ҚАДРШИНОСИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО / 04.12.2018
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо китобдорони китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо ва ихтироъкорони наврасу ҷавони вилоят дар Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ мулоқот доир намуд. Баробари наврасону ҷавонони ихтироъкор ғолибони озмунҳои «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018» ва «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2018» ҳам бо сипосномаву туҳфаҳои пулӣ мукофотонида шуданд.
Дар бахши хонандагони озмуни китобхонӣ Ҳошимова Меҳринисо (хонандаи синфи Х, Литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи М.Осимӣ, шаҳри Хуҷанд) барои ишғоли ҷойи якум, Қурбонбоев Ҷамшед (синфи Х, Гимназияи «Кавсар», шаҳри Хуҷанд) барои ишғоли ҷойи дуюм, Алиқулова Ситора (хонандаи синфи IХ, МТМУ №1, шаҳри Гулистон) барои ишғоли ҷойи сеюм, Султонов Аъзамҷон (хонандаи синфи III Гимназияи №4 шаҳри Хуҷанд), Икромова Нозанин (хонандаи синфи ХI, МТМУ №30, шаҳри Панҷакент), Шарифхоҷаев Бобоҷон (синфи Х, МТМУ №1, шаҳри Истаравшан) барои ширкати фаъолона, дар бахши донишҷӯён Қодирзода Оростамоҳ (донишҷӯи соли сеюми таҳсили факултаи сиёсатшиносии ДДҲБСТ аз аз н.Мастчоҳ), барои ишғоли ҷойи аввал, Содиқова Парвина (донишҷӯи соли аввали таҳсили факултаи филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз н.Б.Ғафуров) барои ишғоли ҷойи дуюм, Ахмедҷонова Ирода (донишҷӯи соли аввали таҳсили факултаи забон ва адабиёти руси ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, аз н.Ҷаббор Расулов) барои ишғоли ҷойи сеюм, Иморуддинов Сарфарозиддин (донишҷӯи соли сеюми таҳсили факултаи филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз н.Кӯҳистони Мастчоҳ), Зиёева Шаҳноза (донишҷӯи соли дуюми таҳсили факултаи педагогии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз ш. Истаравшан), Раҳмонова Карима (донишҷӯи соли сеюми таҳсили факултаи педагогии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз ш.Исфара) барои ширкати намунавӣ аз тарафи Раиси вилоят мавриди қадршиносӣ қарор гирифтанд.
Дар озмуни «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2018» директорону масъулони Китобхонаи марказии шаҳри Исфара (Шоҳҷоизаи озмун), китобхона-филиали №2 деҳаи Ғӯлакандози Ҷаббор Расулов (ҷойи аввал), китобхона-филиали №20 деҳаи Қалъачаи Азими ноҳияи Деваштич (ҷойи дуюм), Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҳон Шукӯҳӣ (ҷойи сеюм), китобхона-филиали №6 деҳаи Урметани ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ, китобхонаи марказии ноҳияи Ашт, китобхона-филиали №1 деҳаи Оббурдони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ соҳиби сипоснома ва туҳфаҳои пулӣ шуданд.
Баргузории озмунҳои номбурда ва мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо хонандагону донишҷӯёни китобхон, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қадршиносӣ гардидани китобхонҳои беҳтарин ва масъулони китобхонаҳои беҳтарин дар поёни соли 2018 аз рушду пешрафти соҳаи китобдорӣ дар ҳудуди вилоят дарак медиҳад.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ