НАТИҶАҲОИ ДАВРИ АВВАЛИ ОЗМУНИ “КИТОБХОНАИ НАМУНАВӢ”/ 11.08.2018
Озмуни вилоятии “Китобхонаи намунавӣ” китобдорони вилоятро ба таҳрик андохт ва сабаб шуд, ки ба соҳаи китобдорӣ аз тарафи масъулини бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо таваҷҷуҳу ғамхории махсус зоҳир карда шавад. Баргузории даври аввали ин озмун дар аксар шаҳру ноҳияҳои вилоят собит намуд, ки барои тармиму таъмири бинои китобхонаҳо, таъминсозӣ бо рафу ҷевон, технологияи муосири компютерӣ ва дигарҳо корҳо мақомоти маҳаллӣ аз ҳисоби худ ё бо ҷалби соҳибкорони саховатпеша маблағҳои муайян ҷудо кардаанд, ё дар ин кор худи китобдорон саҳм гирифтаанд. Даври аввали озмун ҳанӯз идома дорад. Ба даври дуюми озмун аз ҷумла китобхонаҳои зерин роҳхат гирифтанд:
КУҲИСТОНИ МАСТЧОҲ
Санаи баргузории озмун: 17-уми июл;
Китобхонаи ғолиби даври аввал: Китобхона-филиали №1;
Мавқеъ: деҳаи Оббурдан;
Махзани умумӣ: 3927 нусха;
Шумори хонанда (нимсолаи аввали соли ҷорӣ): 694 нафар;
Шумори чорабинӣ: 20;
Афзалиятҳои китобхона ва кори китобдор: ҳуҷҷатнигории ҷавобгӯ ба талабот; таҳия ва истифодаи самараноки дастурҳои методӣ дар баргузории чорабиниҳо; корбарии хуб бо хонандагони қарздор, ташкили гӯшаҳои таблиғи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ.
ИСТАРАВШАН
Санаи баргузории озмун: 25-26-уми июл;
Китобхонаи ғолиби даври аввал: Китобхона-филиали №19;
Мавқеъ: деҳаи Қалъачаи Араб;
Махзани умумӣ: 4807 нусха;
Шумори хонанда(нимсолаи аввали соли ҷорӣ): 753 нафар;
Шумори чорабинӣ: 66;
Шумори иштирокчиёни чорабинӣ: 4725 нафар;
Афзалиятҳои китобхона ва кори китобдор: дар ҳолати хуб нигоҳ доштани бино ва рафу ҷевонҳои китобчинӣ; вуҷуди феҳрасти алифбоӣ ва ҷобаҷогузории махзани китобӣ аз рӯйи он; ҷалби кӯдакону наврасон ба китобхона; фаъолияти босамари нуқтаҳои китобдиҳӣ.
ЗАФАРОБОД
Санаи баргузории озмун: 30-31-уми июл;
Китобхонаи ғолиби даври аввал: Китобхона-филиали №6;
Мавқеъ: деҳаи Гулистон;
Махзани умумӣ: 5730 нусха;
Шумори хонанда(нимсолаи аввали соли ҷорӣ): 399 нафар;
Шумори чорабинӣ: 18;
Шумори иштирокчиёни чорабинӣ: 547 нафар;
Афзалиятҳои китобхона ва кори китобдор: ҷобаҷогузории махзани китобӣ аз рӯйи феҳрист; самаранок истифодаи бурдани компютер барои ҳуҷҷатгузории электронӣ; сифати хуби ҳуҷҷатнигорӣ ва вуҷуди нақшаҳои корӣ, ҳисоботҳо, дафтарҳои бақайдгирӣ, рӯзнома, низомномаи китобхона ва дастурамалҳои вазифавӣ, ташкили гӯшаҳои оид ба тарғиби Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ.
СПИТАМЕН
Санаи баргузории озмун: 1-уми август;
Китобхонаи ғолиби даври аввал: Китобхона-филиали №21;
Мавқеъ: ҷамоати деҳоти Турсун Улҷабоев;
Махзани умумӣ: 3502 нусха;
Шумори хонанда (нимсолаи аввали соли ҷорӣ): 234 нафар;
Шумори чорабинӣ: 27;
Шумори иштирокчиёни чорабинӣ: 870 нафар;
Афзалиятҳои китобхона ва кори китобдор: ташкили кори хуби китобкашонӣ ба маъюбону барҷомондагон аз ҳисоби китобхонҳои фаъол; аз рӯйи нақша саривақт ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои соҳавӣ; таҳия ва пешкаши хонандагони нав кардани хулосаҳои китобшиносӣ.
БӮСТОН
Санаи баргузории озмун: 3-юми август;
Китобхонаи ғолиби даври аввал: Китобхона-филиали Ҷамоат;
Мавқеъ: шаҳраки Палос;
Махзани умумӣ: 10312 нусха;
Шумори хонанда (нимсолаи аввали соли ҷорӣ): 350 нафар;
Шумори чорабинӣ: 22;
Афзалиятҳои китобхона ва кори китобдор: ҳуҷҷатнигории ҷавобгӯ ба талабот; рафҳои китобмонӣ ва ҷевонҳои феҳрасти ҷавобгӯ ба талабот; истифодабарии самараноки технологияи муосир, фаъолияти мунтазами маҳфилҳои наздикитобхонавӣ.
ИСТИҚЛОЛ
Санаи баргузории озмун: 6-уми август
Китобхонаи ғолиби даври аввал: Китобхонаи марказӣ;
Мавқеъ: маркази шаҳри Истиқлол;
Махзани умумӣ: 30718 нусха;
Шумори хонанда (нимсолаи аввали соли ҷорӣ): 292 нафар;
Шумори чорабинӣ: 20;
Шумори иштирокчиёни чорабинӣ: 3025 нафар;
Афзалиятҳои китобхона ва кори китобдор: ташкили гӯшаҳои алоҳидаи ҷолиб барои тарғиби Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ; муҳайё кардани шароити хуб барои хонандагон дар толори хониш, ҳамкорӣ бо адибони шаҳр ва ташкилу баргузории мунтазами маҳфили “Насими Истиқлол”.
ҶАББОР РАСУЛОВ
Санаи баргузории озмун: 7-уми август
Китобхонаи ғолиби даври аввал: Китобхона-филиали №2;
Мавқеъ: деҳаи Ғӯлакандоз;
Махзани умумӣ: 3448 нусха;
Шумори хонанда (нимсолаи аввали соли ҷорӣ): 292 нафар;
Шумори чорабинӣ: 40;
Шумори иштирокчиёни чорабинӣ: 1087 нафар;
Афзалиятҳои китобхона ва кори китобдор: фаъолияти намунавии китобдор дар ташкил ва баргузор кардани чорабиниҳои соҳавӣ ва ширкат дар чорабиниҳои фарҳанг, ба талаботи замон ҷавобгӯ будани бино ва шароиту имкониятҳои хизматрасонӣ; мунтазам баргузор шудани маҳфили “Дастони моҳир” дар китобхона.