ДУНЁИ РАҚСИ ЗЕБО / 5.10.2018
Зебо Аминзода аз чеҳраҳои шинохтаи санъати рақси тоҷик мебошад, ки бо ҳунару таҷрибаи нотакрори касбӣ ба мактаби хоси рақси миллӣ асос гузошт. Гурӯҳи рақсии “Зебо”, ки дар даврони Шӯравӣ ному овозаи санъати тоҷиконро ҷаҳонӣ карда буд, маҳз бо талошу заҳматҳои пайвастаи ин бонуи саҳнаи ҳунар таъсис ёфтааст. Зебо Аминзода ҳангоми истиқомати муваққатӣ дар Русия зуд-зуд ба Хуҷанду Душанбе меомад. Вай дар яке аз суҳбатҳо ба рӯзноманигорон мазмунан чунин гуфта буд: “Хоки Тоҷикистон барои ман, ки дарахтеро мемонам, хоки сабзишу болиш аст. Аз Русия ба Тоҷикистон биёям, дар ман эҳсосоти аҷибе ба вуҷуд меояд, ҳаракатҳои ботинӣ сар мезананд. Ҳамин ки ба Русия баргаштам, боз ин ошӯбҳои дарунӣ хомӯш мешаванд”.
Хушбахтона, соли 2012 баробари фароҳам омадани шароит барои кору фаъолият ситораи рақси тоҷик ба Хуҷанд баргашт ва дар назди Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ дастаи рақсии кӯдаконаи "Зебо"-ро таъсис дод. Соли 2014 ба Душанбе даъват карда шуд, то ансамбли рақсии «Зебо»-ро таъсис диҳад. Баробари таъсисдиҳӣ ҳамчун роҳбари бадеии ансамбли давлатии рақсии «Зебо»-и назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дубора ба мақоми худ нишаст. Ин бонуи ҳунар санаи 3-юми октябр ба синни мубораки 70 расид. Ба ин муносибат бо ташаббуси китобдорони шуъбаи санъат “Дунёи рақси зебо” ном маҳфили зебо бо иштироки донишҷӯёну китобдорон доир гашт. Дар чорабинӣ Умарова Машҳура(сардори шуъба-барандаи маҳфил), Дадоҷонова Шоира (шиносонондаи шахсият ва ҳунари Зебо Аминзода ба иштирокчиён), Мӯсоева Мунзифа (таҳиягари намоиши слайд) кӯшиш ба харҷ доданд, ки чорабиниашон шавқовару ҷолиб гузарад.
Иштирокчиён аз намоиши аксҳо ва тамошои порчаи филми ҳуҷҷатӣ, хусусан аз саҳнаи рақси ансамбли “Зебо”-и пешину навин бар суруди “Эй санам!” баҳраи фаровон бардошта, бори дигар аз соҳибҳунарии Зебо Аминзода ва шогирдони мактаби рақсии вай ба ваҷд омаданд. Китобдорон Раҷабова М., Оқилова М. ва донишҷӯён бардошташонро оид ба тарзи баргузории маҳфил ва самарабахшии он баён доштанд.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ