Ҷойгоҳи Самарқанду Бухоро дар таърихи тоҷикон монанди Санкт-Петербург ва Маскав аст барои русҳо. Рустам Шукуров. Манбаъ: Қубодиён, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.69

МИННАТДОРИИ КИТОБХОНҲО БА КИТОБДОРОН / 11.10.2018

МИННАТДОРИИ КИТОБХОНҲО БА КИТОБДОРОН/11.10.2018Шуъбаи хизматрасонии Китобхонаи вилоятӣ шуъбае мебошад, ки дари он ҳамарӯза (ҷуз рӯзҳои санитарӣ) ба рӯйи истифодабарандагон боз аст. Дар махзани шуъба 89 000 нусха китобҳои гуногунсоҳа дар гардиш мебошад. Дар шуъба як саркитобдор – Саломова Мунира, ду китобдори дараҷаи I – Норматова Зуҳро, Шарипова Каромат, ду китобдори дараҷаи II Рустамова Фирӯза, Ҳомидова Фароғат ва як китобдор Ашӯрова Заррина фаъолият мебаранд. Ба китобдорони шуъба Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Бойпочоева Ҳабиба сарварӣ намуда, рафти фаъолият ва хизматрасонии онҳоро ба танзим медарорад. Китобдорони шуъба, новобаста аз собиқаи корӣ ва дараҷаи касбӣ,  кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ба хонандагони синну сол ва касбу пешаашон гуногун дар сатҳи баланд хизмат расонанд. Баробари фаъолияти китобдорӣ онҳо барои гирифтани маълумоти миёнаи махсус ва олии касбӣ талош намуда, ғоибона таҳсил ҳам мекунанд. Китобдор Ашӯрова Заррина донишҷӯйи соли сеюми шуъбаи китобдорӣ ва китобшиносии Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд мебошад. Илова бар ин, китобдорон аз таҷрибаи касбии ҳамдигар меомӯзанд.

МИННАТДОРИИ КИТОБХОНҲО БА КИТОБДОРОН/11.10.2018Фаъолияти саркитобдори шуъба Саломова Мунира сармашқи кори дигар ҳамкасбон шуда метавонад. Китобдори номбурда ҳофизаи хуби касбӣ дошта, аксар номи китобҳои махзани шуъба ва муаллифи онҳоро аз ёд медонад ва ҳаракат мекунад то муроҷиати истифодабарандагони доимӣ ва нав, ки бори аввал ба китобхона ворид шудаанду ҳанӯз аз тартиботи хизматрасонии шуъбаҳои он маълумоти кофӣ надоранд, саривақт иҷро намуда, китобхонҳоро ба самти мақсуд раҳнамоӣ кунад. Албатта, фаъолияти на фақат  китобдорони шуъбаи мазкур, балки фаъолияти бештари китобдорону китобшиносони Китобхонаи вилоятӣ  низ намунаи ибрат ва қобили таҳсин мебошад. Мо ин нуктаро дар мисоли арзи сипоси аксар истифодабарандагони китобхона мушоҳида карда метавонем.

Истиқоматкунандаи кӯчаи Мирсаид Миршакари маҳаллаи Чашма  Ёқубов Муҳаммадҷон, донишҷӯёни соли аввали факулети санъати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Эгамбердиев Сайфиддин, Очилов Азимҷон, ки аз китобхонҳои фаъоли шуъбаи хизматрасонианд, миннатдории худро аз номи ҳамаи истифодабарандагони китобхона ба кормандони шуъбаи мазкур баён дошта, аз муносибату муомилаи онҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Китобхони 64-сола Ёқубов Муҳаммадҷон дар давоми як моҳ аз шуъбаи мазкур китобҳои “Робинзон Крузо”-и Д.Дефо, “Ҷен Эйр”-и Шарлота Бронте (санаи 12.09.18), “Фирдавсӣ”-и  Сотим Улуғзода, “Сафар-махсум”-и Ҷалол Икромӣ, “Зарафшон”-и Сорбон (санаи 25.09.2018), “Қиёмат”-и Чингиз Айтматов, “Доғистони ман”-и Расул Ғамзатов, “Зинаҳои дӯзах”-и Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин (санаи 6.10.2018)-ро гирифта, бори охир санаи 8-уми октбяр “Ёддоштҳо”-и Садриддин Айнӣ, “Ёд макун, ашк марез”-и Муқим Воҳид, “Одамони ҷовид”-и Раҳим Ҷалил, “Деҳаи мо”-и Сотим Улуғзодаро барои мутолиа гирифтааст.

Донишҷӯёни ёдшуда аз рӯйи тахассусашон бештар ба мутолиаи асарҳои саҳнавии “Бақои умр”, “Қарзи виҷдон”, “Ҳақиқати талх”-и Султон Сафар, песаҳои Меҳмон Бахтӣ, Максим Горкий, “Ошиқ шав”-и Ӯлмас Хол ва китобҳои бадеии дигар машғул шудаанд. Аз ин бармеояд, ки онҳо дар бахши актёрии факултети санъат таҳсил мекунанд ва барои вусъатбахшии ҷаҳонбинии соҳавиашон мутолиаи чунин асарҳоро зарур мешуморанд.

Таҳлили дафтарчаи китобхонии ин се нафар–як нафақахӯру ду донишҷӯ ва арзи сипос баёнсозии онҳо нишон медиҳад, ки китобдорони Китобхонаи вилоятӣ, хусусан китобдорони шуъбаи хизматрасонӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда вазифаи китобдорияшонро сарбаландона иҷро карда истодаанд.

 Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ