Дасти тоҷикон дар ҳар ҷое, ки буда, замини хушку ношодобро ба замини шодобу шод табдил сохтааст. Навбаҳор Абдуғиёс. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.362

НАВОЕ АЗ ҶОВИДОН / 07.12.2018

НАВОЕ АЗ ҶОВИДОНБа муносибати 1430-солагии хунёгари маъруфи тоҷик Борбади Марвазӣ донишҷӯёни факултети санъати тасвирӣ ва технологии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар ҳамдастӣ бо китобдорони Китобхонаи вилоятӣ, бавижа китобдорони шуъбаи китобҳои санъат конфронси илмӣ-фарҳангие бо номи “Навое аз ҷовидон” ташкил ва баргузор намуданд. Чорабиниро китобдор Ҷӯраева Умеда ҳусни оғоз бахшида, бо мақсади конфронс ва гузоришгарони он иштирокчиёнро шинос кард. 

Слайд дар мавзӯи конфронс аз тарафи китобдор-барномагузори шуъбаи компютерӣ-иттилоотӣ Дадобоева Масъуда ба намоиш гузошта шуд.

НАВОЕ АЗ ҶОВИДОН / 07.12.2018Донишҷӯи соли сеюми таҳсил, роҳбари маҳфили “Соҳибқалам”  Одинамаҳмад Сӯфиев, донишҷӯёни соли аввали таҳсил, аъзои маҳфили “Одоби ҳамида” – Шаҳнура Абдусамадзода, Дилшод Назарзода, Собирҷон Хушназаров  доир ба шахсият, ҳунар ва зиндагии Борбади Марвазӣ маърӯза хонданд. Одинамаҳмад Сӯфиев, ки гузориши хуберо пешкаши иштирокчиён кард, бо сурудхониву таронасароӣ меросбари арзандаи Борбади ромишгар будани тоҷиконро ба исбот расонд.

Донишҷӯи соли сеюми таҳсил шуъбаи китобдории факултети санъати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Фархунда Ҷумъаева китобҳои дар бораи Борбад маълумотдиҳандаро муаррифӣ кард.

Муовини директор оид ба корҳои илмӣ-методӣ Ҳамробоева Мавзуна ба гузоришгарон барои ширкат ва маърӯза аз номи маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ миннатдорӣ баён кард ва онҳоро барои ҳамкории минбаъда ташвиқ намуд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ