СУҲБАТ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ “АСОИ САФЕД” / 16.10.2018
Санаи 15-уми октябри соли 2018 дар толори хизматрасонии махсус суҳбат ба муносибати Рӯзи Асои сафед гузаронида шуд. Дар суҳбат донишҷӯёни курси сеюми факултаи педагогикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров ширкат карданд. Суҳбатро китобдори толори хизматрасонии махсус Ахмедова Мавҷуда бо маърӯзаи «Рӯзи Асои сафед – рӯзи ҳамгироӣ ва рашваноӣ» оғоз карда, аз таърихи пайдоиш, ҳадафҳои ҷашнширии он дар муассисаҳои таълимӣ ва касбии масхуси нобиноён маълумот дод. Вай ёдовар шуд, ки кӯмак кардан ба нобиноён ва хизматрасонӣ намудан ба онҳо барои афроди солим шарти инсон будан аст.
Донишҷӯёни соли сеюми таҳсили факултети педагогикаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, аз ҷумла Дадобоева Рухсора ва Самадова Биомина дар тақвияти суханҳои китобдор фикру ақидаи худро дар ин бора иброз дошта, чунин таъкид карданд: Нобиноён бояд ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа пазируфта шаванд. Зеро дар ҳоли тарбияпазирӣ ва таълимгирии махсус онҳо нерӯи кориашонро ба манфиати ҷомеа ва худ истифода бурда метавонанд.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ