Тоҷикон нарм ҳастанд, аммо ин нармӣ аз нотавонӣ нест, балки аз тавони андеша аст, аз фарҳанг аст, аз андешаи оқибати кор, аз фардост. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

НАМОИШ БАХШИДА РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК / 17.10.2018

НАМОИШ БАХШИДА РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК/17.10.2018Ҳамасола 16-уми октябр дар кишвари мо Рӯзи кинои тоҷик баргузор мегардад. Имсол дар пойтахти мамлакат аз санаи 16-уми октябр то 20-уми октябр ҷашнвораи байналмилалии “Дидор” доир мешавад, ки дар он филмҳои ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Муғулистон, Украина, Эстония, Гурҷистон, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон ва Узбакистон  ба намоиш гузошта мешаванд.

Ба ин муносибат кормандони шуъбаи санъат дар гӯшаи махсуси шуъба намоиши китобӣ ташкил намуда, дар он аз ҷумла асарҳои зеринро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд:

Нурҷонов Низом. Муҳаммадҷон Қосимов.Душанбе: Ирфон, 2007.– 256 с.

Китоби мазкур ба ҳаёт ва фаъолияти актёрии нахустин Артисти халқии Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон Муҳаммадҷон Қосимов бахшида шудааст.

Нурҷонов Низом. Ҳошим Гадоев.Душанбе: Ирфон, 2007.– 246 с.

Дар ин китоб муаллиф роҳи эҷодии Артисти халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳошим Гадоевро, ки дар театр ва кино чандин симоҳои барҷаста офаридааст, таҳқиқ менамояд, оид ба фаъолияти коргардонӣ ва омӯзгории ӯ низ сухан меронад.

НАМОИШ БАХШИДА РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК/17.10.2018Мирзошоев С. Роҳи кинои тоҷик.Душанбе: Ирфон, 1973.– 192с.

Рисола бар асоси мисолҳои аниқ ва ҳуҷҷатҳо роҳи рушду тараққии санъати кинои тоҷик, таърихи инкишофи кинофикатсия ва нашри кино дар Тоҷикистони шӯравиро нишон медиҳад.

Ахроров Ато. Таджикское кино: 1969-1974 гг.Душанбе: Эр-граф, 2010.–192с.

Муаллиф дар ин китоб оид ба сатҳу сифат, хусусиятҳои филмҳои аз соли 1969 то соли 1974 дар Тоҷикистон офаридашуда маълумоти муфассал додааст.

Энциклопедия кино Таджикистана.Душанбе: Эр-граф, 2012.396 с.

“Қомуси кинои Тоҷикистон” фарогири маълумоти мухтасар дар бораи актёрҳо, режиссёрҳо, филмҳо ва умуман таърихи кинои тоҷик мебошад.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ