Теъдоди тоҷикони ҷаҳонро то 44 миллион ҳам гуфтаанд. Манбаъ: Шарифов, Ҳасанбой. Тоҷикони бурунмарзӣ: таърихи пошхӯрӣ ва аҳволи ҳозира.Чопи дуюм.−Хуҷанд: Раҳим Ҷалил, 1999. –С.13

ВОХӮРӢ ВА НАМОИШ ДАР МАКТАБИ МАХСУС / 05.10.2018

ВОХӮРӢ ВА НАМОИШ ДАР МАКТАБИ МАХСУС/05.10.2018Кормандони толори хизматрасонии махсуси Китобхонаи вилоятӣ бахшида ба Рӯзи омӯзгорон дар «Комплекси кӯдакистон-мактаби махсус барои кӯдакони қувваи босираашон суст ва нобинои шаҳри Хуҷанд» бо омӯзгори пуртаҷрибаи фанни биология Сатторова Б. вохӯрӣ гузаронида, барои муаллимон ва таҳсилгирандагони ин муассисаи махсуси таълимӣ намоиши китобӣ ва матбуотӣ ташкил намуданд. Вохӯрӣ бо суханронии ҷонишини директори муассиса Шокирова М. Ҷ. ҳусни оғоз ёфт. Сардори толори хизматрасонии махсуси Китобхонаи вилоятӣ  Болтубоева М. дар мавзӯи «Мақоми омӯзгор дар ҷомеа» гузориш карда,  аз фаъолияти пурсамари омӯзгор Сатторова Б. барои иштирокчиён маълумот дод. Худи муаллима низ дар тақвияти гуфтаҳои китобдор хонандагону омӯзгорони вохӯриро бо мушкилиҳою дастовардҳои касби интихобкардааш худ ошно сохт ва ба саволҳои онҳо ҷавоб гуфт. Вохӯриро хонандагони муассиса бо қироати шеъру пандҳо дар бораи омӯзгор ва забони миллӣ ба итмом расонданд. Баъди вохӯрӣ китобдори толори хизматрасонии махсус Ахмедова М. 11 китоб ва 7 маҷҷалаи намоишро барои омӯзгорону хонандагон муаррифӣ кард. Намоиш барои хонандагон хеле мароқангез буд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ

ВОХӮРӢ ВА НАМОИШ ДАР МАКТАБИ МАХСУС/05.10.2018