Дар тоҷикон андешаи интернатсионалистӣ қавитар аз андешаи натсионалистӣ буда ва ҳаст. Навбаҳор Абдулғиёс. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусалмониён. Тоҷикон, 2500 сол. – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 51

МУАРРИФӢ ВА НАМОИШИ ОСОРИ АБДУЛМАННОНИ НАСРИДДИН / 20.11.2018

МУАРРИФӢ ВА НАМОИШИ ОСОРИ АБДУЛМАННОНИ НАСРИДДИН / 20.11.2018Дар толори китобхонашиносии Китобхонаи вилоятӣ донишҷӯёни соли аввали таҳсили шуъбаи китобдорӣ ва китобхонашиносии факултети санъати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо осори доктори илмҳои филология, профессор Абдулманнони Насриддин ошно шуданд. Муовини директор оид ба корҳои хизматрасонӣ Ҳакимова Мунира нахуст ба донишҷӯён “Куллиёти осор”-и Абдулманнони Насриддинро, ки дар ҳафт ҷилд соли 2013 ба муносибати 60-солагии муаллиф тавассути нашриётҳои “Ношир” (ҷилдҳои 1,2,3) ва “Хуросон”(ҷилдҳои 5,6,7) ба чоп расида буд, муаррифӣ намуд. Донишҷӯён Аҳророва Моҳира, Мӯсоев Шакарбек, Мирзоматов Алишер ба мавзӯъ ва мундариҷаи асарҳои барояшон муаррифишуда ва самтҳои фаъолияти илмии муаллифи онҳо рағбат пайдо карданд.

МУАРРИФӢ ВА НАМОИШИ ОСОРИ АБДУЛМАННОНИ НАСРИДДИН / 20.11.2018Китобдори шуъбаи толори илмӣ-таълимӣ Абдуллоева Машҳура мувофиқи хоҳиши донишҷӯён дар бораи зиндагинома ва фаъолияти илмии профессор Абдулманнони Насриддин гузориш намуд. Дар идома китобдори дараҷаи I шуъбаи хизматрасонӣ Норматова Зуҳро бо истифода аз хулосаи китобшиносии омодакардааш дар бораи осори адабиётшиноси номбурда, хусусан оид ба муҳтавои “Ҳафт базми хирад ва озодагӣ”, ки дар заминаи “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ таълиф шудааст,  дар алоҳидагӣ суҳбат орост.

Баъд китобдори шуъбаи дастхатҳо ва нашрияҳои нодир Оқилова Мунира, бо ёдоварии он ки худи ӯ низ аз дарсҳои адабиётшинос Абдулманнони Насриддин солҳои донишҷӯӣ дар факултети филологияи тоҷик баҳравар шудааст, суҳбатро бо суханҳои олимони барҷаста Абдунабӣ Сатторзода, Носир Салимзода, Орифшоҳи Нақавӣ, ки дар тавсифи устоди равоншод гуфта шудаанд, ба поён расонд.

Ин суҳбату муаррифӣ дар нимаи аввали рӯзи зодрӯзи зиндаёд Абдулманнони Насриддин доир гашт.

МУАРРИФӢ ВА НАМОИШИ ОСОРИ АБДУЛМАННОНИ НАСРИДДИН / 20.11.2018Китобдорон дар нимаи дуюми рӯз дар ҳошияи ҷаласаи вижаи 167-уми маҳфили “Ганҷи сухан”, ки бо иштироки аҳли илму адаб дар кохи “Суғдиён” баргузор гашт, намоиши кушоди осори Абдулманнони Насриддинро ташкил карданд. Иштирокчиён бо китобҳои ба намоишгузошташуда қабл аз шурӯъ ва баъд аз хотимаи маҳфил ошно шуданд. Бештар онҳое ба намоиш таваҷҷуҳ зоҳир карданд, ки бо ному осори Абдулманнони Насриддин аз дур шинос буданд ва ё то ҳол маълумоти дақиқе дар ин бора надоштанд. Китобдорон барои ташкили намоиши мазкур аз тарафи масъули маҳфили “Ганҷи сухан” бо туҳфаи хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ки сарпарасти маҳфили мазкур аст, сарфароз гардиданд. Муҳимтар аз ин, онҳо бо ин намоиш тавонистанд бори дигар осори мондагори олими забардасти соҳаи адабиётшиносиро дар манзари чашму дили аҳли илму адаб, фарҳангиёну санъаткорон,  донишҷӯёну хонандагон дар рӯзи гиромидошт такроран зебо ба ҷилва оранд, то  шумори баҳраҷӯёну комхоҳони илми суханшиносӣ ва китобу китобшиносӣ аз буда ҳам бештар гардад.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ