Рӯзи Рӯдакӣ: Магистрантон дар минбари Китобхонаи вилоятӣ / 21.09.2018
Абдуабдуллоҳ Рӯдакии ҷовидонаном, ки 1077 сол пеш чашм аз олами ҳастӣ пӯшидааст, дар тақвими соли 2018 ва солҳои гузаштаву ояндаи тоҷикон барои худ ба номи худ рӯз дорад – Рӯзи Рӯдакӣ, рӯзи шеъру суруд, рӯзи худшиносӣ, рӯзи инсонгароӣ, рӯзи муҳаббат, рӯзи зиндагӣ…
Ба баҳонаи Рӯзи Рӯдакӣ ҳамасола чандин наврасу ҷавони саодатманди мо ба минбарҳои худшиносӣ мебароянд, аз Рӯдакӣ мегӯянду мехонанд ва бо ин кори нек гузаштаи пурифтихорамонро бо сухану суханшиносӣ ба имрӯзи навсозиву навоғозӣ меоранд, то имкони ба насли ояндаи интиқол додани ин аънана ҳамвора дар дасти рӯдакихонҳову рӯдакидонҳо бимонад. Санаи 21-уми сентябр китобдорони шуъбаҳои хизматрасонӣ тибқи пешбинӣ ва ташаббуси шуъбаи дастхатҳо ва нашрияи нодир маҳфили илмӣ-адабии «Соҳибқирони мулки сухан» баргузор шуд.
Дар маҳфил донишҷӯёну иштирокичён аз гузоришҳои илмии магистрантони соли дуюми таҳсили факултети филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба ғановати забони шеъри Рӯдакӣ бори дигар бовар ҳосил карданд. Маҳфил бо намоиши слайд дар таҳия ва пешниҳоди кормандони шуъбаи электронӣ ончунон гарм оғоз шуд, ки номзади илмҳои таърих, дотсент Эркаев Сафар беихтиёр сар ба маҳфил андохт ва онро бо суханронияш навъе ҳусни ифтитоҳ бахшид. Дар чорабинӣ сардори шуъбаи тиб Раҷабова Марҳабо, ки раиси Кумитаи бонувони Китобхонаи вилоятӣ низ аст, ба одоби шеърхонии китобдорон таваҷҷуҳ зоҳир карда, дар поёни маҳфил ба онҳо баҳои баланд дод.
Нахуст гузориши магистрант Олимова Шоира дар мавзӯи «Рӯдакӣ аз нигоҳи донишмандони ҷаҳон» ироа шуд, ки он шунавандаҳоро бо ному осори чанде аз ховаршиносону адабиётпажӯҳони хориҷиву ватанӣ ошно сохт.
Сипас магистрант, сардори шуъбаи дастхатҳо Мирзозода Ноил дар мавриди «Вожаҳои авастоиасл дар осори Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ» маърӯза карда, аз авестоиасл будани вожаҳои «шигифт», «бахшиш», «шикан», «рашк», «панҷ», «ҷашн», «тавон», «пушт» ва «дузд»-ро ёдовар шуда, барои мисол баробари овардани байти шоҳид аз Рӯдакӣ шакли авастоии ин калимаҳо ва таҳаввулёбии онҳоро шарҳу тавзеҳ дод.
Магистрант Самадов Рамазонӣ маърӯзаашоро бо номи «Унсурҳои луғавии суғдӣ ва яғнобӣ дар ашъори Рӯдакӣ»-ро ба самъи иштирокчиён расонд. Вай таъкид намуд, ки аз рӯйи таҳқиқи олимон унсурҳои луғавии суғдӣ, ки имрӯз дар забони зиндаи яғнобӣ ва ҳатто тоҷикӣ истифода мешаванд, дар ашъори Рӯдакӣ зиёд ба чашм мехӯранд. Барои намуна вай вожаи «варғ»-ро зикр намуда, аз решаи форсии нав bary, vary (оббанд, садд) ва дар санскрит ба гунаи vārģa- (баргардонанда) аз решаи varj феъли varjati ва дар забонҳои ҳиндуаврупоӣ гунаи ûӯr (чархондан, печондан, хам кардан) ҳам ба назар расидани онро ёдовар гашт.
Дар миёни гузоришҳои илмӣ китобдорони Китобхонаи вилоятӣ–Қаюмова Манзура (шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ), Қаюмова Фирӯза(шуъбаи адабиёти тиббӣ), Расулова Дилноза (шуъбаи толори хониш) ва донишҷӯёни шуъбаи китобдории факултети санъати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров – Мамадҷонова Зуҳро ва Ҷумъаева Фархунда аз ашъори Рӯдакӣ шеърҳо қироат карданд.
Баъд аз тамошои порчае аз филми “Қисмати шоир” ҷонишини директор оид ба корҳои илмӣ-методӣ Ҳамробоева Мавзуна маҳфилро бо сухани хотимавӣ ба поён расонд.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ