Дар тоҷикон андешаи интернатсионалистӣ қавитар аз андешаи натсионалистӣ буда ва ҳаст. Навбаҳор Абдулғиёс. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 51

ДАСТОВАРДИ ТАЪРИХИИ КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ / 06.09.2018

Дастоварди таърихии КитобхонаСоли ҷорӣ Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолибони озмуни умумиҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2018»  муайян кард ва 4-уми сентябр Рӯзи китоб онҳоро бо туҳфа сарфароз гардонд. Чунончи дар сомонаи Вазорати фарҳанг омадааст, аз рӯи номинатсияи «Китобхонаи сол», 4 китобхонаи оммавии вилоятӣ, 2 китобхонаи бачагонаи шаҳрӣ, 5 китобхонаи донишгоҳӣ, 4 китобхонаи шаҳрӣ ва 10 китобхонаи ноҳиявӣ бақайд гирифта шуданд. Китобхонаи вилоятиии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ  сазовори ҷоизаи «Гран-прӣ» барои «Ҷойи аввал» гардид. Санаи 4-уми сентябр ҷоизаро ба директори Китобхона Баҳром Мирсаидов бо табрикномаи вазири фарҳанги кишвар Шамсиддин Орумбекзода супориданд. Санаи 5-уми сентябр ба ин муносибат нишасти идонаи китобдорон дар толори Китобхонаи вилоятӣ барпо шуд, ки дар он директор китобдорон бо ин дастовард, Рӯзҳои дониш ва китоб таҳнияту табрикномаи мазкурро қироат кард. Дар идома собиқадори соҳаи фарҳанг Нодирҷон Солиҷонов китобдоронро бо ин ғалаба табрик гуфт ва умедвор шуд, ки китобдорони Китобхонаи вилоятӣ барои дар сатҳи байналмилалӣ баланд бардоштани нуфузи муассисаи фарҳангӣ талош меварзанд. Сармуҳосиби собиқадори Китобхонаи вилоятӣ, Аълочии фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон Санавбар Қудратова низ дар суханронияш баробари табрику таҳнияти ҳамкорон аз фаъолияти намунавии худ дар солҳои пеш, яъне аз ширкат дар озмунҳои шеърхониву чорабиниҳои фарҳангӣ, аз саҳми худ дар рушди соҳаи китобдорӣ ва фарҳанг ёдовар шуд ва кор дар байни китобдорону китобшиносонро барои худ шараф шумурд.

Дастоварди таърихии китобхонаИнчунин дар ин озмун дар миёни 26 китобдори китобхонаҳои вилоятӣ, китобхонаҳои ноҳиявӣ ва китобхонаҳои донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ аз рӯи номинатсияи «Китобдори сол»,  Шамсиева Дилфуза – директори Китобхонаи марказии ноҳияи Спитамен ба ҷоизаи «Гран-прӣ» барои «Ҷойи дуюм» сазовор дониста шуд. Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ номбурдаро аз номи тамоми китобдорони вилоят барои намояндагӣ дар озмун ва ишғоли ҷойи дуюм табрик гуфта, барои вай дар кору зиндагӣ тавфиқ таманно доранд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ