ШОИРОН РОЗКУШОЁНИ СУКУТИ БАШАРАНД (китобшиносии осори шоири шинохта Озарахш)
Адиби маъруфи фаронсавӣ Виктор Гюго гуфтааст: “Муаллиф офарандаи китоб асту ҷомеа тақдирсози он”. Ин сухан маънои онро дорад, ки асарҳои на ҳама одамони соҳибкитоб (хоҳ шоиру нависанда бошад, хоҳ рӯзноманигору олим) писанди хотири мардум мешавад. Ин халқ аст, ки ба аҳли адабу санъати худ аз ҳар ҷиҳат баҳои холис медиҳад. Ба қавли дигар, ҷомеа мунаққиди боинсоф аст, ки аз аҳли таҳқиқу танқид бештару пештар ба асарҳои офаридаи эҷодкорон унсу қаробат пайдо мекунад, баъд ба баҳогузорӣ рӯ меорад ва дар гузоштани баҳои воқеӣ хато ҳам намекунад. Ҳақиқати ин гуфтаро дар мисоли шоири маҳбубамон устод Озарахш ва китобҳои шеърашон баръало мушоҳида карда метавонем.
Китобҳои шеъри устод Озарахш тибқи маълумоти китобдорони мо аз бисёрдархосттарину серхонандатарин китобҳо мебошанд. Ҳатто, баъзе аз хонандагони наврас низ баробари ба китобхона ворид шудан ва мавриди пурсиши китобдорон қарор гирифтан хоҳиш мекунанд, ки ба онҳо китобҳои шеъри Озарахшро дастрас намоянд. Санаи 19-уми январи соли ҷорӣ вақти таътили зимистонӣ хонандаи синфи 6”в” Мавлуда Мақсудова, ки бо ҳамдарсонаш бори аввал ба китобхона омад, хоҳишаш ин буд: “Мехоҳам китобҳои шеъри Озарахш ва Фарзонаро гирифта хонам”. Барои вай китобдорон “Девони ишқ” ва “Қатрае аз Мӯлиён”-ро дастрас карданд ва ӯ бо роҳбарии муаллимааш як ғазалро интихобан аз устод Озарахш барои худ нусхабардорӣ намуд, то ин ки дар хона хонда, ҳифз намояд. Ин маҳбубиятро мо дар мисоли мушоҳидаҳои айнии худамон бидуни ҳеч таоруф бозгӯ кардем. Устод Озарахш аз шумори шоиронеанд, ки шеъри зинда менависанд ва худашон бо оҳангу овози зинда мехонанд. Ҳамин “зинда”-гии шеъру ҳунари устод аст, ки завқу зеҳни ҷомеаро ба таҳрик меорад. Таваҷҷуҳ ба шоҳғазали зерин, ки байни хосу ом маъруф аст, хусусияти зинда ва мондагор будани ашъори устод Озарахшро ба таври барҷаста нишон медиҳад:
Бомҳо пасту баланд афтода дидам, бом-бом,
Номҳо пешу қафо истода дидам, ном-ном.
Ҳеч кас аз сарнавишти хеш берун по намонд,
Ҳар сареро бар сари як ҷода дидам, гом-гом.
Чоҳкан дар зери чоҳу роҳзан дар рӯи роҳ,
Домафканро ба дом афтода дидам, дом-дом.
Соғари соқии соғаркаш ҳама саршор бод!
Ҷоми бас Ҷамшедро бебода дидам, ҷом-ҷом...
Комбардорон ба шодӣ ком мебардоштанд,
Комҳоеро, вале ғамзода дидам, ком-ком
Меваҳои пухта мерезанд бе боди хазон,
Fӯpaҳoepo хазони хода дидам, хом-хом.
Озарахш, аз лофҳои ломгӯён ғам махӯр,
Дафтари шеъри туро бикшода дидам, лом-лом.
Ҳаводорони ашъори устод Озарахш метавонанд аз шуъбаҳои хизматрасонӣ, матбуоти даврӣ ва толори хониши Китобхонаи вилоятӣ китобҳои шеър ва шеърҳои дар маҷаллаву рӯзномаҳо мунташиршудаи ин шоири маҳбубро бо истифода аз рӯйхати тавсиявии зерин дастрас намоянд:
КИТОБҲОИ ШЕЪРИ УСТОД ОЗАРАХШ:
- Озарахш. Намози мусофир [Матн]: Маҷмӯаи ашъор / Озарахш.–Душанбе: Адиб, 2006.–178 с.
- Озарахш. Ҷӯйбори сари хирман [Матн]: Ашъори дар солҳои 1990-2010 сурудаи Толиб Карими Озарахшро дар бар гирифтааст, ки ба ҳаводорони шеъри ноб пешкаш мешавад / Озарахш.–Хуҷанд: Раҳим Ҷалил, 2011.–392с.
- Озарахш. Чархболи офтоб [Матн] / Озарахш.–Душанбе: Адиб, 2011.–147 с.
- Озарахш. Девони шқ [Матн] / Озарахш.–Хуҷанд: Ношир, 2016.–516 с.
- Озарахш. Кишвари хуршедҳо [Матн]: Ватаннома / Озарахш.–Хуҷанд: Анис, 2016.–20 с.
- Озарахш. Хайрли тонг [Матн]: Шеърлар. Одил Икром таржимаси.– Хуҷанд: Ношир, 2017.– 64 бет.
АШЪОРИ УСТОД ОЗАРАХШ ДАР МАҶАЛЛАҲО:
- Озарахш. Гираҳ; Ман аз сулолаи дарёям; Дар остони Табрез [Матн]: Шеър / Озарахш // Хуҷанд.–1997.–№6.–С.42.
- Озарахш. Субҳатон хуш бод [Матн]: Силсилаи шеърҳо /Озарахш //Хуҷанд.–2003.–№4.–С.2.
- Озарахш. Суруди истиқлол [Матн]: Шеър /Озарахш //Хуҷанд.–2003.– №9. – С.3.
- Озарахш.Ғазали наврӯзӣ [Матн] /Озарахш //Хуҷанд.–2004.– №3.–С.26.
- Озарахш. Навои нақд бизан [Матн]: Шеър /Озарахш //Хуҷанд.–2005.–№12.–С.22.
- Озарахш. Паси ойина айём[Матн]: Шеър /Озарахш // Ноҳид.– 2009.–№1.–С.13.
- Озарахш. Дилбайтҳо [Матн]: Аз «Тилисми ҳайрат»-и Ҳазрати Бедил / Озарахш //Паёми Суғд.– 2010.–№1.– С.66.
- Озарахш.Сиву се рубоӣ [Матн] / Озарахш // Паёми Суғд.– 2010. – №4 – С.2.
- Озарахш. Чоршанбебозор; Ашки модар; Хоби таърихӣ; Айвони баланд; [Матн]: Силсилаи шеърҳо / Озарахш //Паёми Суғд.– 2013.–№3.–С.12.
- Озарахш. Қуллаи авҷ [Матн]: Силсилаи шеърҳо / Озарахш // Паёми Суғд.– 2013.–№3.–С. 46.
- Озарахш,Т. Борони мелодӣ; Боғ; Хоби таърихӣ [Матн]: Силсилаи шеърҳо / Т. Озарахш // Паёми Суғд.– 2013.–№8.–С.
- Озарахш. Нуқтаи авҷ [Матн]: Шеърҳо/ Озарахш // Садои Шарқ.–2015.–№10.– С.3.
- Озарахш. Аз байт то Шоир [Матн] / Озарахш // Паёми Суғд.–2016 – №1 – С.68.
- Озарахш. Кишвари хуршедҳо [Матн]:Шеър / Озарахш //Паёми Суғд.–2016.–№9.–С.3.
- Озарахш,Т. Муҳаббатгоҳи навобахш [Матн] /Т.Озарахш //Паёми Суғд.–2016.–№11.– С.63.
- Озарахш,Т. Аз ном, аз номи гулат… [Матн]:Шеърҳо /Т.Озарахш // Паёми Суғд.–2018.–№5 – С.3.
- Озарахш Дареғнома [Матн]:Шеър / Озарахш // Паёми Суғд.–2018.–№6.–С.109.
АШЪОРИ УСТОД ОЗАРАХШ ДАР РӮЗНОМАҲО:
- Озарахш. Бигӯ, ки боз биёяд; Панҷоҳ; Кушоиш аз савоб [Матн]:Шеърҳо /Озарахш // Тирози ҷаҳон.–1996.–20 феврал.
- Озарахш. Чашмаи пардӯш [Матн]:Драмаи мусиқӣ иборат аз чор намоиш ва ду парда /Озарахш // Нилуфар.–2003.–24 апрел.
- Озарахш. Ширбоғ [Матн]:Шеърҳо / Озарахш // Тоҷикони дунё.–2003.–4сентябр.
- Озарахш. Пайраҳабоғ [Матн]:Шеър / Озарахш // Нилуфар.–2004.–№39-40.
- Озарахш. Пайраҳабоғ [Матн]:Шеър / Озарахш // Тирози ҷаҳон.–2004.–3 ноябр.
- Озарахш. Дар Самарқанд; Ба вазни замон; Шӯхи ва шӯхӣ [Матн]:Шеър / Озарахш //Адабиёт ва санъат.–2006.–9 ноябр.
- Озарахш. Ситорарез [Матн]: Рубоӣ / Озарахш // Вароруд.–2006.–21 март.
- Озарахш. Роҳи раҳмат [Матн]: Аз қасидаи кушоиши нақби Анзоб / Озарахш // Нилуфар.–2006.–12апрел.
- Озарахш. Роҳи раҳмат [Матн]: Аз қасидаи кушоиши нақби Анзоб / Озарахш // Ҷумҳурият.–2006.–27 июл.
- Озарахш.Ҷаннатнишонӣ, Исфара [Матн]: Дар бораи шаҳри Исфара / Озарахш // Адабиёт ва санъат.–2006.–19 октябр.
- Озарахш. Дилбайтҳои Байтуллоҳ [Матн] / Озарахш // Адабиёт ва санъат.–2007.–17сентябр.
- Озарахш. Навбати Наврӯз [Матн]:Шеър / Озарахш // Ҷумҳурият.–2008.–19 март.
- Озарахш. Сураи суруд [Матн]:Ғазалҳо / Озарахш // Адабиёт ва санъат.–2008.–27ноябр.
- Озарахш. Шабе пеш аз Наврӯз [Матн]:Шеър / Озарахш // Ҷумҳурият.–2010.–20 март.
- Озарахш. Тасвира; Шаби пеш аз Наврӯз [Матн]:Шеър / Озарахш //Адабиёт ва санъат.–2010.–1 июл.
- Озарахш. Нома ба ҳамватанон [Матн]:Шеър / Озарахш // Ҳақиқат Суғд.–2010.–20 ноябр.
- Озарахш,Т. Зодгоҳи шеъри ҷаҳонгир [Матн]: Баъди мулоқот дар Зарафшон / Т.Озарахш // Ҳақиқати Суғд.–2011.–5июл.
- Озарахш. Мелоди орзу [Матн]:Шеър эҳдо ба Нависандаи халқии Тоҷикистон К.Мирзо / Озарахш // Ҷумҳурият.–2012.–30июн.
- Озарахш. Парчамбардор; Сарнавишт [Матн]:Шеър ҳо / Озарахш // Адабиёт ва санъат.–2012.–23 август.
- Озарахш. Достони Шаҳристон [Матн]:Шеърҳо / Озарахш // Адабиёт ва санъат.–2012.–15 ноябр.
- Озарахш, Т. Навбаҳори Шероз [Матн] / Озарахш // Адабиёт ва санъат.–2013.–11июл.
- Озарахш. Як бағал ғазал [Матн]: Ғазал / Озарахш // Адабиёт ва санъат.–2014.–13март.
- Озарахш. Зиёда бод ёди ту…[Матн]:Гулчини шеърҳо / Озарахш // Адабиёт ва санъат.–2015–30 апрел.
- Озарахш. Кишвари хуршедҳо [Матн]:Шеър / Озарахш // Адабиёт ва санъат.–2016.–25август.
- Аз «Андешаҳо»-и Озаразш [Матн] / Озарахш // Ҳақиқати Суғд.–2017.–4март.
- Озарахш. Ширинасали ман [Матн]:Шеър / Озарахш // Адабиёт ва санъат.–2017.–8 март.
- Озарахш. Милоди дубора [Матн]:Шеър / Озарахш // Адабиёт ва санъат.–2017.–1 июн.
- Озарахш. Милоди дубора [Матн]:Шеър / Озарахш // Ҳақиқати Суғд.–2017.–13июн.
- Озарахш. Пешвои наврӯз [Матн]:Шеър / Озарахш // Ҷумҳурият.–2018.–28 март.
- Озарахш. Таронаашк [Матн]: Ба устод Б.Собир / Озарахш //Адабиёт ва санъат.–2018.–3май.– С.15.
- Озарахш.Ҷавонӣ [Матн]:Шеър / Озарахш // Ҷавонони Тоҷикистон.– 2018.– 23май.
- Озарахш. Аз Пешвои миллат [Матн]:Таронаи ваҳдат / Озарахш // Ҷумҳурият.–2018.–25.июн.
МАҚОЛА ВА МУСОҲИБАҲО:
- Озарахш. Наврӯзи пайвандӣ [Матн]: Дар бораи оҳангсози шинохта Ш.Сайфиддинов / Озарахш // Адабиёт ва санъат.–2008.–19 март.
- Озарахш,Т. Муҳаббат ва садоқат [Матн]:Мусоҳиба бо адиб Усмон Олим / Тансифи Толиб Карими Озарахш // Адабиёт ва санъат.–2011.–9 июн.
- Озарахш,Т. Оши наҳор аз мост ё бегона? [Матн] / Т.Озарахш //Ҳақиқати Суғд.–2016.–15 октябр.
- Дастовардҳои адабиёт дар ин сол бештару комилтар шудаанд [Матн] / А.Набавӣ, Т.Озарахш, А.Раҳмониён // Адабиёт ва санъат.–2018.–4 январ.
ДАР БОРАИ ЭҶОДИЁТИ УСТОД ОЗАРАХШ:
- Каёнӣ, С. Дурахши шеъри Озарахш [Матн] / С.Каёнӣ // Тоҷикони дунё.–2003.– 4 сентябр.
- Нурзод, Н., Мирсаидов, Б. Ифтихоре аз «Ифтихор» [Матн]: Пешниҳоди филми «Ифтихор»-и Толиб Карими Озарахш ба Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ / Н.Нурзод, Б.Мирсаидов // Тоҷикони дунё.–2004.–24 август.
- Хол, Ӯ. Ифтихор [Матн]:Пешниҳоди филми «Ифтихор»-и Толиб Карими Озарахш ба Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ / Ӯ.Хол // Тирози ҷаҳон.–2004.–1 сентябр.
- Ҷалил, А. Толиби шеъру суруд [Матн]: Дар бораи эҷодиёти шоир Т.К.Озарахш / Т.Ҷалил // Паёми Душанбе.–2005.–27 май.
- Қосим, Н. «Ӯро, ки бизодааст модар шоир…» [Матн]: Дар бораи эҷодиёти шоир Т.К.Озарахш / Н.Қосим // Адабиёт ва санъат.–2006.–23 ноябр.
- Ҳакимова, С. Мисрае дар варақи сабзи хаёл [Матн]: Дар бораи эҷодиёти шоир Т.К.Озарахш /С.Ҳакимова // Адабиёт ва санъат.–14 июл.
- Амаков, С., Ҳаитов, И. Як шоми Озарахш [Матн] / С.Амаков, И.Ҳаитов // Фараж.–2013.–29май
- Зарафшонӣ, Ф. Сабз аст нахли навбари андешаҳои ман [Матн]: Дар бораи китоби «Ҷӯйбори сари хирман»-и Т.К.Озарахш / Ф.Зарафшонӣ // Адабиёт ва санъат.–2013.–15август.
- Ҳакимова, С. Мисрае дар варақи сабзи хаёл [Матн]: Дар бораи эҷодиёти шоир Т.К. Озарахш / С.Ҳакимова // Паёми Суғд.–2013.–№8.–С.36-106.
- Барот, У. Аз лофҳои ломгӯён ғам махӯр [Матн]: Дар бораи эҷодиёти Т.К.Озарахш /У.Барот // Ҳақиқати Суғд.–2013.–10 октябр.
- Идизод, И. Озарахш Бозору Гулрухсору Гулназар нест [Матн] / И.Идизод // Тоҷикистон.–2016.–23 март.
- Наимӣ, М. Сифатҳои мураккаби тобеъ дар ашъори Озарахш [Матн] /М.Наимӣ // Паёми Суғд.–2016.–№2.–С.62.
- Ғаффорова, М. Арзишҳои ҳунарии «Девони ишқ»-и Озарахш [Матн] /М.Ғаффорова //Ҳақиқати Суғд.–2017.–30 май.
- Асрорӣ, М. Зоди сафар баранд зи рози ту дилбарон [Матн]:Дар бораи китоби «Девони ишқ»-и Озарахш /М.Асрорӣ //Адабиёт ва санъат.–2017.–15июн.
- Хуҷандӣ, А. Вижагии ашъори Озарахш [Матн] /А,Хуҷандӣ // Паёми Суғд.–2017.–№5.–С.69-83.
- Ғаффорова, М. Вижагиҳои ҳунари шоирии Озарахш [Матн] /М.Ғаффорова // Паёми Суғд.–2017.–№8.–С.96-103.
НОМУ ОСОРИ УСТОД ОЗАРАХШ ДАР МАНОБЕИ ИНТЕРНЕТӢ:
- tg.wikipedia.org/wiki/Озарахш_(шоир)
- Джонибек Муродов спел о гибели мальчика Айлана из Сирии.Манбаъ: ru.sputnik-tj.com/tags/person_Ozarakhsh
- Даниярова Насиба. Шамъро гуфтам, ки як шаб сӯз бо ман, гиря кард [Матн]/ Насиба Даниярова. Манбаъ: www.kmt.tj/shamro-guftam-ki-yak-shab-suz-bo-man-girya-kard
- Айюбзод Салим. Фарзона ва Озарахш [Матн]/Салими Айюбзод. Манбаъ: www.ozodi.org/a/606306.html
- Озарахш ва Анвар Олим барои хизматҳояшон дар рушди адабиёт бо Сипоснома қадршинисоӣ шуданд.Манбаъ:sugd.tj/index.php/tj/navidi-sugd/8179-siposnoma
- Очередным лауреатом премии «Сухан» стал поэт Озарахш. news.tj/.../ocherednym-laureatom-premii-sukhan-stal-poet-ozarakhs
- Озарахш (1963) [Матн]: тарҷумаи шеърҳои Озарахш ба забони ӯзбекӣ: Тарҷумон Одил Икром.Манбаъ: http://ziyouz.uz/jahon-sheriyati/tojik-sheriyati/ozaraxsh-1963
- Як шоми Озарахш [Матн]: .Манбаъ: www.faraj.tj/index.php/tj/mintaqa/2335-yak-shomi-ozarahsh.html
- Наврӯз зодрӯзи ҳумоюни тоҷикон [Матн]: Навиди фарҳангӣ. Манбаъ:www.navisandagan.tj/tj/index.php/hamoishi-baynalmilali/akhbor/118-navr-z-zodr-zi-umoyuni-to-ikon
- Озарахш. Шеър дар бораи Афғонистон. Манбаъ: v-s.mobi/устод-озарахш-дар-кобул-شاعر-آذرخش-در-افغانستان-03:21
- Озарахш: Я сочиняю грубоватые стихи, а Фарзона нежные. Манбаъ: sugdnews.tj/.../ozarakhsh-ya-sochinyayu-grubovatye-stikhi-a-farzo...
- Муҳаммадӣ, Фарзон. Озарахш: Вақте дар Сурияву Украина ҷанг аст... [Видео] / Фарзон Муҳаммадӣ. Манбаъ: www.ozodi.org/a/28134707.html
- Озарахш: "Наврӯз ҷаҳонӣ буд, ҷаҳонро наврӯзӣ бояд кард!" [Видео]/ Манбаъ: ru-clip.net/.../озарахш-наврӯз-ҷаҳонӣ-буд-ҷаҳонро-наврӯзӣ...
- Озарахш. Верлибр. Перевод с таджикского Абдукаюм Мамаджанов. <<Жена нашего соседа>>. Манбаъ: www.stihi.ru/2014/07/07/4861
- Баргузории маҳфили “Баҳористони сухан” бо ҳузури Фарзона ва Озарахш. Манбаъ: sugd.tj/index.php/tj/navidi-sugd/8121-ganji-suhan
- Барандагони ҷоизаи адабии Мирзо Турсунзода эълом шуданд. Манбаъ: sputnik-tj.com/culture/20170629/1022708030.html
Таҳияи китобшиносони шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ