Осори бостонии ҳама шаҳрҳои Фарорӯду Хуросон баёнгари рӯшане аз хираду халлоқияти тоҷикон аст. А.А. Семенов. Манбаъ: Икромов Бободжон. Надвигается новая эпоха пантюркизма // Вароруд, №45 (81), 2003, 12 ноября.

РОҒУН ДАР КИТОБҲО / 16.11.2018

Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” иншооти муҳиму стратегии кишвар мебошад, ки агрегати якуми он дар арафаи ба истифодадиҳӣ қарор дорад. Дар сохтмони ин нерӯгоҳи барқи обии бузургу таърихӣ ҳазорҳо мутахассиси кафшергару бетончӣ, муҳандиси барқ, лоиҳакаш, ронандаву булдозерчӣ ва соҳибони ихтисосҳои дигар шабонарӯз заҳмат кашида истодаанд. Бо вуҷуди монеаҳои ғайричашмдошт сохтмони он босуръату ҷадал пеш рафт. Бо мақсади қадршиносии меҳнати софдилонаи бунёдгузорони сохтмони “Роғун”  аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 14-уми ноябр аз онҳо 2 нафар бо Ордени “Шараф дараҷаи 2”, 53 нафар бо Медали “Хизмати шоиста” ва 48 нафар бо “Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардиданд.

Ба кор шурӯъ кардани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дастоварди таърихии миллату давлати мо ба шумор меравад. Ба ин муносибат дар ҳама муассисаҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ тантанаи шодиву сурури сокинони кишвар баланд хоҳад шуд. Ба ин муносибат субҳи имрӯз дар саҳни вурудии ошёнаи дуюми Китобхонаи вилоятӣ намоиши кушоди китобӣ аз ҷониби китобдорон ташкил карда шуд. Нахуст аз муҳтавои намоиш сардори шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ Ҳошимова Мунаввара ба донишҷӯёни бахши китобдорӣ маълумот дод. Дар давоми рӯз навбатдорони намоиш вазифадор шудаанд, ки китобҳои намоишро барои бинандагон муаррифӣ намоянд.

Дар радифи ҳамаи сокинони кишвар шодиву сурури китобдорон низ дар арафаи ба кор оғоз кардани агрегати якуми НБО “Роғун” ҳадду канор надорад. Бигзор, ҳама агрегатҳои “Роғун”  марҳала ба марҳала ба чархиш дарояд ва Тоҷикистону кишварҳои дӯсту ҳамсояро бо нерӯи барқи баландсифат таъмин намояд ва бигзор ба рамзи сулҳу дӯстӣ, рашваниву ҳамгироии халқҳои минтақа табдил ёбад.   

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ