Тоҷикон аз дурӯйӣ ва риё сахт безоранд, ба кинатӯзӣ одат надоранд. Навбаҳор Абдулғиёс. Манбаъ: Қубодиён, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98 с. –С.50

ҲАДЯ АЗ МУАЛЛИФОН / 13.08.2018

Нависандаи фаронсавӣ Жан Батист Расин (1639 –1699)  гуфтааст: “Ҳадядиҳанда бигзор хомӯш бошад, гирандаи ҳадя бигзор сухан гӯяд”. Тибқи ҳикмати мазкур ба муаллифоне, ки китобҳояшонро ройгон ба китобхонаи мо ҳадя мекунанд, изҳори миннатдорӣ баён кардан бароямон шарт аст. Зеро онҳо дурандешона, бо ҳиммату самимият асарҳои худро ба китобхона ҳадя мекунанд, то хонандаҳои ташнаи илму маърифатро ба оби хираду маънавият сероб намоянд. Санаи 13-ум ба шуъбаи коркарди адабиёт ва пуррасозии махзан шаш номгӯ китоб (се номгӯ дунусхагӣ, се номгӯ якнусхагӣ) ҳамчун ҳадя аз муаллифон ворид шуд, ки дар таълифу таҳияи онҳо бештар саҳми ходими илмӣ, муҳаққиқи тавоно Аброров Ҳусейн зиёд аст.  Ҳамчунин ин инсони шариф аз собиқадорони соҳаи таҳқиқи худ буда, шогирдони зиёдеро тарбият намуда, сарпарастии онҳоро ҳанӯз ба уҳда дорад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки шахсияти ин олим барои хонандагони китобҳояшон шиносонида шавад:

Аброров Ҳусейн

Сана ва ҷойи таваллуд: 7.01.1941, д.Шаватки боло, н.Айнӣ;

Маълумот: олӣ, географ-биолог;

Ихтисос: омӯзгор-муҳаққиқ;

Вазифа ва ҷойҳои фаъолият: ходими калони илмии Институти хокшиносии АИ  КТ, ходими илмии Энсиклопедияи миллии Тоҷикистон – 2005-2012;

Ҷойи кори кунунӣ: ходими калони илмии Институти масъалаҳои об, гидроэнеретика ва экологияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон – аз соли 2007 инҷониб;

Мавзӯъҳои таҳқиқот ва таълифот: табиату сарватҳои табии водии Зарафшон, пиряхҳо, дарёҳо, кӯлҳо, захираҳои рекреатсионӣ, экология, ғорҳо, топонимика, саноати маъдани кӯҳӣ, музофотҳои ҷуғрофии Тоҷикистон ва ғ.;

Теъдоди таълифот: 300 номгӯ мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ, аз ҷумла 26 рисолаи калону хурди илмӣ дар алоҳидагӣ ва ҳаммуаллифӣ;

Нишонҳо ва ифтихорномаҳо: нишонҳои “Собиқадори меҳнат”, “Болоии мизии КМ КПСС”, “Аълочии маорифи Тоҷикистон”, Ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”

 

 Шарҳи мухтасари китобҳои ҳадяшуда:

 

Пиряхҳои Тоҷикистон1.“Пиряхҳои Тоҷикистон”  китоби нахустинест, ки дар ин мавзӯъ ба забони давлатӣ-тоҷикӣ нашр шудааст. Дар китоб хусусиятҳои табиӣ-географии Тоҷикистон, заминаи пайдоиш, ташаккулу ҷойгиршавӣ, муҳимтарин аломату хосиятҳои пиряхҳо, таъсири онҳо ба реҷаи ғизогирии дарёҳо, тавсифи гиреҳҳо, пиряхҳои калонтарини мамлакат, таҳаввулу таназзули онҳо дарҷ шудаанд. Китоб соли 2017 дар шаҳри Душанбе нашр шудааст.


Самтҳои истифодаи оқилонаи захираҳои маъдании музофоти Зарафшон

2.“Самтҳои истифодаи оқилонаи захираҳои маъдании музофоти Зарафшон” дар ҳамдастӣ бо Муҳаммадризо Акмалов, Мирзосафар Аброров таълиф шуда, соли 2012 дар нашриёти «Ирфон»-и шаҳри Душанбе аз чоп баромадааст. Дар китоб масоили таърихи кашфу таҳқиқоти захираҳои ашёи хоми маъданӣ, сохту таърихи тараққиёти геология ва гуногунию паҳншавии ашёи хоми маъдании музофоти Зарафшон, мушкилоти имрӯзаи кори корхонаҳои саноатии музофот, дурнамои истифодаи оқилонаи сарватҳо, таъсири онҳо ба муҳити зист, роҳу воситаҳои паст кардани таъсири манфии онҳо ва чораҳо баҳри ҳифзи захираҳои маъданӣ мавриди таҳлил ва таҳқиқ қарор гирифтанд.

Асрори кӯлҳои шифобахш

3.“Асрори кӯлҳои шифобахш” дар ҳамдастӣ бо Ризоева Ойбибӣ, Аброров Мирзосафар таълиф шуда, соли 2017 дар нашриёти «Дониш»-и шаҳри Душанбе нашр шудааст. Китоб ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шуда, нахустин таълифот дар ин мавзӯъ мебошад. Муаллифон кӯшиш ба харҷ додаанд, ки оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳои Тоҷикистон, баъзе чашмаҳои давоӣ дар алоҳидагӣ маълумоти мушаххас пешниҳод намуда, ҷанбаҳои хос, шароитҳои табиии пайдоиш, сифату хосият, захира, имкониятҳои истифодаи самаранок ва ҳифзашонро тавзеҳ диҳанд.

“Ганҷномаи Зарафшон” (геология, сарватҳои зеризаминн ва исгифодаи окилонаи онҳо)

4.“Ганҷномаи Зарафшон” (геология, сарватҳои зеризаминн ва исгифодаи окилонаи онҳо) дар ҳамдастӣ бо Холиқов X. таълиф шуда,  соли 2016 дар нашриёти «Бухоро»-и шаҳри Душанбе нашр шудааст. Дар китоб таърихи таҳқиқотҳои табиат ва захираҳои табиӣ, аз қабили сарватҳои зеризаминии музофоти геологию географии Зарафшон матраҳ гашта, он дар се марҳалаи калон: аҳди қадиму асрҳои миёна; замони нав ва навтарин (соҳибистиқлолӣ) баррасӣ гашта, доир ба табиату вазъи ҳозираи хоҷагии Кӯҳистони Зарафшон низ маълумоти мухтасар дода шудааст.

 

“Вопросы эффективного использования водно-земельных ресурсов Горного Зерафшана” (географические аспекты)

5.“Вопросы эффективного использования водно-земельных ресурсов Горного Зерафшана (географические аспекты) дар ҳамқаламӣ бо  Кобулиев Зайналобудин Валиевич таълиф шуда, соли 2018 дар нашриёти «Дониш»-и Душанбе аз чоп баромадааст. Дар китоб масъалаҳои захираҳои обу замини Кӯҳистони Зарафшон: сохти геологӣ ва қишр, иқлим, обҳои дохилӣ (дарёҳо, обҳои зеризамин, канал, кӯлу обгирҳо), селу обхезӣ, эрозия ва роҳҳои пешгирии он, боғҳои табиӣ ва истифодабарии самарабахши онҳо баррасӣ шудаанд.

«Экология дар таълими география»

6.«Экология дар таълими география»  дар ҳамқаламӣ бо Акмалов М. таълиф шуда, солии 2011 дар шаҳри Душанбе нашр шудааст. Дар рисола масоили ташаккули маърифати экологии хонандагон дар ҷараёни таълими фанни география, замина ва зарурати пайдоиши равияи таҳқиқоти илмӣ дар самти экологияи умумиҷаҳонӣ, мазмуну муҳтавои он, сабабҳои афзудани партовҳои маишию саноатӣ, кишоварзӣ, баландшавии ҳарорати атмосфераи Замин ва оқибтҳои нохуши он, коҳишёбии “пардаи озонӣ”, нобудшавии ҷангалу биёбоншавӣ, таъсири манфии онҳо ба биосфера ва ҳаёти инсон нишон дода шудааст.

 

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ