Теъдоди тоҷикони ҷаҳонро то 44 миллион ҳам гуфтаанд. Манбаъ: Шарифов, Ҳасанбой. Тоҷикони бурунмарзӣ: таърихи пошхӯрӣ ва аҳволи ҳозира.Чопи дуюм.−Хуҷанд: Раҳим Ҷалил, 1999. –С.13

ОЗМУНИ КИТОБДОРОНИ КИТОБХОНАҲОИ ШАҲРИ ХУҶАНД

ОЗМУНИ КИТОБДОРОНИ КИТОБХОНАҲОИ ШАҲРИ ХУҶАНДҲамасола байни китобдорони китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд озмун дар ду давр – шаҳриву ноҳиявӣ ва вилоятӣ доир мегардад. Даври ноҳиявӣ ва шаҳрии он дар китобхонаҳои вилоят аз рӯйи нақшаи пешбинишудаи Китобхонаҳои системаи марказонидашуда барпо гашт.    

Даври шаҳрии озмуни вилоятии “Китобдори сол-2018” дар шаҳри Хуҷанд барпо шуд, ки дар он 32 нафар китобдор ширкат варзиданд. Аз миёни иштирокчиён ду китобдор – Қаюмова Манзура (аз шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ) ва Нурматова Умеда (аз шуъбаи илмӣ-методӣ) бо дарёфти 75 холи баробар соҳиби ҷойи якум гардида, ба даври вилоятӣ роҳ ёфтанд.

Китобдор Мӯсоева Мунзифа (аз шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ) соҳиби 73 хол гардида, ҷойи дуюмро ишғол кард. Сардори шуъба Ғаффорова Раъно (аз шуъбаи пурракунӣ ва коркарди китоб) бо дарёфти 71 хол ба ишғоли ҷойи дуюм сазовор дониста шуд.

Тоҷибоева Муқаддас (аз китобхона-филиали №9) бо дарёфти 67 хол, Дадобоева Масъуда (аз шуъбаи компютерӣ-иттиллотӣ) бо дарёфти 62 хол ва Қаюмова Махфират (аз шуъбаи электронӣ) бо дарёфти 59 хол ҳамчун иштирокчии фаъоли озмун эътироф гардиданд.

Ғолибони озмун ва иштирокчиёни фаъол бо туҳфаҳои ҳавасмандгардонӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ