдуғиёс. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.362

ДУ НАМОИШ ДАР ТОЛОРИ ХОНИШ / 05-07.01.2019

Толори хониш аз серхонандатарин шуъбаҳои китобхона мебошад, ки китобдорон бо иситифода аз махзани он ҳамарӯза ба даҳҳо нафар китобхонҳо хизматрасонӣ менамоянд. Ташкил ва баргузории чорабиниҳои ба раванди мутолиаи китобхонҳо халал ворид насозанда дар шуъбаи мазкур, хусусан намоиши китобӣ аз ҳар ҷиҳат мувофиқ мебошад. Бо дарки ҳамин афзалият санаҳои 5-ум ва 7-уми январ китобдорон ба муносибати 90-солагии шоиру тарҷумон Ғаффор Мирзо ва 95-солагии адиб Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ намоиш ташкил карда, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

 

МАВОД АЗ НАМОИШИ “СУХАНСОЗИ МУМТОЗ”

МУХТАСАРИ ТАРҶУМАИ ҲОЛИ ҒАФФОР МИРЗО


МАВОД АЗ НАМОИШИ “СУХАНСОЗИ МУМТОЗ”Ғаффор Мирзо 5-уми январи соли 1929 дар деҳаи Даҳани Шоли ноҳияи Ховалинг зода шудааст. Соли 1949 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм ва чанде муаллимӣ кардааст. Муддате корманди моҳномаи «Шарқи Сурх» будааст. Соли 1956 Курси олии адабиётро дар Маскав ба поён расонда, солҳои тӯлонӣ котиби масъули Кумитаи ҷумҳуриявии муҳофизони сулҳ будааст. Асарҳояш аз солҳои 40-уми асри мозӣ чоп шудаанд. Муаллифи маҷмӯаҳои ашъори «Аз самими дил» (1952), «Ҳазор раҳмат» (1954), «Дил дар кафи даст» (1962), «Аз гаҳвора то майдон» (1981), достонҳои «Асрор» (1957), «Тоҷи давлат» (1958), «366 паҳлӯ» (дар чаҳор қисм; 1963, 1964, 1970, 1972), «Нору Нур» (1972), дуҷилдаи осор (1979-1980), романи манзуми «Фарзанди ҳукумат» (1983) ва ғ. мебошад. Барои бачагон асарҳои марғубе навиштааст, ки «Санговдавак» (1953), «Баррача рӯяд аз замин» (1953), «Чилдухтарон» (1956), «Гунҷишкак» (1961, 1964), «Достак» (1961, 1965), «Шайтони бекафшу маҳсӣ» (1963, 1964), «Як қатра Офтоб» (1965), «Кадом ҳунар беҳтар аст?» (1971), «Гулҳои дастабаста» (1974) ва ғ. аз он шумуланд. Дар матбуот чанд ҳикояи хубаш чоп шудааст. Очеркҳояш дар байни хонандагон маълуму машҳуранд, ки дар маҷмӯаҳои «Сафари диёри дӯстон» (1960), «Ҷовидонӣ» (1965) ва «Меҳнат мукофот аст» (1977) гирд омадаанд. Анқариб даҳ маҷмӯаи ашъораш дар нашрияҳои бонуфузи Маскав ба русӣ ба табъ расидаанд. Шеърҳои алоҳидааш ба бисёр забонҳо тарҷума ва чоп шудаанд. Осори алоҳидаи В. Маяковский, Н. Некрасов, Ш. Петефи, Н. Ҳикмат, А. Сурков, П. Воронко, А. Твардовский ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст. Чанд мақолае, ки дар бораи масоили рушду камоли адабиёт ва забони тоҷикӣ навиштааст, бесуд набудаанд.Шоири халқии Тоҷикистон (1994).Аз соли 1952 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.26-уми августи соли 2006 вафот кардааст.

Манбаъ: Адибони Тоҷикистон [Матн]: Маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ. Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим.–Душанбе: Адиб, 2014.– 320 с.–С.128

 

ОСОРИ ҒАФФОР МИРЗО ДАР ТОЛОРИ ХОНИШ

Мирзо, Ғаффор. Чилу чор чароғ [Матн] / Ғ.Мирзо.- Душанбе: Адиб, 1988. – 160 с.

Мирзо,Ғаффор. Се саду шасту шаш паҳлӯ. Китоби сейум [Матн] / Ғ.Мирзо. – Душанбе: Ирфон, 1968.- 148 с.

Мирзо,Ғаффор. Се саду шасту шаш паҳлӯ. Китоби чорӯм [Матн] / Ғ.Мирзо. – Душанбе: Ирфон, 1972. – 128 с.

Мирзо,Ғаффор. Як қатра офтоб [Матн] / Ғ. Мирзо. – Маориф, 1965. – 45 с.

Мирзо, Ғаффор. Пеш-пеши нур [Матн] / Ғ.Мирзо. – Душанбе: Адиб, 1989. – 208 с.

Мирзо, Ғаффор. Нору Нур [Матн]  / Ғ.Мирзо. – Душанбе: Ирфон, 1976. – 176 с.

Мирзо, Ғаффор. Ашъори мунтахаб. Китоби аввал [Матн] / Ғ. Мирзо.- Душанбе: Ирфон, 1979. – 352 с.

Мирзо, Ғаффор. Маҷмӯи ашъор. Китоби дуввум [Матн] / Ғ.Мирзо. – Душанбе: Ирфон, 1980. – 294 с.

Мирзо, Ғаффор. Меҳри Мубориз [Матн] / Ғ. Мирзо. – Душанбе: Ирфон, 1978. – 112 с.

Мирзо, Ғаффор. Аз гаҳвора то майдон [Матн] / Ғ.Мирзо. – Душанбе: Маориф, 1981. – 224 с.

Мирзо, Ғаффор. Асрор [Матн] / Ғ.Мирзо. – Сталинобод: Далатии Тоҷикистон, 1957. – 156 с.

Мирзо, Ғаффор. Меҳнат мукофот аст [Матн] /Ғ.Мирзо. – Душанбе: Ирфон, 1977.- 368 с.

Мирзо, Ғаффор. Рӯи сурх [Матн] / Ғ.Мирзо. – Душанбе: Ирфон, 1971.- 192 с.

Мирзо, Ғаффор. Ҳангомаи дидор [Матн] / Ғ.Мирзо. – Душанбе: Ирфон, 1984. – 143 с.

ҒАФФОР МИРЗО ДАР САРЧАШМАҲО:

Адибони Тоҷикистон [Матн]: Маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ. Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим.–Душанбе: Адиб, 2014.– 320 с.–С.128

Писатели Таджикистана [Текст] / Под редак. С.Ховари. – Душанбе: Ирфон, 1986. – 512 с.–С.127

Энсиклопедияи советии тоҷик. Ҷилди 8 [Матн] / Сармуҳар. М.С.Осимӣ. - Душанбе – 1988.- 590 с.–С.253

 

 

МАВОД АЗ НАМОШИ “АДИБИ РАВШАНФИКР”

 

МУХТАСАРИ ТАРҶУМАИ ҲОЛИ АБДУҶАББОР ҚАҲҲОРӢ

 

МАВОД АЗ НАМОШИ “АДИБИ РАВШАНФИКР”Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ 7-уми январи соли 1924 дар шаҳри  Конибодом таввалуд шудааст. Пас аз хатми омӯзишгоҳи педагогӣ муддате омӯзгор шуда фаъолият бурдааст. Соли 1942  ба ҳимояи Ватан рафта, дар муҳорибаҳои шадиди назди шаҳри Орлов ва дар озод кардани шаҳри Витебск мардонавор ҷангидаст. Соли 1944 бо сабаби ҷароҳати вазнин ба зодгоҳаш баргашта, чун котиби масъули рӯзномаи ноҳиявӣ фаъолият намудааст. Баъдтар дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» дар вазифаи мудири шуъба ва муҳаррири рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» ва маҷаллаи «Машъал» хизмат кардааст. Соли 1958 факултаи рӯзноманигории Мактаби олии ҳизбиро хатм намуда, дар мақомоти давлатӣ, аз ҷумла,  ҳамчун директори нашриёти «Ирфон», ҷонишини якуми раиси Ҷамъияти китобдӯстони ҷумҳурӣ кор кардаст. Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ аз соли 1940 ба майдони адабиёт ворид шуда, пйесаи нахустинаш «Қаҳрамони ҷавон»-ро соли 1942 эҷод кардааст. Муаллифи китобҳои «Оҳангҳои дӯстӣ», «Гуфтугӯй бо меҳмон», «Гули баҳор», «Шаби пеш аз марг», «Шукуфаҳои аз хун дамида», «Машъалафрӯз», «Минбари шоир», «Ашки ширин», «Шоҳиди зинда» мебошад. Силсилаи ашъори «Оҳангҳои дӯстӣ» ки соли 1964 навиштааст,  натиҷаи таассуроти  шоир аз сафари Афғонистон мебошад. Достони «Шаби пеш аз марг», ки ба  тавсифи корномаи ҷангии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Тӯйчӣ  Эрйигитов  бахшида шудааст, соли 1965 дар Маскав ба забони русӣ чоп шудааст. Асарҳои мансураш дар китобҳои «Гардиши айём» соли 1982, «Конибодом» соли 1999 ва «Умриғанимат» соли 2000 ба табъ расидаанд.  Драмаҳои ӯ «Қаҳрамони ҷавон» соли 1942, «Дили оташин» соли 1948, «Шамшер ва рангинкамон» соли 1974, «Таркиш» соли1975, «Шайтон»соли 1980 дар театрҳои  кишварба намоиш гузошта шудаанд. Бархе аз намоишномаҳои ӯ дар китоби «Таркиш» соли 1984 фароҳам омадаанд.      Тарҷумаҳои русии ашъораш дар маҷмъаҳои «Песни радости» (1959), «Солнце в чемодане»(1986), «В смерте рождённая любовь» (1990), «Колыбель» (1990) ва рӯзномаву маҷаллаву маҷмўаҳои русӣ интишор ёфтаанд.  Китобу намунаҳои ашъораш, ба ғайр аз забони русӣ, ба забони аксари халқҳои шӯравӣ, шеърҳои алоҳидааш дар Эрону Афғонистон, Фаронсаву Инглистон, Чехословакияву Булғористон,  Финлонд Лаҳистон ва дигар  мамолики ҷаҳон ба табъ расидаанд. Бо ордену медалҳои «Байрақи Сурхи Меҳнат», «Ҷанги Бузурги Ватанӣ», «Нишони фахрӣ» ва Ифтихорномаи ҳукуматии Тоҷикистону Белоруссия мукофотонида шудааст. Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Александр Фадеев,  аз соли 1947 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. 18-уми январи соли 2007 аз олам даргузаштааст.

 

Манбаъ: Адибони Тоҷикистон [Матн]: Маълумотномаи мухта­сари шарҳиҳолӣ. Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим.– Душанбе: Адиб, 2014.– 320 с.–С.111-112

 

ОСОРИ АБДУҶАББОР ҚАҲҲОРӢ ДАР ТОЛОРИ ХОНИШ

Қаҳҳорӣ, Абдуҷаббор. Гардиши айём [Матн] / А.Қаҳҳорӣ. – Душанбе: Ирфон, 1982. – 96 с.

Қаҳҳорӣ, Абдуҷаббор. Гули шом [Матн] / А,Қаҳҳорӣ. – Душанбе: Ирфон, 1984. – 336 с.

Қаҳҳорӣ, Абдуҷаббор. Конибодом [Матн] / А,Қаҳҳорӣ. – Душанбе: Илҳом, 1999. – 84 с.

Қаҳҳорӣ, Абдуҷаббор. Қиссаи нави Юсуф ва Зулайхо [Матн] / А.Қаҳҳорӣ. – Душанбе: Адиб, 1988. – 240 с.

Қаҳҳорӣ, Абдуҷаббор. Машъалафрӯз [Матн] / А.Қаҳҳорӣ. – Душанбе: Адиб, 1987.- 176 с.

Қаҳҳорӣ, Абдуҷаббор. Рангинкамон [Матн] / А.Қаҳҳорӣ. – Душанбе: Ирфон, 1974.- 335 с.

Қаҳҳорӣ, Абдуҷаббор. Таркиш [Матн] / А.Қаҳҳорӣ. – Душанбе: Ирфон, 1981.- 188 с.

Қаҳҳорӣ, Абдуҷаббор. Умри ғанимат [Матн] / А,Қаҳҳорӣ. – Душанбе: Адиб, 2000. – 128 с.

Қаҳҳорӣ, Абдуҷаббор. Шаби пеш аз марг [Матн] / А.Қаҳҳорӣ. – Душанбе: Ирфон, 1964. -  39 с.

Қаҳҳорӣ, Абдуҷаббор. Шукуфаҳои аз хун дамида[Матн] / А.Қаҳҳорӣ. – Душанбе: Ирфон, 1968. – 206 с.

Қаҳҳорӣ, Абдуҷаббор. Асарҳои мунтахаб. Иборат аз се ҷилд [Матн] / А.Қаҳҳорӣ. – Душанбе: Истиқбол, 2007. – 304 с.

 

АБДУҶАББОР ҚАҲҲОРӢ ДАР САРЧАШМАҲО

 

Адибони вилояти Суғд [Матн]: Мураттибон: Маъруф Бобоҷон, Ният Ҳаёт.–Хуҷанд: Хуросон, 2014.–340 с.–С.37

Адибони Тоҷикистон [Матн]: Маълумотномаи мухта­сари шарҳиҳолӣ. Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим.– Душанбе: Адиб, 2014.– 320 с.–С.111-112

Писатели Таджикистана [Текст] / Под редак. С.Ховари. – Душанбе: Ирфон, 1986. – 512 с.–С.95

 

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ