Дасти тоҷикон дар ҳар ҷое, ки буда, замини хушку ношодобро ба замини шодобу шод табдил сохтааст. Навбаҳор Абдуғиёс. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.362

ФАРОГИРИИ КИТОБДОРОН БА ТАКМИЛИ ИХТИСОС / 20.08.2018

Яке аз самтҳои фаъолияти Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташкили курсҳои сайёри такмили ихтисоси китобдорӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошад. Масъулини Маркази мазкур дар ҳамкорӣ бо маъмурияти Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ тасмим гирифтанд, ки барои баланд бардоштани сатҳи донишу таҷрибаи касбии китобдорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд курси сайёри такмили ихтисосро баргузор созанд. Бо ин мақсад муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Маҳмудов Гадобек,   сардори Маркази такмили ихтисос – Каримов Маҳмадшариф, сардори шуъбаи автоматикунониии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ Саидов Зафар, сардори  шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ Аминов Фирдавс барои тадриси китобдорон ба шаҳри Хуҷанд омаданд. Онҳо тибқи нақша тӯли як ҳафта дар Китобхонаи вилоятӣ бо истифода аз слайдҳои ҷолиби тахассусӣ 36 соат  (21 соат назариявӣ, 15 соат амалӣ) дарс гузаштанд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ таҳти роҳбарии директори муассисаи мазкур Мирсаидов Баҳром баҳри дар сатҳи баланди касбӣ ва тахассусӣ баргузор шудани дарсҳо шароити лозимро ҳаддалимкон барои дарсгирандаҳову дарсдиҳандаҳо фароҳам овард. Ба устодони номбурда дар рафти дарсҳои амалӣ мутахассисони Китобхонаи вилоятӣ Ҳакимова Мунира ва Ҳамробоева Мавзуна кӯмак расонда, кори дарсазхудкунии шунавандагон–китобдоронро осонтар карданд.

Шунавандагони курси сайёри мазкур мавзӯъҳои зеринро дар дарсҳои назариявию амалӣ аз худ карданд:

1. Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар фаъолияти китодорӣ (2 соат назарияӣ).

2. Фароҳамоварӣ ва такмили махзани китобхона (2 соат назариявӣ).

3.Раванди ҷобаҷогузории махзани китобхона аз рӯйи ТДУ (УДК) ва ТКБ (ББК)(4 соат– 2 соат назариявӣ, 2 соат амалӣ).

4.Нигоҳдории махзани китобхона (2 соат– 1 соат назариявӣ, 1 соат амалӣ).

5.Услуби созмондиҳии ДМБ (дастгоҳи маълумотдиҳӣ-библиографӣ) дар китобхона: а)захираи нашрҳои маълумотдиҳӣ-библиографӣ; б)системаи феҳристҳо; в)системаи картотекаҳо (12 соат– 7 соат назариявӣ, 5 соат амалӣ).

6.Истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳо (4 соат– 2 соат назариявӣ, 2 соат амалӣ).

7.Ташкили китобхонаҳои электронӣ (4 соат– 2 соат назариявӣ, 2 соат амалӣ).

8.Хизматрасонии китобдорӣ-иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ (оммавӣ-гурӯҳӣ, фардӣ) (4 соат– 2 соат назариявӣ, 2 соат амалӣ).

9.Раванди таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо: китоб, маҷалла, рӯзнома ва ғайраҳо (2 соат– 1 соат назариявӣ, 1 соат амалӣ).

Дар дарсҳо 63 нафар китобдор, китобшинос ва методисти китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо фаъолона ширкат карда, соҳиби сертификати курси сайёри “Фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ” шуданд. Дар ҷараёни супурдани сертификатҳо сардори Раёсати фарҳанг Ориф Набиев ширкат намуда, ба устодони курси сайёри такмили ихтисос барои ҳамкорӣ ва дастгирӣ Сипоснома супорид. Инчунин китобдоронро таҳният гуфта, таъкид кард, ки бояд кормандони китобхонаҳо баҳри баланд бардоштани донишу таҷрибаи худ ба таҳсили ғоибона дар шуъба ва факултаҳои китобдории омӯзишгоҳу донишгоҳҳои вилояту ҷумҳурӣ низ саъю талош варзанд.

Рӯйхати иштирокчиёни курси сайёри такмили ихтисос:

 

ном ва насаб

Вазифа

шаҳру ноҳияҳо

 1

Норова Савсан

китобдори китобхона-филиали №32


Айнӣ

  2 

Ҳусейнова Мадина

сардори шуъбаи мубодилавӣ-захиравӣ

 3 

Тиллоева Асолат

сардори китобхонаи бачагона

  4

Акбарова Волида

китобдори шуъбаи пурракунӣ

 5

Қодирова Парвина

 мушовири китобхонаи марказӣ


Ашт

  6 

Мӯминова Мавҷуда

китобдори китобхона-филиали №5

  7 

Қодирова Лола

китобдори китобхона-филиали №6

  8 

Абдусатторова Раъно

китобдори китобхона-филиали №30


     Бобоҷон     
     Ғафуров

  9 

Раҳимова Сановар

китобдори китобхона-филиали №25

 10 

Мамадқулова Мунира

китобдори шуъбаи мубодилавӣ-захиравӣ

 11 

Норматова Мавзуна

саркитобдори китобхона-филиали №1


     Бӯстон

 12 

Расулзод Суханоро

методисти китобхонаи марказӣ

 13 

 Қосимова Марҳабо

китобдори китобхонаи марказӣ

 14 

Ҷӯраева Зайнура

 мушовири китобхонаи марказӣ


     Гулистон

 15 

Дадоматова Гуландом

китобдори китобхонаи бачагона

 16 

Баҳриддинова Рухшона

китобшиноси китобхонаи марказӣ

 17 

Қаюмов Абдуманон

китобдори китобхона-филиали №11


     Деваштич

 18 

Расулов Ӯлмас

китобдори китобхона-филиали № 14

 19 

Эгамбердиева Гулнора

китобдори китобхона-филиали №5

 20 

Бобоев Маҳмадамин

китобдори китобхона-филиали №9

 21 

Наимова Умеда

сардори китобхонаи бачагона


     Зафаробод

 22 

Мансурова Бибиомина

китобдори китобхона-филиали №2

 23 

Утбасарова Мастона

китобдори китобхона-филиали №12

 24 

Юсупов Фаррух

китобдори китобхона-филиали №7

     Истаравшан

 25 

Ғайратзода Зулфира

директори китобхона

 

     Истиқлол

 26 

Зокирова Моҳинисо

методисти  китобхонаи марказӣ

 27 

Уткурова Дилором

китобдори китобхонаи марказӣ

 28 

Эшонова Раънохон

китобдори китобхонаи марказӣ


     Исфара

 29 

Хайруллоева Зулфия

китобдори китобхона-филиали №13

 30 

Атобекова Гулшан

китобдори китобхона-филиали №18

 31 

Қаҳҳорова Мақсуда

китобдори китобхона-филиали №27


     Конибодом

 32 

Неъматова Субҳия

китобдори китобхона-филиали №10

 33 

Мамадалиева Мақсуда

китобдори китобхона-филиали №21

 34 

Саидов С.

китобдори китобхонаи марказӣ

     Кӯҳистони

     Мастчоҳ

 35 

Боқиев Зиёваддин

китобдори китобхона-филиали №5

 36 

Солехов Меҳриддин

китобдори китобхона-филиали №13

 37 

Қурбонов Давлат

директори китобхона


     Мастчоҳ

 38 

Насруллоева Мадина

методисти китобхонаи марказӣ

 39 

Ҳидоятова Моҳрухсор

методисти китобхонаи марказӣ

 40 

Олимова Сафоро

китобдори китобхона-филиали №22


     Панҷакент

 41 

Ҳикматуллоева Барфинисо

китобдори китобхонаи марказӣ

 42 

Азизова Гулбаҳор

китобдори китобхона-филиали №6


     Спитамен

 43 

Каримова Муҳаббат

китобдори китобхона-филиали №17

 44 

Усмонова Шаҳодат

китобдори китобхонаи марказӣ

 45 

Саидсултонова наргиза

китобдори китобхона-филиали №1

 
 Ҷаббор Расулов

 46 

Қӯзибоева Гузал

китобдори китобхона-филиали №17

 47 

Муртазоқулова Нигора

китобдори китобхона-филиали №9


     Шаҳристон

 48 

Ашӯрбоева Саломат

китобдори китобхона-филиали №3

 49 

Расулова Матлюба

сардори шуъбаи хизматрасонӣ

Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ

 50 

Бобоҷонова Биорифа

сардори шуъбаи пурракунӣ

 51 

Турсунова Муҳайё

сардори шуъбаи электронӣ



Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ

 52 

Мухаммедова Заррина

сардори шуъбаи феҳраст

 53 

Мирзозода Ноил

сардори шуъбаи дастхатҳо ва нашрияҳои нодир

 54 

Манонова Моҳирахон

методисти дараҷаи II шуъбаи илмӣ-методӣ

 55 

Нурматова Умеда

методисти дараҷаи I шуъбаи илмӣ-методӣ

 56 

Рабиева Рокияхон

 

саркитобдори шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ

 57 

Охунова Наргиза

саркитобдори шуъбаи электронӣ

 58 

Садриддинова Замира

саркитобдори шуъбаи матбуоти даврӣ

 59 

Файзуллоева Зӯҳро

китобдори дараҷаи I- шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ

 60 

Бобоҷонова Гулбаҳор

китобдори дараҷаи I шуъбаи толори хониш

 61 

Ёқубова Гавҳар

китобдори китобхона-филиали №6

 62 

Шарипова Бароат

китобдори  дараҷаи I китобхона-филиали №9

 63 

Қосимова Малика

китобдори дараҷаи I - китобхона-филиали №2

Ҳамаи шунавандагони курси сайёри такмили ихтисос ҳамкории Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи вилоятиро дар самти донишафзоӣ ва малакаандӯзии китобдорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳамкории самарабахш ва такондиҳандаи рушди соҳаи китобдорӣ ва ба талаботи замони нав мутобиқ кардани хизматрасонии китобхонаҳо ҳисобиданд. Иддае аз шунавандагон, ки директорон ва мушовирону методистони Китобхонаҳои системаи марказонидашудаи шаҳру ноҳияҳо буданд, барои дар раванди хизматрасонӣ ба ҳамкасбони навкору камтаҷриба фаҳмонда додани донишу таҷрибаҳои аз худ кардаашон муваззафу масъул шуданд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ