САРОЯНДАИ СУРУДИ ИШҚ / 04.10.2018
Озод Аминзода аз зумраи шоиронест, ки бо шеърҳои содаву самимӣ назди ҳаводорони шеър обрӯву эътибори абадӣ дорад. Шоираи ширинсухан, ки аз ишқ ба ёру диёр ва рӯзгор шеър суруда, барои мероси адабии дархӯри мутолиа ва таҳқиқ гузоштааст. Дар шуъбаи хизматрасонӣ, толори хониши Китобхонаи вилоятӣ нашрҳои гуногуни китобҳои шоира нигоҳдорӣ ба истифода дода мешаванд. Китобҳои шоира ба шумори китобҳои серхонанда шомил мешавад ва ин далели эътибору мақоми шеъру шоирии вай мебошад. Ба муносибати 80-умин солрӯзи Озод Аминзода китобдори шуъбаи хизматрасонӣ Норматова Зӯҳро бо хонандагони доимии шуъба суҳбат ороста, мухтасар дар бораи зиндагӣ ва эҷоди шоира маълумот дод. Дар суҳбат донишҷӯйи соли якуми факултети химия ва биология Қаюмова Дилфуза ва донишҷӯйи соли дуюми факултаи забонҳои шарқи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров– Нарзуллоева Мӯниса аз мероси адабии Озод Аминзода барои ҳамдарсон ва хонандагони шуъбаи мазкур шеърҳо қироат карданд. Намунае аз шеърҳои ошиқона: Шаби борон Варақгардон намуда дафтари рози ниҳонатро, Ту бо ман меравӣ паҳлӯ ба паҳлӯ дар шаби борон. Гаҳе аз моҳ наздам лаълии тиллоӣ меорӣ, Гаҳ аз истораҳо бандӣ бароям шаддаи марҷон. Тамоми фитнаҳои хоҳиши гунги замиратро Намедонӣ, ки ман з-оинаи чашми ту мебинам. Аз ин рӯ, ҳам марезон рӯйи роҳам “гавҳари маънӣ”, Ки ман як дона ҳам аз “дурри ғалтонат” намечинам. Ту бар пайроҳаи ҳою ҳавасҳоят махон дилро, Дилам пур аз садоқат косаи лабрезро монад. Варо бо сад умеду ифтихоре парварам, рӯзе– Ба дасти он касе бидҳам, ки то манзил нарезонад. Аз китоби “Ёди ширин”(Хуҷанд,1993).–С.54 Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ