Ҷаҳони маънавии тоҷикон ҳамонанди ҳамаи ориёиён боз аст, ҳар кӣ метавонад ба осонӣ дарун ояд, вале ҳаргиз наметавонад аз он берун шавад. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

ДИЛБОХТАИ КАСБ: ВОХӮРӢ БО ТАБИБИ СИРОЯТШИНОС / 04.01.2019

Китобдорони шуъбаи китобҳои тиб нахустин маҳфили гиромидошти табибонро дар заминаи таблиғи асарҳои илмиву энсиклопедии тиб бо иштироки шифокорон ва алоқамандон  ба муносибати 45-солагии фаъолияти кори Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сироятшиноси маркази саломатии №2  Алиева Мавлуда баргузор карданд. Маҳфилро китобдори китобхона-филиали №4 Ҷӯраева Умеда ҳусни оғоз бахшида, дар бораи фаъолияти касбӣ ва шахсияти шифокори шинохта маълумот дод:

–  Мавлудахон Алиева дар оилаи табиб ба дунё омадааст. Модараш Ойишахон Тўраева ҳамчун духтур ва падараш Алихон Тўраев ҳамчун ҷарроҳ ва сардухтур дар дармонгоҳи №1-и шаҳри Хуҷанд  фаъолият мебурданд. Бинобар ин баъди тамом кардани мактаби миёна Мавлудаи хатмкунандаро  саволҳои “Кӣ мешавам?! Ба куҷо хондан равам?” ранҷ намедод. Зеро вай медонист, ки шифокор мешавад, чунки дар ҳамин рӯҳия тарбия ёфтаву дил ба ҳамин касб ниҳода буд... Соли 1972 баъди бо баҳои аъло хатм кардани Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба зодгоҳ баргашта, ба кори муолиҷаи кӯдакон дар дармонгоҳи бачагонаи № 1-и шаҳри Хуҷанд машғул шуд.  Аввал духтур, баъд мудири шўъба, солҳои 1989 - 1999 муовини сардухтури хонаи кӯдакон ва аз соли 1999 инҷониб дар Маркази саломатии №2-и  шаҳри Хуҷанд ҳамчун сироятшинос фаъолият мебарад.

Дар ин маҳфил директори Маркази вилоятии мубориза бо бемориҳои тропикӣ Қурбонов Мӯъминҷон, сарвари Маркази  саломатии №2-и шаҳри Хуҷанд   Мирзоҳошимова Гулнора, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустии вилояти Суғд, сармутахассиси соҳаи амрози кӯдакон Ҳакимов Фахриддин, директори Маркази экспертизаи тибби судии вилояти Суғд Ғаниев Фурқат бо суҳбату гузоришҳои ҷолиб ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти устоду раҳнамо, ҳамкасбу ҳамнишинашонро як-як баршумурданд ва омӯзанда будани роҳи зиндагии ӯро таъкид карданд. Аз суханрониҳои онҳо мавълум гашт, ки таҷрибаи ғании касбии сироятшинос Алиева Мавлуда барои дигар ҳамкасбон ҳамчун як мактаби амалӣ дар соҳаи сироятшиносии кӯдакон ба шумор меравад.

Суҳбати худи сироятшиноси шеърдӯсту шоиртабъ бори дигар барои ҳамкасбон ва китобдорону иштирокчиёни маҳфил дилбохтаи касби шифокорӣ ва аҳли фарҳанг буданашро ба субут расонд.

Маъмурияти Китобхонаи вилотяӣ