Дар тоҷикон андешаи интернатсионалистӣ қавитар аз андешаи натсионалистӣ буда ва ҳаст. Навбаҳор Абдулғиёс. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 51

СУЛТОНОВ АЪЗАМҶОН – САЗОВОРИ ТУҲФАИ ИФТИХОРӢ / 02.01.2018

Султонов Аъзамҷон – озмуни вилоятии «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018»Боиси хурсандист, ки наврасону ҷавонони кӯшову боғайрати кишварамон илова бар таҳсилоти муқаррарӣ таҳти ғамхориву дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ, ҷонибдориву пуштибонии падару модар, бобову бибии меҳрубон ва маслиҳату машварати устодони соҳаҳо, аҳли илму адаб ба чорабиниҳои гуногуни судманди фарҳангӣ, илмӣ, сиёсӣ ҷалб шуда, ба ташаккулдиҳии шахсият, ҷаҳонбинии илмию маънавии худ ноил мегарданд.

Озмуну мусобиқаҳое, ки китобдорони кишвар бо хонандагону донишҷӯён дар китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо баргузор мекунанд, яке аз чунин тадбирҳои муҳим ба шумор меравад.

Имсол барои чанде аз хонандагону донишҷӯёни китобдӯсту китобхони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд соли хотирмон гашт. Зеро бо ташаббуси Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода таҳти №261 аз 18-уми июни соли 2018 бо мақсади баргузории озмуни вилоятии «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018» қарори махсус ба тасвиб расид ва дар татбиқи амалии он дар сатҳи матлуб сурат гирифт.

Султонов Аъзамҷон – озмуни вилоятии «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018»

Дар ин озмун садҳо мактаббачагону донишҷӯёни китобдӯсту китобхон байни ҳамдигар дар назди китобдорону омӯзгорон ва аҳли илму адаб сабқат варзида, худро ҳамчун ояндаи дурахшони миллату давлат муаррифӣ карданд. Яке аз чунин иштирокчиёни ояндааш дурахшони озмуни мазкур хонандаи синфи III Гимназияи №4 шаҳри Хуҷанд Султонов Аъзамҷон аст. Ин хонандаи болаёқат баробари хондани асарҳои бадеии кӯдакона бо кӯмаки модаркалони ғамхораш, дӯзандаи гулдаст – Ҷӯраева Малоҳат ашъори шоирони классик, аз ҷумла ғазалҳои Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, дебочаҳои «Маснавии маънавӣ» ва «Шоҳнома», ҳикоёти манзуми «Бӯстон»-ро ҳифз карда, ҳамакнун ба аз худ кардани ашъори шоирони муосир рӯ оварда, аз суханварони машҳур Фарзона ва Озарахш ғазалҳо ба хотир супурдааст.

Султонов Аъзамҷон – озмуни вилоятии «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018»

Бори сеюм аст, ки ин хонандаи шеърдӯсту китобхон ҳамроҳи модаркалонаш дар озмунҳои китобхонӣ бо хонандаҳои синфҳои болоӣ баробар ширкат мекунад ва сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мешавад. Модаркалонаш аз ҳар дастоварду пешрафтии наберааш Аъзамҷон меболад. Барои боз ҳам дар мутолиаи китоб пешрав шудан ва дар нутқи хаттиву шифоҳӣ рушд пайдо кардани наберааш пайваста аз китобдорон, фарҳангиёну зиёиён маслиҳату машварат гирифта меистад.

Дар озмуни мазкур низ Султонов Аъзамҷон дар миёни 25 нафар хонандагони синфҳои болоӣ тавонист боз ҳам мавқеи пешинаи худро ҳифз намояд. Аъзои ҳакамони озмун Нуров Нуралӣ, Раҳматов Баҳром, Ӯрунбоева Муҳаббат, Абдуллоев Ромиз, Ҳамробоева Мавзуна ба  шеърхониву ҷавобгӯиҳояш баҳои баланд дода, ӯро ба қатори се иштирокчии фаъол шомил карданд.

Директори Китобхонаи вилоятӣ Мирсаидов Баҳром ба модаркалони Султонов Аъзамҷон – Ҷӯраева Малоҳат барои тарбияву таълими чунин як набераи дӯстрӯю доно ва барои ҳамкории судманд бо китобдорон изҳори миннатдорӣ намуда, умедвор шуд, ки бибиву набераи намунаи ибрат боз ҳам талошу кӯшиши худро баҳри ишғоли ҷойҳои намоён дар озмунҳои оянда бештар месозанд.

Султонов Азъамҷон туҳфаи ифтихориро ҳамроҳи дигар ғолибон рӯзҳои наздик дар маҷлиси тантанавӣ соҳиб хоҳад шуд. Ӯро ба ин муносибат китобдорони Китобхонаи вилоятӣ табрик гуфта, ба ӯ дар таҳсил пешрафту барор хоҳонанд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ