ҲАДЯҲОИ МИРЗО ШУКУРЗОДА БА КИТОБХОНА / 30.11.2018
Санаи 27-уми ноябр муҳаққиқу адиби шинохта, барандаи Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон Мирзо Шукурзода ба Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ташриф овард ва китобҳои дар солҳои гуногун таълифнамудаашро барои истифодабарандагони китобхона ҳадя намуд.
Мирзо Шукурзода аз зумраи зиёиёни маъруф дар Тоҷикистону Афғонистону Эрон, Ҳиндустону Покистон ва умуман қаламрави форсизабонон мебошад, ки бо асарҳои “Ҷонпайванд”(ба хатти кирилӣ), “Парниёну ҳариру абрешим” (бо хатти форсӣ), “Ҳамосаи родмардони Хуросон” (бо хатти кирилӣ ва форсӣ) таҳияи китобҳои “Тоҷик, тоҷдор, тоҷвар” (бо хатти кирилӣ), “Тоҷикон дар масири таърих”(бо хатти форсӣ), “Тоҷикон дар қаламрави Ориёно” (бо хатти кирилӣ), дар миёни аҳли фазлу адаби кишварҳои номбурда маҳбубият пайдо кардааст. Чанде аз китобҳои муаллиф, ки қаблан низ ба Китобхонаи вилоятӣ ворид гардидаанд, аз серхонандатарин китобҳо мебошанд ва дар шуъбаҳои хизматрасонӣ мавриди баҳрабардории истифодабарандагон қарор доранд.
Муҳаққиқи номбурда аз афроде мебошад, ки солҳои зиёд дар Душанбе, Кобулу Теҳрон ба фаъолияти тарҷумонӣ ва таҳқиқу пажӯҳиши фарҳанги мардуми ориётабор машғул шуда, бо шахсиятҳои таърихӣ – Қаҳрамонии миллии Афғонистон Шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд, собиқ Президенти Афғонистон – профессор Бурҳонуддин Раббонӣ, маршали тоҷиктабори Панҷшер Муҳаммадқасими Фаҳим, шоир Бориқ Шафеӣ, муҳаққиқи мавлавишиноси немис Аннамери Шиммел, шоири бузург Фаридун Муширӣ, адабиётшинос Муҳаммад Исломии Нудушан ва афроди дигар суҳбату ҳамнишинӣ доштааст.
Адабиётшинос Абдулманнони Насриддин дар пешгуфтори китоби “Ҷонпайванд” Мирзо Шукурзодаро ҳамчун донишпажӯҳи пуркору нуктасанҷ, тарғибгари ормонҳои миллӣ ва гиромидорандаи сухану одоби ниёкон эътироф намудааст.
Тозатарин китоби рӯзноманигори мазкур “Фарёди фоҷиаи Афғонистон” ном дорад, ки соли 2017 дар нашриёти “Илм”-и шаҳри Душанбе дар ҳаҷми 288 саҳифа мунташир шудааст. Ёддоштҳои худро муаллиф дар бораи ҷанги Афғонистону ИҶШС, ки солҳои 1979-1989 воқеъ шудаву дар он даҳ сол қатори миллатҳои дигар тоҷикон низ ширкат варзидаанд, ба шаш боб қисмат кардааст. Аксҳои нодири таърихӣ ҳам, ки гӯёи вохӯриву суҳбати муаллиф бо ҳарбиёни ИҶШС ва Афғонистон дар шаҳрҳои Бодғису Ҳирот, Кобул ва дигар шаҳрҳо мебошанд, тақвиятбахшу тасдиқкунандаи асноди китоби мазкур ба шумор мераванд.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ