Тоҷикон аз дурӯйӣ ва риё сахт безоранд, ба кинатӯзӣ одат надоранд. Навбаҳор Абдулғиёс. Манбаъ: Қубодиён, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98 с. –С.50

КИТОБДОРОН ДАР ХИДМАТИ ОМӮЗГОРОН: ДУ РӮЗ ДАР ЯК РӮЗ / 05.10.2018

КИТОБДОРОН ДАР ХИДМАТИ ОМӮЗГОРОН: ДУ РӮЗ ДАР ЯК РӮЗКитобдорони китобхона-филиали №5 Китобхонаи вилоятӣ, ки дар бинои Коллеҷи техникии шаҳри Хуҷанд фаъолият мебаранд, дар ташкил ва баргузории чорабинии бонуфуз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи Забони давлатӣ саҳм гузоштанд. Онҳо ба донишҷӯён дар интихоби матни мавод аз китобҳо ва саҳифаҳои матбуот барои баромаду гузориш кӯмак карда, ҳамзамон намоиши китобу маҷаллаҳо ташкил карданд, ки “Президенти мо – ифтихори мо”  ном дошт. Инчунин китоби “Савганди Президент”-ро китобдор Зоҳирова Малика барои донишҷӯён муаррифӣ кард.

Китобдор Солиева Г. дар хулосаи китобшиносияш бо номи “Ёдгори ҷовидон бошад, забон” дар мавриди мақому манзалати таърихии забони тоҷикӣ ва ба пояи забони давлатӣ бардошта шудани он изҳори назар карда, бо муҳтавои чанд китоб донишҷӯёнро ошно сохта, донишҷӯёну омӯзгоронро ба муносибати Рӯзҳои забони давлатӣ ва омӯзгорон табрик гуфт.

КИТОБДОРОН ДАР ХИДМАТИ ОМӮЗГОРОН: ДУ РӮЗ ДАР ЯК РӮЗМуаллими ҷавони коллеҷ Раҳмонов Фарҳод аз ҳамкорӣ бо китобдорон, ки барояш маълумоту маводи лозимро саривақт дар дастрас менамоянд, изҳори қаноатмандӣ намуд. Чунки баромаду гузориши ӯро дар чорабинӣ омӯзгорону донишҷӯён хуш пазируфтанд. Ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ дар Коллеҷи техникӣ Ҳомидова Гавҳар дар баргузории чорабиниҳо ҳама вақт аз таҷриба ва потенсиали кории китобдорон самаранок истифода мебарад. Ҳамкории китобдорону омӯзгорон дар рушди ҷаҳонбинии ватандӯстонаи донишҷӯён натиҷаҳои судманд ба бор хоҳад овард.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ