Аз дари адолат бояд дар омад, ки тоҷикон то имрӯз аз пойдортарин миллат ба шумор мераванд, ба нудрат миллате чун тоҷикон бад‑ин шумораву шиддат заработеро рӯбарӯ шудаанд. Аммо каме фурсат кофӣ буд, ки ин миллат дубора ҷон бигирад. Н.Г. Павлов. Манбаъ: Амиршоҳӣ, Нурмуҳаммад. Давлатдории тоҷикон дар асрҳои ХI−ХIV.−Душанбе: Амри илм, 1999. –С.85‑86

ОСОРИ АБДУЛМАННОНИ НАСРИДДИН ДАР КИТОБХОНА / 19.11.2018.

ОСОРИ АБДУЛМАННОНИ НАСРИДДИНДар ин рӯзҳо 65-умин солгарди зодрӯзи доктори илмҳои филология, профессор, равоншод Абдулманнони Насриддинро дар ҳудуди вилояту ҷумҳурӣ ва шояд берун аз Тоҷикистон дар ҳавзаҳои илми адабиётшиносии кишварҳои форсизабон, ки ному осори ӯ маъруфият дорад, аҳли илму фарҳанг таҷлил намуда истодаанд. Устод Абдулманнони Насриддин аз зумраи беҳтарин фарҳехтагони илму адаби кишвар буд, ки  зиндагиаш ба китобу китобхонӣ ва китобхонаҳо пайванди ногусастанӣ дошт. Ин олими забардасти соҳаи суханшиносӣ тайи ҳафт сол инҷониб бо суханрониҳои илмӣ дар чорабиниҳои фарҳангӣ, илмиву адабии Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ҳозир намешавад. Ҳозир намешавад, ки маҳфили “Ганҷи сухан”-ро дар ҳамкорӣ бо китобдорону хонандагони фаъоли он барпо дорад. Аммо, рӯҳи мубораки ӯ дар асарҳои офаридааш, дар мақолаҳое, ки дар он зикри ном, кору пайкори ӯ рафтааст, фазои маънавии Китобхонаи вилоятӣ ва дигар китобхонаҳои шаҳру навоҳии вилоятро пур аз отифаи сухану адаб медорад.

Китобдорон аз ҳузури гарму равшан ва суҳбатҳои пур аз файзи ҳикмати суханшинос Абдулманнони Насриддин дар шуъбаи дастхатҳо ва нашрияҳои нодир бисёр баҳравар шудаанд. Беҳтарин ҷаласаҳои таърихии маҳфили “Ганҷи сухан” дар толори Китобхонаи вилоятӣ баргузор мегашт, ки дар он бузургтарин олимону адабиётшиносони Тоҷикистон ва чеҳраҳои маъруфи илму адаби кишварҳои хориҷӣ суханронӣ мекаранд. Боре адабиётшиноси машҳурамон устод Абдунабӣ Сатторзода дар яке аз ҷаласаҳои “Ганҷи сухан”, ки дар Китобхонаи вилоятӣ баргузор шуд, нимшӯхиву нимҷиддӣ чунин изҳор дошта буд: Дар минбари адабиётшиносони ҳавзаи илмиву адабии Суғд, хусусан маҳфили таъсисдодаи Абдулманнони Насриддин ва мактаби илмии вай дар шаҳри Хуҷанд сухан гуфтану маърӯза кардан кори осон нест, одамро эҳсос фаро мегирад. Эҳсоси устоди мазкур аз самимияту гармии муносибат ва инсонгароии ганҷури “Ганҷи сухан” ба аҳли сухан сар зада буд ва ба  появу мақоми баланди илмиву одамгарии ӯ далолат мекард...

ОСОРИ АБДУЛМАННОНИ НАСРИДДИН ДАР КИТОБХОНАКитобдорони шуъбаҳои феҳрист, хизматрасонӣ, толори хониш, дастхатҳо ва нашрияҳои нодир, махзани нигоҳдорӣ ҳамарӯза китобҳои профессор Абдулманнони Насриддинро тибқи дархост дар ихтиёри истифодабарандагон – донишҷӯёну магистрантон ва муҳаққиқон мегузоранд.  

Библиографҳо ва китобдорони шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ дар доираи феҳристи кишваршиносӣ бахши “Шахсони барӯманди вилояти Суғд”-ро доранд, ки дар он барганомаи мавзӯии “Олими пурфазилат” ба ному шахсият ва осори Абдулманнони Насриддин бахшида шудаасту ҳамасола бо маводи нав такмил меёбад.

Ин ҳама гуфтаҳо аз он далолат дорад, ки қадами маънавии устод Абдулманнони Насриддин аз остонаи Китобхонаи вилоятӣ ва дигар китобхонаҳои вилояту ҷумҳурӣ канда нашудааст, зеро ҳамарӯза аз осори мондагору манфиатбори ӯ ташнагони илму адаб баҳравар ва файзёб мегарданд...

Истифодабарандагон аз Китобхонаи вилоятӣ асарҳои зерини устод Абдулманнони Насриддин ва мақолаҳои дар бораи шахсияту осори ӯ таълифшударо дастрас карда метавонанд:

 

АСАРҲОИ АБДУЛМАННОНИ НАСРИДДИН

 ДАР ШУЪБАҲОИ ХИЗМАТРАСОНИИ

КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ

 

Насриддин, Абдулманнон. Аз Рӯдакӣ то Аттор [Матн]/ А.Насриддин.–Хуҷанд: Ношир, 2017.–396с.

Насриддин, Абдулманнон. Фарҳанги мушкилоти адабиёт: номаи мухтасар(бознашр).–Хуҷанд: Ношир, 2016.–132с.

Насриддин, Абдулманнон. Тазкираи шуарои Хуҷанд (бознашр).–Хуҷанд: Ношир, 2015.–512с.

Насриддин, Абдулманнон. Куллиёти осор: Дар ҳафт муҷаллад. ҷилди якум.–Ҳуҷанд: Хуросон, 2013.–608с.

Насриддин, Абдулманнон. Куллиёти осор: Дар ҳафт муҷаллад. Ҷилди дувум.–Ҳуҷанд: Хуросон, 2013.–636с.

Насриддин, Абдулманнон. Куллиёти осор: Дар ҳафт муҷаллад. Ҷилди савум.–Ҳуҷанд: Хуросон, 2013.–584с.

Насриддин, Абдулманнон. Куллиёти осор: Дар ҳафт муҷаллад. Ҷилди чорум.–Ҳуҷанд: Хуросон, 2013.–584с.

Насриддин, Абдулманнон. Куллиёти осор: Дар ҳафт муҷаллад. Ҷилди панҷум.–Ҳуҷанд: Ношир, 2013.–588 с.

Насриддин, Абдулманнон. Куллиёти осор: Дар ҳафт муҷаллад. Ҷилди шашум.–Ҳуҷанд: Ношир, 2013.–764с.

Насриддин, Абдулманнон. Куллиёти осор: Дар ҳафт муҷаллад. Ҷилди ҳафтум.–Ҳуҷанд: Ношир, 2013.–764с.

Насриддин, Абдулманнон. Куллиёти осор: Дар ҳафт муҷаллад. Ҷилди ҳафтум.–Ҳуҷанд: Ношир, 2013.–764с.

Насриддин, Абдулманнон. Сеҳри Мубин.–Хуҷанд: Ношир, 2012.–164 с.

Насриддин, Абдулманнон. Бо корвони нур: мақолаҳо дар бораи зиндагӣ ва осори Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ ва мунтахаби ғазалҳо.–Хуҷанд: 2010.–138с.

Насриддин, Абдулманнон. Матншиносии осори адабӣ.–Хуҷанд: Ношир, 2009.–391с.

Насриддин, Абдулманнон, Насриддинов Фахриддин. Рӯдакӣ –устоди суханварони Аҷам.–Хуҷанд: Ганҷинаи сухан, 2008.–199с.

Насриддин, Абдулманнон. Чиҳил мақола: Таърихи адабиёт, матншиносӣ, нақди китоб,  тарҷумаҳои Қуръонӣ, Ирфон.–Хуҷанд: Ганҷинаи сухан, 2007.–578с.

Насриддин, Абдулманнон. Ошноӣ бо тарҷимаҳои форсии Қуръони карим дар Эрон ва Тоҷикистон.–Теҳрон: 1385.–155с.

Насриддин,  Абдулманнон. Шарҳнависӣ дар таърихи адаби форс-тоҷик. Муҳаррири масъул: академик М.Шакурӣ.–Қисми 2.–Хуҷанд, 2001.–262 с.

Насриддин, Абдулманнон. Рӯдакӣ: нусхашиносӣ ва нақду баррасии ашъори бозмонда.–Хуҷанд: Раҳим Ҷалил, 1999.–392с.

Насриддин, Абдулманнон. Сухани фаришта. Муҳаррири масъул: М.Шукуров.–Хуҷанд, 1993.–195 с.

Насриддин,  Абдуманнон. Нависанда ва шореҳи осори адабӣ.–Душанбе: Дониш, 1990.–131с.

Насриддинов Абдуманнон. «Шамс-ул-луғот» ва аҳамияти он барои луғатшиносии тоҷик.–Душанбе: Ирфон, 1982.–48с.

 

АСАР, МАҚОЛАҲО, ШЕЪРҲО  ДАР БОРАИ

ШАХСИЯТ ВА ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИВУ АДАБИИ 

АБДУЛМАННОНИ НАСРИДДИН

 

Офтоби маърифат (ёдномаи доктор Абдулманнони Насриддин).–Хуҷанд: Ношир, 2015.–212 с.

Нуруллоева, М. Фаротар аз саводи ҳафт иқлим [Матн]: Нақши мактаби хуҷандшиносии доктори илмҳои филологӣ, профессор А.Насриддин дар адабиётшиносии тоҷик /М. Нуруллоева //Камоли Хуҷандӣ.–2017.–№3(11).–С.23-30.

Нуруллоева, М. Фаротар аз саводи ҳафт иқлим [Матн]: Нақши мактаби хуҷандшиносии доктори илмҳои филологӣ,профессор А.Насриддин дар адабиётшиносии тоҷик /М. Нуруллоева //Камоли Хуҷандӣ.–2017.–№1(9).–С.42-47.

Ғафурӣ, Ш. Зеби “Шашмақом” [Матн]: Дар бораи олими адабиётшинос, устоди сахтгиру меҳрубон Абдуманнон Насриддинов /Ш. Ғафурӣ //Ҳақиқати Суғд.–2017.–25 июл.

Раҷабӣ, Э. Ба ёди профессор Абдуманнони Насриддин [Матн]: Шеърҳо /Э. Раҷабӣ //Тирози ҷаҳон.–2017.–8 феврал.–С.2.

Назари соҳибдилон [Матн]: Бахшида ба мавлуди адабиётшиноси варзида Абдуманнони Насриддин //Сухани халқ.–2016.–23 ноябр.–С.7.

Акбарзод, М. Устод ва олими пурфазилат Абдулманнони Насриддин [Матн] /М. Акбарзод //Ҳақиқати Суғд.–2015.–1 август.

Ҳасанов, А. Қиблаву қутби ҷавониҳои мо буд... [Матн]: Ёди устоди суханшинос Абдулманнони Насриддин /А. Ҳасанов // Сухани халқ.–2014.–19 ноябр.–С.7.

Раҳмонфар, А. Осори мондагори донишманди шуҳратёр Абдулманнони Насриддин [Матн] /А. Раҳмонфар //Адабиёт ва санъат.–2014.–10 апрел.–№15.–С.5-13.

Ғаффорова, З. Дар гулшукуфти хотираҳои обӣ [Матн]: Порае хотирот дар бораи шодравон профессор Абдулманнони Насриддин /З. Ғаффорова // Сухани халқ.–2014.–12 март.–С.4.

Шероз, А. Ситораи рахшони адабиёт буд [Матн]: Дар бораи устод Абдулманнони Насриддин /А. Шероз //Тирози ҷаҳон.–2014.–18 январ.

Ҷӯраева, Т. Худфурӯзии шамъи хирад [Матн]: Конфронси илмӣ ба шарафи 60-солагии Абдулманнони Насриддин /Т.Ҷӯраева // Ҳақиқати Суғд.–2013.–7 декабр.

Мирзоюнус, М. Покрави дайри куҳан буд: Абдулманнони Насриддин [Матн] /М. Мирзоюнус // Ҳақиқати Суғд.–2013.–5 декабр.–С.4-5.

Дареғу ситоиши бузургон: Абдулманнони Насриддин [Матн] // Ҳақиқати Суғд.–2013.–5 декабр.–С.4-5.

Аюбзод, С. Ҳама кас толиби ёранд... [Матн]: Дар бораи А.Насриддин /С. Аюбзод // Сухани халқ.–2013.–5 декабр.

Расули Барот. Муаллим (Ба устод Абдулманнони Насриддин) [Матн]: Шеър /Барот, Расул // Сухани халқ.–2013.–5 декабр.

Мирзоев, С. Гузаре ба “Тазкираи шуарои Хуҷанд” [Матн] /С. Мирзоев //Паёми Суғд.–2013.–№11.

Олимҷонов, М. Руҷӯе ба саҳми профессор Абдулманнони Насриддин дар забоншиносии тоҷик [Матн] // Паёми Суғд.–2013.–№11.–С.79.

Ғиёсов, Н. Нақши профессор Абдулманнони Насриддин дар рушди ҳавзаи илмии Хуҷанд [Матн] /Н. Ғиёсов // Паёми Суғд.–2013.–№11.–С.73.

Акбарзод, М. Рӯзе суроғи вақти ман ойӣ, ки нестам [Матн] // Паёми Суғд.–2013.–№11.–С.70.

Саидов, С. Устод [Матн]: Силсилаи хотираҳои ман аз рӯзгори шодравон Абдулманнони Насриддин /С. Саидов // Паёми Суғд.–2013.–№11.–С.67.

Фарзона. Шамси саодатпартав [Матн]: Меҳрнома ба Абдулманнони Насриддин /Фарзона // Паёми Суғд.–2013.–№11.–С.61.

Олимҷонов, М. Саҳми назаррас дар луғатшиносии тоҷик: Абдулманнони Насриддин [Матн] /М. Олимҷонов //Тирози ҷаҳон.–2013.–30 ноябр.

Ғаффорова, З. Дар гулшукуфти хотираҳои обӣ [Матн]: Бахшида ба 60-солагии шодравон Абдулманнони Насриддин /З. Ғаффорова //Минбари халқ.–2013.–28 ноябр.

Олимов, А. Олими дақиқназар ва мӯшикоф [Матн] /А. Олимов // Ҳақиқати Суғд.–2013.–23 ноябр.

Мавлонова, М. Олам пур аст аз туву холист ҷойи ту [Матн] /М. Мавлонова // Ҳақиқати Суғд.–2013.–23 ноябр.

Сатторзода, А. Мактабдори матншиносӣ [Матн]: Ба ифтихори 60-солагии адабиётшинос Абдулманнони Насриддин /А. Сатторзода // Адабиёт ва санъат.–2013.–21 ноябр.–С.5.

Ҳасанов, А. Корвоне аз илму дониш бурд: Абдулманнони Насриддин [Матн] /А. Ҳасанов // Ҳақиқати Суғд.–2013.–14 ноябр.

Олимҷонов, М. Забоншиноси беназир: Абдулманнони Насриддин [Матн] /М. Олимҷонов // Сухани халқ.–2013.–16 октябр.

Оташ, Н. Порсӣ пайванди ҷон аст [Матн]: Барои профессор Абдулманнони Насриддин /Н. Оташ // Сухани халқ.–2013.–16 октябр.

Умаров, Ҳ. Ёде аз он рӯзҳо: Абдулманнони Насриддин [Матн] /Ҳ. Умаров // Ҳақиқати Суғд.–2013.–29 июн.–С.6.

Бозёфти як дастнависи устод Абдулманнони Насриддин [Матн] // Сухани халқ.–2013.–14 март.

Шокирова, Б. Чун дирои корвони ишқ менолем зор [Матн]: Дилнома ба ёди устод Абдулманнони Насриддин /Б. Шокирова // Сухани халқ.–2013.–31 январ.–С.7.

Хуҷандӣ, А. Устоди фанни офтобу рӯшанӣ [Матн]: Дар бораи Абдулманнони Насриддин /А. Хуҷандӣ // Тирози ҷаҳон.–2012.–1 декабр.

Мирсаидов, Б. Сад барг аз гулистони маърифат [Матн]: Дар бораи асосгузори маҳфили “Ганҷи сухан” профессор Абдулманнони Насриддин /Б. Мирсаидов // Сухани халқ.–2012.–23 ноябр.

Мирҳабиб, Т. Бе ту бар мо бетуӣ мушкил фитод! [Матн]: Дар бораи шодравон Абдулманнони Насриддин /Т. Мирҳабиб // Ҳақиқати Суғд.–2012.–17 ноябр.

Султонова, Г. Гуфтугӯ бо рӯҳи бедори устод [Матн]: Ба муносибати солонаи дар гузашти профессор Абдулманнони Насриддин /Г. Султонова // Ҳақиқати Суғд.–2012.–28 июл.

Расулзода, Қ. Маҳфили ихлосу садоқат [Матн]: Дар бораи адабиётшинос Абдулманнони Насриддин /Қ. Расулзода // Ҳақиқати Суғд.–2012.–14 июл.

Мирзоев, С. Моҳӣ ба дарё мотам гирифт [Матн]: Дар бораи Абдулманнони Насриддин /С. Мирзоев // Адабиёт ва санъат.–2012.–23 феврал.–С.10.

Саидов, С. Анҷумани аҳли дил [Матн]: Дар бораи Абдулманнони Насриддин /С. Саидов // Ҳақиқати Суғд.–2012.–14 январ.

Расулзода, Қ. Дар ёдбуди Абдулманнони Насриддин [Матн] /Қ. Расулзода // Ҳақиқати Суғд.–2012.–14 январ.