Ҷаҳони маънавии тоҷикон ҳамонанди ҳамаи ориёиён боз аст, ҳар кӣ метавонад ба осонӣ дарун ояд, вале ҳаргиз наметавонад аз он берун шавад. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

НАМОИШИ КИТОБӢ – «ҲАФТАИ ДАРҲОИ БОЗ» ДАР КИТОБХОНА / 04.09.2018

Бо мақсади ошно кардани истифодабарадагони нав ҳамасола  китобдорон силсилаи чорабиниҳои «Ҳафтаи дарҳои боз»-ро дар китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ташкил ва баргузор менамоянд. «Ҳафтаи дарҳои боз» имсол дар Китобхонаи вилоятӣ дар арафаи Рӯзи Дониш ва Рӯзи Китоб бо ташкили намоиши кушоди китобӣ таҳти номҳои «Дониш–чароғи ақл» ва  «Китоб–нерӯи маънавии миллат» дар саҳни ошёнаи дуюм кори худро оғоз кард. Санаҳои 1-ум ва 3-юму 4-уми сентябр хонандагону донишҷӯёни зиёд аз намоиш баҳравар гардиданд. Ҳамчунин бахшида ба Рӯзҳои  Донишу Китоб слайди ҷолиби диққат ба намоиш гузошта шуд. Ба ин намоиш ва тарзи таҳияву пешкаш, муаррифии китобҳо ба истифодабарандагон донишҷӯёни соли аввали шуъбаи китобдорӣ ва китобшиносии факултаи санъати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз ҳама бештар диққат зоҳир карданд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ

НАМОИШИ КИТОБӢ – «ҲАФТАИ ДАРҲОИ БОЗ» ДАР КИТОБХОНА

НАМОИШИ КИТОБӢ – «ҲАФТАИ ДАРҲОИ БОЗ» ДАР КИТОБХОНА

НАМОИШИ КИТОБӢ – «ҲАФТАИ ДАРҲОИ БОЗ» ДАР КИТОБХОНА

 

НАМОИШИ КИТОБӢ – «ҲАФТАИ ДАРҲОИ БОЗ» ДАР КИТОБХОНА

НАМОИШИ КИТОБӢ – «ҲАФТАИ ДАРҲОИ БОЗ» ДАР КИТОБХОНА